Принт

Духтарам аз пушти маршировка хориҷ шуд

Салом, СССР! Мани модар мехоҳам бифаҳмам, ки оё раҳбарияти донишгоҳҳо донишҷӯро бо ҷурми он ки дар маршировка ширкат накардааст, ҳақ доранд, ки комилан аз донишгоҳ хориҷ кунанд? Духтари ман аз хурдӣ орзуи табиб шуданро дошт ва соли 2015 пас аз хатми мактаби миёна бо дониши худаш ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуд. Ҳоло аз Донишгоҳ ба духтарам гуфтаанд, ки маршировка маҷбурист ва касе иштирок накунад, аз таҳсил хориҷ мекунанд. Ҳоло духтарам гиряву нола дорад, ки санҷишу имтиҳонаш сар шудааст. Ростӣ, ман ҳам ҳайрон, ки чӣ кор кунам? Наход, маршировка аз хондану соҳиби диплом шудан зарур бошад-а?! Илтимос, ба ин саволи ман дар газета оҷилан ҷавоб нависед.

Узви Ихвон-ал-СССР,

ш.Турсунзода, тел: 917 09 39 72, 93 949 49 28

Аз СССР: Албатта маршировка хубтар аз дониш аст: фардо аз духтари Шумо, ки ҷарроҳ шуд намепурсанд, кӯррӯдаро чигуна бояд буррид. Вале ҳатман мепурсанд, ки левой-левой, правой-правой дар маршировка чӣ аҳамияти муҳими стротегӣ дорад. Бовар накунед, агар аз хирургҳои ватанӣ пурсед. Мо Метавонем!

 

Матлабҳои дигар