
Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР!
Ба 400 мерасад акнун шуморат,
Зи даргоҳи Худо хоҳам бароорат!
Туро ҳар сафҳаат бо меҳр хонам,
Ҷасорат тавъаме бо нангу орат!
Шиори ту бувад «Мо Метавонем!»,
Гулафшонтар бубинам ин баҳорат!
Туро 50-сола мард раҳбар,
Баланд кард аз фалак ҳам эътиборат!
СССР минбари розу ниёзам,
Ба ҳар ҷо пиру барно дӯстдорат!
Чу меҳмони азизи худ бидонам,
Туро ҳар ҳафтае ман интизорат!
Даврони Айниддин,
шоир, н.Восеъ, тел: 907 01 63 56