Принт

Иди 20-копеека...

Ракурси миллӣ-5

Ҳама чиро метавон аз мардум кашиду маҳв кард, илло хотира, носталжиро... Носталжи, ё худ хумори рӯзгори гузашта, аз вежагиҳои ракурси миллии мост. Ин хумор шояд андаке тормози ҷамъияти мо низ буда бошад, аммо чӣ ширин аст!!! Ҳафтае, ки гузашт, дар тӯли 70 сол бузургтарин ҷашнвора барои аҳолии собиқ абарқудрати шӯравиро дар таркибаш ниҳон медошт, ки ҳамакнун кам касе аз он ёд кард...

...Ин рӯзро нек дар хотир дорам. Аксарияти кулл, баччаҳои даврони шӯравӣ, мисли ман онро бесаброна интизор будем. Шаб хоб билкулл моро тарк мегуфт. Зеро пагоҳ аз модар куртаву шалвори нави рахаш ношикастаро гирифта мепӯшидем ва ана баъд... падарон ба мо 20 копеек-тин медоданд. Албатта дар дигар рӯзҳо низ кам-кам тин мегирифтем, вале усулан 3, 5 ва аксаран 10-тина. Ин кофӣ буд, ки пирожкии картофелдор ва 1 стакан "Оби 3-тина" хӯрӣ. "Бойбачаҳо" коржик мехӯрданд бо нималод, яъне лимонад. Вале маҳз дар ин рӯз мо соҳиби 20 тин мешудем!!!

Ману Аливу Давлату Ҷӯрахону Комилу Қурбону Ҳайдук-дӯстони «смерт» ин тинҳоро ҷамъ мекардему соҳиби маблағи ҳангуфти 1 рублу 40 копеек мешудем ва шаҳр аз мо буд! Ээээ, бизан, бихур, бугард ака! Пирожки? Марҳамат! Самбуса-ҳатман! Шашлик-конечно!!! Ҳатто боре ёд дорам, ки 1 шиша Бомба харидем: ин тахаллуси зебои Портвейни советӣ буд...

Олами кӯдакии моро ин рӯз зеботар мекард. Болои мошин мебаромадем ва транспоранту плакату байрақҳо дар даст, алвонҷ дода, дар Майдони Сурх, ба падари худ менигаристем: Ҳар кас ба отаи худаш!

Отаи ман аҷаб марди болобаланди бурутии чорпаҳлӯ буд! Аз миёни 1000 кас менамуд. Шофи бурутҳояш ӯро ба Будённый (Семён Михайлович 1883-1973, 3 карат қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, Маршали СССР) монанд мекард. Мӯйлабҳои баланду сиёҳу зебояш аз 2 бари рӯ баромадаву аз рухсораҳои гулгунаш тавассути гӯшҳояш нурпошӣ мекард (ба чашми ман албатта!). Ордену медалҳои қатораш, ки кителашро оро медод, барои ман ганҷе буд беҳтар аз хазинаи Қорун: Дар шӯравӣ меҳнат қадр дошт. Роҳсоз, мӯзадуз, пахтачин, муаллим, инженер ҳатман бо медал қадрдонӣ мешуд. Медалҳои қаҳрамонҳои меҳнату ҷанг таҳрикдиҳандаи мо-кӯдакон ба ватансозӣ буданд. Падари ман роҳсоз буд. Дар маҳаллаи роҳсозон ба сар мебурдем. Дар шӯравӣ косибон кӯчаву гузарҳои алоҳида доштанд. 

Мӯзаҳои хироми падарам (хромовые сапоги-аз чарми сифаташ олӣ, барои афсарони Армияи советӣ буду ёфтанаш мушкилу пӯшиданаш ифтихор: ман борҳо барои бо ин мӯзаҳо лижатозӣ кардан, гӯшмол хӯрдаам!!!), ки бар замин вар мехӯрд, аз наълҳо оташ мекушод ва ман аз ин садои хирому ҷилои ин медалҳо, ин буруту ин китфу бозу чунон фараҳ мебардоштам, чунон хурсанд мешудам, чунон болида мегардидам, ки овозам ҷарангостару баландтар аз дигарон садо медод:

-Зинда бод бародарӣ!

-Зинда бод одамгарӣ!!

-Зинда бод баробарии одамон!!! 

Урааааааааааа рафиқон.... Ураааааааа!!!!

Он замон дастгоҳи идеологӣ тавре мечархид, ки мисли имрӯза аз шунуфти идайн маршировкақимоб намегаштӣ. Баракс, шаб хобамон гум буду хӯрамон ҳаром, ки кай «Праздник» мешавад. Хурду бузург дар сар ҳавои ин ид дошт. Охирон пайсаро волидайн барои пӯшокаи мо харҷ мекарданду аз рахи кӯрпаҳои талзада, копеек мебароварданд. Ба бонкҳо эътимод набуд? Ещё как буд! Падари ман СССР барҳам хӯрду аммо ба «Сбербонк» эътиқод дошт, ӯ 1 тинашро то охирин лаҳзаи умр нагузошт аз дафтарчаи пасандозаш гирем. Мегуфт, давлат барҳам рехта бошад ҳам, Амонатбонк фиреб намекунад! Зеро дар тӯли 68 соли умр боре нашуда буд, ки падари ман дари бонке рафта бошаду ба ӯ гуфта бошанд, ки «кечирасиз, извините, сори, мебахшед...пул нест!». Рахи хоби тали кӯрпаҳо барои «карманные расходы» буд. Ҳама медонистем, ки дар кадом рах пулро модарам «пинҳон» кардааст. Инро ҳатто бачаҳои ҳамсоя низ медонистанд, мисле ки мо медонистем, очаи онҳо дар куҷо пулашонро нигоҳ медорад. Аммо дуздӣ набуд! Зеро тарбият буд!!! Мо бовар доштем, ки Ин Рӯз моро сӯи коммунизми хаёлие мебарад, ки дар он ҷо шоҳу гадо баробар асту бою камбағал нест ва ҳама чиз ройгон аст, бепул аст, дастрас аст (Он чизе, ки муллоҳо имрӯз ба неомуҷоҳиддин ваъда мекунанду ба ҷанг мебаранд).

Stop! Мо имрӯз ба кӯдакони худ чӣ ваъда медиҳем? Мо ба камбағале медалу педал додаем, ки кӯдакаш шаб хоб нарафтаву субҳ, мисли ману 7 дӯсти ҳамсолам, шаб нахуфта, субҳ барвақт хеставу куртаву шими нав ба бар карда, 20 тин бар киса задаву хушу хурсанд, аз баландии мошини парад ба синаи фаррохи пур аз медали отааш нигариста, ба дил гӯяд:

-Э Худо, кай калон мешавам, ки мисли падар ба ватан хизмат кунам?...

Шояд дар он даврон бисёр чизе намерасид, ки имрӯз ҳасту дорем. Аммо дар СССР 1 чизи аз ҳама муҳим мо доштем: Бовар ба фардо! Ана ҳамин бовар буд, ки мардум мариз набуд, намемурд, дилзанаку тарбодро намедонист ва бемористонҳо холӣ буданд...

Ҳамаро бо ИН рӯзи саиди ид табрик мекунам! 7 ноябр бо ҳама бадбахтиҳош барои мо РАСС, сипас РСС ва алъон Ҷумҳурии Тоҷикистонро зодааст! Революцияи кабири ленинӣ, барои мо, хоҳем-нахоҳем, таърих аст. Зимнан, 7 ноябр, бигзор дар хотира, носталжи ва ёдҳоямон муборакатон бод, азизонам!

 

Матлабҳои дигар