Вале аз устод Н.Қосим хоҳишмандам, ба муқарризон таъкид созад, ки ноадолатона тақриз нанависанд. Вагарна ман маҷбур ҳастам, ки мунаққиди тақризнависон шавам. Масалан, тақризнавис аз 2 китоби устод Усмони Сабз (Адабиёт ва санъат. 14.07.2016,) беш аз 500 шеъри пурмазмуни шоирро нодида гирифта, 5-6 шеъри аз вазну қофия харобро мисол овардааст, ки ин айбу нуқси муҳаррирон аст, на аз шоир. Мунаққид аз танқиди шеър ба сиёҳ кардани шахсият гузашта, шахсияти шоирро паст задааст. Ҳол он ки хизматҳои У.Сабзро халқ шоҳид асту мухлисонаш беҳисоб.
Тақриз навистаӣ ба шеъри Усмон,
Танқид намудаӣ варо аз дилу ҷон.
Тақризи навиштаат зи дилсӯзӣ нест,
Андар дили ту кинаву бухл аст ниҳон.
Мо ин баҳсро давом хоҳем дод! Мо Метавонем!!! Аз устод С.Мизроб хоҳишмандам, ки агар 1-2 саҳифаи СССРро зери рубрикаи «Баҳси шоирон» қарор диҳад, ба манфиат хоҳад буд.
Шоҳзамони Саидзод,
шоири Худодод, н.Фархор
