
Эй Сарвари турмаи калони Кӯлоб,
Эй, ҷони Ту пайванд ба ҷони Кӯлоб!
100 арз шунидаӣ зи садҳо дили реш,
1 арзи дигар шунав Ту аз Хайрандеш.
Дар турмаи Ту боҷаи ман меҳмон аст,
Меҳмон атои Ҳазрати Яздон аст!
Майлаш, арақу нуқлу кабобаш надиҳед,
Дорам фақат илтимос, азобаш надиҳед.
Дар афв агар фитад, бувад бахти баланд,
Мо аз Туву аз 1000 пуштат хурсанд!!!
Хайрандеш,
шоир