
Дуруд, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман ба вазири маориф ва илми ҶТ, мӯҳтарам Нуриддин Саид 1 пешниҳоди дӯстона дорам. Дар макотиби миёнаи ҷумҳурӣ махсус соатҳои дарсӣ ҳафтае 2 соат барои муаллимони ҷавон таъсис дода шавад. Аз тарафи муаллимони кӯҳансол ва таҷрибаи зиёди муаллимӣ дошта ба омӯзгорони ҷавон дарс бигӯянд. Мударрисони ҷавон бояд ҳар ҳафта аз устодон нозукиҳои корро пурра аз худ омӯзанд. Агар рӯирост гап занем аксари муаллимони ҷавон савод ва таҷрибаи комили муаллимӣ надоранд. Лек чӣ илоҷ? Инҳоро бояд тарбият кард, зеро ояндаи фарзандони мо дар дасти инҳост! Муаллимони кӯҳнакор бо мурури вақт мактабро тарк мекунанд ва таҷрибаи куҳани омӯзгории худро бояд ба муаллимони ҷавон бидиҳанд!!!
Асадуллои Бохтарӣ,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Бохтар, тел: 98 703 57 73