ХАБАРИ ДОҒ

Дар 6 соли ахир 53 ҳазор муаллим аз мактаб рафтааст

  • Чоршанбе, Май 18 2022

 

Дар 6 соли тақвимӣ (2016-2022) ҳудуди 53 000 омӯзгор (52.988 нафар) бо сабабҳои гуногун тарки вазифа намуданд!!! Дар дигар кишварҳо, бо шунидани ин омор, Ҳукумат ба реформаи оҷил шуруъ карда, мударрисинро бо имтиёзот-лготҳо, маоши баланд таъмин мекард…

 

Масъалаи рӯ ба муҳоҷират овардани муаллимони кишвар, аз имтиёзҳои давлатӣ бархӯрдор набудан ва тариқи «облава» ба хизмат ҷалб шудани омӯзгорони ҷавон ҳафтаҳои ахир хеле зиёд дар газетаи СССР матраҳ мешавад. Воқеан ҳам муаллим-омӯзгор имрӯз яке аз муҳимтарин қишри ҷомеа буда, дар тамоми барномаву чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ дар сафи пеш қарор дорад. Дар баробари таълиму тарбия додан ба фарзандони мо боз вазифаҳои дигари шаҳриву ноҳиявӣ бар дӯшаш аст-маршировка, навбатдорӣ, интихоботу раъйпурсӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, олимпиадаву озмунҳо ва шанбегиҳо. Ҳоло мо дар бораи журналдориву конспектнависӣ, ҷустуҷӯи адабиёти лозима, аёниятҳои фаннӣ, тафтишҳои зиёди кураторҳо чизе намегӯем, ки вақту заҳмат металабад.

 

 Дар 2 сол 14716 омӯзгор рафт…

Тавре ба мухбири мо дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, шумораи омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки дар соли таҳсили 2021-2022 ба ҳолати 01.04.2022 аз кор рафтанд, дар умум 14 ҳазору 716 нафарро ташкил менамояд.

Аз ин рақам 7327 нафар ба муҳоҷират, 2281 нафар ивази ҷойи зист, 294 нафар-гузаштан ба кори дигар, 37 нафар ба хизмати ҳарбӣ, 593 нафар бо сабаби беморӣ корро бас карданд, 1031 нафар ба нафақа баромаданд ва 3153 нафар бо сабабҳои номаълум тарки вазифа карданд.

Теъдоди бештар аз ҳама рӯ ба муҳоҷират овардани омӯзгорон ба вилояти Хатлон-2602 нафар ва вилояти Суғд-2303 нафар рост меояд. Аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар соли таҳсили 2021-2022 1935 нафар омӯзгорон ба муҳоҷират рафтаанд. Омори камтарин дар ВМКБ-126 нафар ва шаҳри Душанбе-361 нафар ба қайд гирифта шудааст.

 

52 988 муаллим тарки вазифа кард…

Агар омори 6 соли ахир-аз соли 2016 то соли 2022-ро бигирем, дар умум 68 227 омӯзгорон ба кор қабул гардида, дар ин муддат 52 988 бо сабабҳои гуногун тарки вазифа намуданд. Бештар аз ҳама дар ин 6 соли охир эҳтиёҷот ба муаллимони фаннҳои математика, геометрия, таърих ва ҳуқуқ, забони русӣ, забони англисӣ, химия, физика ва астрономия, биология ва география будааст.

 

Ҳукуматҳо бояд манзил ва ҷиҳози хона диҳанд…

Чи бояд кард, то муаллими тоҷик рӯ ба муҳоҷират наорад? Оё имкон нест, ки муаллимони ҷавон, хосса дар мактабҳои деҳот аз хизмати артиш озод карда шаванд? Чаро муаллимон дар баробари кормандони мақомоти қудратӣ аз имтиёзҳои 50% пардохти маблағи барқу обу хизматҳои коммуналӣ озод нестанд? Бо ин суолҳо мо ба Саизода Раҳимҷон Ҳамро, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни қабули сайёри шаҳрвандон дар мактаби №1-и ба номи М.Турсунзодаи шаҳри Ҳисор муроҷиат намудем.  

Тавре Саидзода Раҳимҷон Ҳамро дар суҳбати ихтисосӣ бо мухбири мо гуфт, таъминот бо манзил-қитъаи замини наздиҳавлигӣ ё хона тибқи моддаи 53-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ки имтиёзҳо барои муаллимон дар ин модда пешбинӣ гардидаанд, ба зиммаи мақомотҳои иҷроияи ҳокимиятҳои маҳаллӣ вогузор шудааст:

   - Тибқи ин ва боз чанде аз қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомотҳои маҳаллӣ вазифадоранд, ки омӯзгорони ҷавонро дар сурати муроҷиат бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар мадди аввал таъмин намоянд. Дар баъзе ҳолатҳо ҳатто қонунгузорӣ вазифадор кардааст, ки на танҳо бо манзили зист таъмин намоянд, балки асбобу лавозимоти рӯзгори муаллими ҷавонро низ фароҳам биёранд. То кадом андоза ин қонунҳо иҷро мешаванд ин алакай мавзуи дигар аст ва сари ин масъала низ мо корро ҷиддӣ сар кардаем.

 

Имтиёзҳоро бармегардонем, вале…

Вобаста ба суоли мо дар бораи имтиёзҳои омӯзгорон, Саидзода Раҳимҷон Ҳамро иброз дошт, ки сар аз рӯзи аввали ба ин вазифа таъин шуданаш, дар бораи баргардонидани имтиёзҳо барои муаллимон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро кафолат медиҳад, кор карда истодааст:

    - Аз рӯи қонунгузории кишвар муаллим аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдор аст, аз ҷумла метавонад аз қарзҳои имтиёзноки бефоиз ба воситаи БДА ҶТ «Амонатбонк» истифода барад ва он ҳам дар 3 соли аввали корӣ дода мешавад. Дигар ин, ки дар якҷоягӣ бо муовинон аз рӯзи аввали корӣ дар бораи механизми баргардонидани имтиёзҳо, масалан сабукӣ ҳангоми пардохти пули истифодаи баъзе аз хизматҳои коммуналӣ, аз ҷумла қувваи барқ андешаронӣ дорем ва ҳатман вақте ин мавзӯ ҳаматарафа омӯхта шуд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ҳам хоҳем кард. На танҳо ин, балки бобати дигар имтиёзҳо низ фикр дорем, то ин ки рузгори муаллими тоҷикро сабуктар гардонем. Мо дар фикри ин ҳастем.

 

…муаллим аз хизмат озод нест!

Тавре Саидзода Раҳимҷон Ҳамро, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид дошт, ягон қонунгузорӣ ё санади давлатӣ муаллимро аз хизмати ҳарбӣ озод намекунад:

   - Хизмат ба Ватан ин қарзи шаҳрвандӣ ва фарзандии ҳар 1 марди тоҷик аст. Ман шахсан худам хизмат кардаам. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ягон санад ё модда гуфта нашудааст, ки муаллим бояд аз хизмат озод бошад. Баръакс ман ҳар рӯз мешунавам, ки ин ё он омӯзгор бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафта истодааст, ин хуб аст, зеро армия ин мактаби мардонагист. Вале бо назардошти арзу пешниҳодҳо, баррасии вазъи кунунӣ мо ҳам тасмим гирифтем, ки сари ин масъала кор кунем, 1 механизми махсусеро кор карда бароем, ки аз норасоии омӯзгор мактаб зарар набинад ва ҳам дар баробари ин ҷавонмардони мо аз хизмати ҳарбӣ нагурезанд. Шумо медонед ин қолабу системаи солҳои тӯлонӣ идома ёфтаро ба осонӣ шикастан мушкил аст, мо ҳоло тамоми паҳлӯҳои ин масъаларо омӯхта истодаем ва ҳатман бояд дар ин самт дар якҷоягӣ бо вазорату кумитаҳои марбута ба 1 хулоса омада, навоварӣ кунем!

 

Шароит фароҳам месозем…

Чи бояд кард то ин ки муаллими тоҷик рӯ ба муҳоҷират наорад? Тавре Саидзода Раҳимҷон Ҳамро, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, барои ин пеш аз ҳама бояд шароити корӣ ва зисту зиндагонии муаллимро хуб кард:

   - Шумо огоҳ ҳастед, ки ман аз рӯзи нахустини корӣ ҳафтае 1-2 рӯз ҳатман вақт ёфта, ба ин ё он минтақа сафар мекунам, беогоҳӣ аз мактабҳо дидан карда, бо шароити воқеӣ ошно мешавам. Аз вазъи зиндагонии омӯзгорон мепурсам, шароити кориро мебинам, худам бо нони муаллимӣ ба воя расидаам, ба қадри омӯзгор мерасам. Чӣ бояд кард то муаллими тоҷик рӯ ба муҳоҷират наорад? Албатта шароити лозима бояд фароҳам овард, яъне он чизҳое, ки мо болотар бо шумо гуфтему зикр кардем. Дили муаллимро ба кор гарм кардан лозим, роҳҳои дигари ҳавасмандкуниро бояд ёбем. Проблемаҳо хеле зиёданд, ҷиддӣ кор кардан даркор, метавонем ё не вақт нишон хоҳад дод…

 

Ҷамила Ҳусейнова, журналист,

А.Собир-суратгир,

СССР,07.05.2022. Душанбе-Ҳисор-Душанбе

 

Дар ҳамин маврид:

Набояд барои фейк ё блогере муаллимро ронд!!!

1 нуктаро бояд зикр кард, ки пас аз нашри чанд навори блогерони имрӯзаи тоҷик аз мактабу дарсҳои муаллимон, алалхусус ҳақорат кардану 1-2 шаппотӣ задани талабаҳои беодоб, муаллимонро аз кор хориҷ кардаанд. Ҳол он, ки аксарияти ин наворҳо ҳангомае беш набуданд. Зимнан, аз вазири нави маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва командаи нави ӯ дар вазорату раёсатҳои вилоятӣ дархост дорем, ки ба ин гуна ҳангомаҳои блогерон дода нашаванд ва обрӯю нуфузи муаллими имрӯзи тоҷикро дар чунин ҳолатҳо ҳифз кунанд! Зеро блогер журналист нест!!! Танҳо матлаби расонаҳои расман дар феҳристи давлатӣ қайдшударо пайгирӣ кунед, на сафсаттаи 2-3 фейку блогереро, ки аслан ҷое қайд нашудаанд. Мо метавонем!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter