ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 30 Декабр 2020 12:27

Президенти Беларус Александр Лукашенко тақвияти ҳамгироӣ дар қаламрави собиқ СССР-ро зарурати иҷтинобнопазир хонд.                                                                                                       

Лукашенко гуфт: “Тақвияти созу корҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ, масъалаи интихоб нест, балки зарурати иҷтинобнопазир аст. Ман бар ин боварам, ки танҳо дар сурати истифодаи комил аз имконоти кишварҳои муштаракулманофеъ, мешавад дар бораи фоидаи ин Иттиҳод сӯҳбат кард”.                                                                                                                 

Лукашенко инчунин қайд кард, ки Беларус дар замони раёсати худ дар ИДМ, қасд дорад “таммаркузи худро бар тақвияти нақши кишварҳои Иттиҳод барои беҳбуди сатҳи зиндагии мардум” ва “ҳалли мушкилоти ноши аз ҷаҳонисозӣ” равона кунад.                                                                                                       

 Президенти Беларус вазъияти ҷорӣ дар ИДМ-ро ба сӯхтор ташбеҳ кард ва пешниҳод намуд, вохӯрии навбатии сарони кишварҳои ИДМ-ро дар солгарди 30-солагии парокандашавии СССР дар ҷангали Беловежск баргузор намоянд.

 

Чоршанбе, 30 Декабр 2020 12:20

 

 Муҳаммад Шарифзода, хонандаи доимии газетаи мардумии СССР аз н.Ҳамадонӣ занг зада,  аз ҷашни пуршукуҳи 70-солагии ноҳия хабар дод.

   - Санаи 19.12.2020 дар МТМУ №14 шаҳрак ҷашни 70 солагии н.Ҳамадонӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур собиқ раиси ноҳия Вализода Абдуқодир Юсуф низ иштирок намуд. Ногуфта намонад, ки н.Ҳамадонӣ яке аз ноҳияҳои дорои таърихи ғанӣ ва фарҳангӣ воло дар кишвар ба ҳисоб рафта, сол аз сол рушду пешрафт мекунад.

 

Чоршанбе, 30 Декабр 2020 12:16

 

Ҷамшед Ҷаҳонгирзода, мухлис ва хонандаи ҳафтаномаи СССР аз н.Ҳамадонӣ занг зада (тел: 201-01-02-03) гуфт, ки вақтҳои охир банкоматҳо бе пул мондаанд. 

   - Ҳафтаи сипарӣ шуда соатҳои 23-30-и шаб ҳамроҳи якчанд меҳмон барои гирифтани маблағ ба назди банкомати “Амонатбонк” ва “Эсхата” дар ш.Кӯлоб рафтем. Мутаассифона, банкоматҳое, ки дар ҳудуди шаҳр ҷойгиранд, пул надоштанд. Тасмим гирифтем, ки барои гирифтани маблағ ба н.Восеъ равем. Мошинеро кироя карда, ба роҳ баромадем. Дар банкоматҳои ин ноҳия низ пул набуд. Гуфтаниам, ки ин ҳолат бисёр нигаронкунанда мебошад ва ё агар ягон шаҳрванди хориҷӣ ба чунин ҳолат ру ба ру шавад чӣ? Ё Худое накунад, ки дар нисфи шаб пул лозим шавад ва мо бо умеди терминалҳо “подвадит” мешавем.

 

Чоршанбе, 30 Декабр 2020 12:09

   Бо даъвати садорати факултети журналистикаи ДМТ Саъдӣ Маҳдӣ мо аҳли кормандони редаксияи СССР барои вохӯрӣ ба ДМТ раҳсипор гардидем. Ҳадаф аз даъвати мо сӯҳбат бо журналистони ояндаи кишвар, яъне донишҷӯёни факултети журналистика буд. Ҳангоми даромад ба шаҳраки донишҷӯён мо, ки ҳама дар мошини устод Сайёфи МИзроб нишаста будем, бо 1 мушкилии ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудем ва он, танбашавии аз ҳад беши нақлиёт дар назди ДМТ аст! 

    Посбонҳои даромадгоҳи асосии шаҳраки донишҷӯён маъруф ба номи “Ҷазира”  танҳо иҷозати дохил шудани мошинҳои кормандони худи муассисаи олиро медоданду мошинҳои дигар ҳаққи вуруд ба дохили шаҳраки донишҷӯёнро надоштанд. Ва мошини моро низ, ки тибқи маъмул барои посбонон бегона буд, дар оғоз гузаштан намонданд. Баъди оне, ки мо ба посбонҳо гуфтем, ки аз газетаи СССР барои вохурӣ бо донишҷӯён омадаем, онҳо рақамҳои автомобили моро ба қайд гирифтаву барои дохил шудан роҳнамоӣ карданд. Пештар аз мо мошине истода, барои ҳаракати дигар мошинҳо монеа эҷод мекард. Маълум буд, ки ин кадом як “нелегал”-и дигар асту мехоҳад дарояд, аммо намегузоранд. 

Таксӣ ва донишҷӯёни танбал 

   Баъди сӯҳбат ҳангоми бозгашт боз бо ҳамон тамбашавии нақлиёт, хосса таксиҳо дучор гаштем. Сабабгори тамбашавӣ таксиҳо буданд! Таксиҳои 5 сомонаву мошинҳои дигар ширкатҳои мусофиркаш ба монанди “33-33”, “70-00”, “16-16”, “11-11,” “888”. Анбӯҳи мошинҳои таксӣ аз он дарак медод, ки имрӯз донишҷӯёни мо танбалу серпул шудаанду 1 қадам бе таксӣ намегузоранд. Посбонҳо бошад ҳар рӯз бо ронандагон даст ба гиребонанд, ки дар ин ҷойҳо наистанд ва рафта мусофиронашонро дуртар аз даромадгоҳи шаҳраки донишҷӯён интизор бошанд. Дар ин бобат ронандае гуфт, ки мо танҳо хоҳиши муштариро иҷро мекунем ва ба хотири оне, ки дар охири соатҳои кориву дарсӣ, муштарӣ инҷо зиёд аст, мо дар ин даромадгоҳ меистем.

Масҷиди нав мушкилро зиёд мекунад? 

    Ҳафтаи гузашта яке аз хонандагони ҳафтанома аз тамбашавии нақлиёт дар ҳамин минтақа, аниқтараш дар назди масҷиди нав, ки ба наздикӣ нияти кушодашавиашро доранд, гуфта буд ва мушкилии инро дар набудани чароғак медонист. Дар 1 роҳи кӯтоҳ 2 проблемаи нақлиётӣ ва он ҳам бошад дар ҳолест, ки ҳоло на масҷид фаъолият дораду на он бузургтарин варзишгоҳе, ки дар дохили шаҳраки донишҷӯён сохта истодаанд. 

   Масҷид ку кайҳост омода шуда ва ин вабо, ки пушти сар гашт ҳатман боз мегардад. Бо камтарин ҳисоб ҳар рӯз зиёда аз 1000 автомобил танҳо дар назди масҷид таваққуф хоҳад кард. Ва агар масъулин то он вақт дар ин роҳ чароғак нагузоранд, проблема болои проблема мешавад. Сохтмони бузургтарин варзишгоҳ ҳам ба зудӣ анҷом меёбаду, ана баъд анбӯхӣ одамону мошинҳоро хоҳем дид дар ин минтақа. Мо пайгирӣ мавзӯ ҳастем.

Шералӣ Давлатов, СССР

 

 

Чоршанбе, 30 Декабр 2020 12:01

 

Чоршанбе, 30 Декабр 2020 11:51

 

Чоршанбе, 30 Декабр 2020 11:45

Чоршанбе, 30 Декабр 2020 11:42

  Аҳтам Одинаев, узви Ихвон ал СССР аз н.Ховалинг меҳмони редаксия шуда, аз фаъолияти шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Ба гуфтаи Аҳтам Одинаев, вақте Рустами Эмомалӣ раиси ш.Душанбе таъин шуд бисёриҳо мегуфтанд, ки ӯ ҳоло ҷавон асту таҷрибаи кофӣ надорад, аммо воқеият чизи дигареро собит кард.     

   - Ман дер боз ба пойтахт наомада будам. Гашту гузорамро аз кӯчаи марказӣ шурӯ кардам. Идораҳоеро, ки дар ин кӯчаи марказӣ буданд ҳоло шинохта намешавад. Шаҳри мо воқеъан ҳам зебо ва кирои муаррифӣ шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳоло дар пойтахт камбудиҳо ҳам ҳастанд. Дар Душанбе корхонаи КВД “Оби коррез” фаъолият мекунад. Хизматрасонии ин корхона ба аҳолӣ ғайриқаноатбахш буда, дар ин корхона ҳисобу китоби аниқ нест. Дар 4 ноҳияи шаҳр системаи электронӣ амал мекунад, ки онҷо операторҳо нишастаанд. Ин операторҳо бо назоратчиёни об ҳамкорӣ карда, нишондоди ҳисобкунакҳои барқро барзиёд  ҳисоб карда, аҳолиро бе асос қарздор менамоянд. 

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 11

Китобҳо

Flag Counter