
Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Дирӯз бо коре ба шаҳри Турсунзода раҳсипор гаштам ва дар истгоҳи «Зарнисор», ки воситаҳои нақлиёт ба Ҳисору Шаҳринав ва Турсунзода маҳз аз ҳамин ҷо мераванд, ба автобуси ширкати «Азия Экспресс», ки дар интизори мусофирон буд, нишастам. Автобус хеле ба роҳат, салқин, мусофирон ҳама дар ҷои худ ва муҳим аз ҳама, нархи роҳкиро назар ба мошинҳои сабукрав арзон: 6 сомонӣ! Автобус дар муддати 33 дақиқа ба шаҳри Турсунзода расида, ронанда ҳангоми ворид шудан ба ин шаҳр аз тамоми мусофирон барои интихоби автобусҳои ширкати «Азия Экспресс» ташаккур намуд. Муносибати кондуктори ин автобус низ хеле боадабона буда, ӯ саъй мекард бо ҳар 1 мусофир-чӣ хурду чӣ калон эҳтиромона ҳарф занад ва муносибат намояд. Ростӣ, аз ин сафар хушам омад ва хостам ба ронандаи ин автобус, ки рақами давлатияш 118 ХС 01 аст, барои чунин рафтор ташаккур гӯям. Мо Метавонем!
Ҳусноро Шарифова,
шаҳри Душанбе, тел: 908 11 01 51