ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 29 Декабр 2021 15:17

Чоршанбе, 29 Декабр 2021 15:02

 

Чоршанбе, 29 Декабр 2021 14:55

Чоршанбе, 29 Декабр 2021 14:45

Чоршанбе, 29 Декабр 2021 14:35

Чоршанбе, 29 Декабр 2021 14:31

 Сафаралӣ Бекмонов, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи мардумии СССР, сокини н. Ёвон ба редаксия меҳмон шуда, гуфт, ки барои хайрухуш бо аҳли эҷоди газета омадааст, зеро чипта гирифтаву нияти парвоз ба ш.Маскав дорад.

    - Тасмим гирифтам ба ш.Маскав рафта, минбаъд ҳамон ҷо зиндагӣ кунам, чун дилам аз ҳамаи ин ноадолатиҳо шикаста шудааст. Соли равон ба таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия 14 сол пур шуд. Дар ин муддат аз ҷониби агентии мазкур дар самти пешгирӣ ва мубориза алайҳи ришваситонӣ корҳои зиёде анҷом дода шуда бошад ҳам, то ҳол коррупсия аз байн нарафтааст. Солҳои қабл духтурони соҳибкасби мо агар барои 1 сӯзан задан аз бемор 3 сомонӣ талаб менамуданд, ҳоло бошад баръакс ҳаққи корашонро на камтар аз 10 сомонӣ нарх гузоштаанд. Замоне шудааст, ки барои корат ҳал шудан бояд ҳатман тағо дошта бошӣ. Бе миёнрав ва «тағо» ягон кор ҳал намешавад.

Чоршанбе, 29 Декабр 2021 14:24

 

 ИНҚИЛОБИ ОКТЯБР

25 октябр (6 ноябр) - и соли 1917 дар Петроград шӯриши мусаллаҳ сар шуд, ки он 7 ноябр Ҳукумати муваққатии буржуазиро сарнагун кард ва Ҳокимияти Советиро барпо намуд. Синфи коргару деҳқони Россия таҳти роҳбарии Партияи Коммунистӣ дар Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ғалаба карда, диктатураи пролетариатро барпо намуд.

Съезди 2 – юми Умумироссиягии Советҳо, ки шаби 25 октябр (7 ноябр) – и соли 1917 кушода шуд, ба дасти Советҳо гузаштани тамоми ҳокимиятро эълон намуд ва аввалин ҳукумати Советӣ – Совети Комиссарони Халқиро бо сардории В. И. Ленин ташкил кард. Съезд Декрети сулҳ ва Декрети заминро қабул намуд. Ғалабаи РКСО дар таърихи башарият давраи нав – давраи барҳам хӯрдани капитализм ва ба коммунизм гузаштанро кушод.

Ин инқилоб дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мадании мамлакат табадулоти азим ба вуҷуд овард. Барпо карда шудани Ҳокимияти Советӣ дар пойтахт ва қарорҳои таърихии Съезди 2 – юми Советҳо ба ҳаракати музаффаронаи Ҳокимияти Советӣ дар солҳои 1917 – 1918 замина гузошт. 15 ноябри соли 1917 Ҳукумати Советӣ Декларатсияи ҳуқуқи халқҳои Россияро нашр кард, ки он баробарӣ ва истиқлолияти тамоми халқҳои мамлакат, ҳуқуқи онҳо барои худмуайянкунӣ, то ҷудо шудан ва ташкил кардани давлати мустақил, бекор кардани имтиёзҳо ва маҳдудиятҳои миллию динӣ, инкишофи озодонаи ақаллияти миллӣ ва гурӯҳҳои этникиро эълон намуд.

 

ШИНОХТИ УКРАИНА

Декабри соли 1917 Ҳукумати Советӣ соҳибихтиёрии Украина ва Финляндияро эътироф кард. 10 июл Съезди 5 – уми Умумироссиягии Советҳо нахустин конститутсияи советӣ – Конститутсияи РСФСР – ро қабул кард.

Буржуазия ва помешикон бо ҳокимияти халқ муқобилати сахт нишон медоданд ва ба интервентҳои хориҷӣ як шуда, ҷанги гражданиро сар карданд. Армияи Сурхи коргару деҳқон ташкил ёфт…

Моҳи июни соли 1919 РСФСР, Украина, Белоруссия барои муборизаи зидди душманони беруна ва дохилӣ аз ҷиҳати ҳарбӣ ва хоҷагӣ муттаҳид шуданд.

Чоршанбе, 29 Декабр 2021 13:11

27.12.1917. Дар Русияи шӯравӣ бо қарори КИМ ва ШКХ қонуни назорати коргарӣ ба тасвиб расид.

27.12.1919. Дар шаҳраки Нижнеудинскийи Сибири Шарқӣ адмирал Колчак яке аз боризтарин чеҳраҳои муқовимати зиддиболшевикӣ ба ҳабс гирифта шуд. Болшевикон баъди чанде ӯро дар Иркутск ба қатл расониданд ва чорае ҳам ҷуз ин надоштанд. Яке аз содиқтарин пайравони ӯ, генерал Владимир Оскарович Каппел вақте фаҳмид, ки Колчак дар Иркутск асир шудааст, ба ёрии ӯ шитофт. Дар Сибири Шарқӣ зимистони қаҳратун ҳукмрон буд ва сафедҳо ба ин нигоҳ накарда, ҷониби Иркутск ҳаракат карданд. Каппел баъди чанде ҳангоми убури дарёи Кан бо асп зери ях фурӯ рафт ва 29 январ мурд. Аммо ин ҳам сафедҳоро боз надошт. Ба ҷои ӯ, генерал Войтсеховский фармондеҳ шуд ва артиши сафедӣ ҳаракати худро ҷониби Иркутск идома дод. Ахир, сармозадаву бемадор, ҳудуди 3-4 ҳазор аскари сафед 30 январ ба роҳи оҳан баромада, баъди истироҳати кӯтоҳ ба Иркутск ҳамла карданд. Набарди Иркутск яке аз шадидтарин даргириҳои ҷанги граждании Русия аст. Тарафҳо дар ин ҳарб ҳатто асир намегирифтанд. Билохира, сафедҳо хатти мудофиаи болшевиконро рахна карда, ба 7 км Иркутск наздик шуданд. Ба соати 12 фардои рӯзи дигар ҳуҷуми ҳалкунандаи Иркутск бояд сар мешуд, аммо чехҳои сафед ҳукумати болшевиконро дар Иркутск наҷот доданд. Чехҳо аз Войтсаховский талаб карданд, ки аз воридшавӣ ба Иркутск худдорӣ кунад ва дар сурати акс онҳо сӯи болшевиконро гирифта бо сафедҳо меҷанганд.

27.12.1929. Роҳбари СССР Иосиф Сталин оғози коллективикунонии сартосарӣ дар СССР ва гузаштан ба сиёсати «маҳви кулакҳо ҳамчун синф»-ро эълон кард.

27.12.1932. Бо қарори КИМ ва ШКХ дар СССР системаи паспортӣ ва бақайдгирии умумии аҳолӣ дар ҷои зист ҷорӣ карда шуд.

27.12.1979. Нерӯҳои вежаи ГРУ ва КГБ СССР қароргоҳи президенти Афғонистон Ҳафизуллоҳ Аминро дар Кобул ишғол намуданд.

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 10

Китобҳо

Flag Counter