ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 25 Феврал 2021 16:21

 

Президенти Беларус Александр Лукашенко нақл кард, ки бо ташаббуси ӯ дар кишвар амалиёти тафтиши кормандони ГАИ ба роҳ монда шудааст: “Мо хостем бифаҳмем, ки кормандони ГАИ-и мо ришва мегиранд ё не?”.                                                              Президенти Беларус аз натиҷаи тафтиш изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт: “Дар тафтиши охирин ҳатто 1 нафар ҳам ришва нагирифт. Яке аз онҳо, дар ҳамин майдони назди Қасри Истиқлолият мегуфт, не намегирам, на имрӯз ва на фардо. Биравед! Яъне ӯ ба таъбире “чуткааш” ба кор даромад ва вазъиятро фаҳмид. Ин боиси ифтихор аст”. Лукашенко инчунин аз тарафдоронаш хост, миёнҳоро маҳкам бибанданд ва ба ҳам омада, ин давраи мураккабро пушти сар кунанд. 

PS: Албатта, Батко мехоҳад Беларусро мисли Аврупо ҷилва диҳад. Аммо шояд ГАИ-ҳо медонистанд, ки кай тафтиш мешаванд ва ҳамон рӯз ришва нагирифтанд?!

 

Панҷшанбе, 25 Феврал 2021 16:19

 Баъди ба се шоха тақсим шудани ширкати “Барқи тоҷик”, шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакентро тобеъи филиали шаҳри Истаравшан кардани он, нигаронии даҳҳо нафар кормандони ин ниҳодро ба бор овардааст. 

   Гурӯҳи норозиёни кормандони “Шабакаҳои барқи Панҷакент” мегӯянд, ки онҳо ба 3 шаҳру ноҳияҳоии водии Зарафшон: Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакент дар маҷмӯъ ба беш аз 500 000 нафар аҳоливу корхонаву идора ва ташкилотҳо хизмат мерасониданд, ки ягон мушкилот набуд. Акнун онҳоро гӯё дастнигар кардаанд ё карданианд...

Аз ин амал кӣ манфиатдор аст?

   Ба ақидаи барқчиёни Панҷакент, водии Зарафшонро тобеъи Истаравшан кардан аз чанд ҷиҳат ҳам хатову ҳам нодуруст будааст.

1. Ба андешаи кормандони “Шабакаҳои барқи Панҷакент” дар ин миён масъалаи ихтисори чандин коргар пеш омадааст, ки ин амал хилофи дастуру супоришҳои президент, дар масъалаи бо кор таъмир намудани сокинон мебошад. Барои мисол, агар 5 ё 10 нафар корманд ихтисор шаванду ин коргарон  боз 3-4 нафар дар хона нонхур дошта бошанд, муаллифони  ин “тарҳи одилона” ба ризқи 20-30 нафар зомин мешаванд. 

2. Бо тобеъ намудани “Шабакаҳои барқи Панҷакент” ба Истаравшан, мушкили чандин нафареро, ки бояд ҳар моҳ ҳисобот супоранд, счёт ё барои ин ё он кори худ хулосаву мӯҳру имзо гиранд мушкилтар намудаанд. 

3. Сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент, ноҳияи Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳро зарур меояд, ки барои омода намудани ҳуҷҷатҳои техникӣ аз қабили бастани шартномаҳо, гирифтани шартҳои техникӣ ва пайваст намудани иншоотҳои нави бунёдшаванда ба Шабакаҳои барқӣ роҳҳои тӯлониро тай намуда, то ба шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд раванд, ки ин хароҷоти зиёдатӣ ва  сарсониҳоро ба миён меорад.   

4. Барои хариди ин ё он таҷҳизот ва ё ягон лавозимоте, ки оҷилан лозим мешаваду қаблан бе мушкилӣ иҷро мегардид, акнун иҷозати роҳбарияти “болоӣ” дар Истаравшан лозим...

5. Дурии масофаи ҷойгиршавии маркази идораҳои маъмурӣ: аз Панҷакент то  Истаравшан-205 км аст, сифати назорат дар корҳо заъф хоҳад дид.

Барқчиёни Зарафшон низ метавонанд!

   Таврт маълум бинобар мавҷуд будани имкониятҳои техникӣ дар водии Зарафшон (яъне аз қаламрави водӣ гузаштани хати интиқоли барқии 500кВ Ҷануб-Шимол, мавҷуд будани нерӯгоҳҳои хурду миёнаи обӣ, хатҳои интиқоли барқии 220кВ, 110кВ,35кВ,20кВ,10кВ,6кВ ва миқдори зиёди зеристгоҳҳои барқии шидаташон 220/110/35/20 кВ) имконият буд, ки ташкили чунин департаментҳо бевосита дар қаламрави худи водӣ (ноҳияҳои Айниву Куҳистони Мастчоҳ ва шаҳру деҳоти Панҷакент) амалӣ гардад.

   Бигзор “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент”, чун пештара боқӣ монад ва ё ҳадди ақалл онро ҳамчун 1 сохтори алоҳида ба водии Зарафшон табдил диҳанд. Зар ин ҷо низ мутахасисон ҳастанд ва тӯли ин қадар сол тавонистанд корро пеш баранд ва минбаъд низ метавонанд!

 

Хуршед Фозилов, 

Панҷакент, махсус барои СССР

Панҷшанбе, 25 Феврал 2021 16:08

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёду азнавсозии 7667 адад бинову иншоот ба нақша гирифта шуда, то 01.01.2021 дар 5811 адад бинову иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Дар соли 2020 бошад 2105 иншооти нав ба мавриди истифода қарор гирифт. Албатта ин хуб аст, аммо дар баробари ҳамаи ин ободкориҳо ҳанӯз ҳам теъдоди корхонаҳои аз кор мондаву тахрибшуда дар миқёси вилоят хеле зиёд буда, бархе ҳатто 10-солаҳо зери барфу борону офтоб бекор хобанд. 

Корхонаҳои фаромӯшшуда?

Зимни сафари ахир ба чанд шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон мо аз вазъи имрӯзаи корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ, ки замоне шӯҳрат доштанду мардуми бисёре он ҷо кор карда, нон меёфт, ошно шудем. 

Корхонаи нонбарории ш.Бохтар, ки яке аз корхонаҳои калонтарин ба ҳисоб меравад, 10 соли ахир кор намекунад, танҳо дар 2-3 сехи хурдаш ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ машғуланд, ки онҳо ҳам иҷоранишинанд. Заводи равғанбарории н.Ҷ.Балхӣ низ дигар кор намекунад, корхонаи орди н.Хуросон ҳам аз фаъолият мондааст. Корхонаи истеҳсоли равғани эфир-геран дар н.Ҷайҳун, ки ҳудуди ниҳоят калон дораду он ҳам даҳсолаҳо боз бекор хоб аст, ҳаммоми таърихии ҷамоати Тоҷикободи н.Вахш (Баняи Туркманистон!!!), дар наздикии он бинои вайронаи дар замони шӯравӣ устохонаи калони таъмири мошинҳо, бинои нотамом дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар-Панҷи поён, даҳҳо биноҳои вайрона дар Гаравутии н.Дӯстӣ, шумораи зиёди корхонаҳои бекорхобида дар ш.Леваканд, кинотеатри ба вайроназор табдилёфтаи н.Ҷайҳун танҳо қатрае аз баҳранд. Бояд гуфт, ки дар н.Ҷайҳун раисони собиқ қитъаҳои калони заминҳои кишту иншоотҳои саноатиро аз худ кардаанду онҳо ҳам солҳои зиёд бекор хоб буда, ба нафъи мардум ба кор бурда намешаванд. Аксари биноҳои бекорхобида дар ин ноҳия ба қавле ба «зӯрони замон» тааллуқ доштаанд. 

   Баҳсҳои судӣ, гарав ва эҳёи дубора

Дар бораи корхонаҳои бекормондаи саноативу истеҳсолии дар боло зикршуда мухбири газетаи СССР зимни нишасти матбуотии ахири раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ки рӯзи 10.02.2021 дар Кохи фарҳанги ш.Бохтар баргузор шуд, суол кард ва ҳатто пешниҳод ҳам намуд, ки дар Хатлон низ аз таҷрибаи раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки соле қабл ба моликони тамоми корхонаҳои азкормондаи пойтахт дастур дода буд, ки ё таҷдиду азнавсозӣ карда ба кор дароред, ё ба фоидаи давлат корхонаатон бозпас гирифта мешавад, истифода намоянд.

Қурбон Ҳакимзода аз ин пешниҳод дастгирӣ кард ва гуфт, ки вобаста ба таҷдиду азнавсозӣ ва эҳёи корхонаҳои калони саноатӣ дар вилояти Хатлон 1 қатор тадбирҳоро роҳандозӣ карда истодааст:

- Бубинед, проблемаи аксари корхонаҳое, ки аз кор мондаанду имрӯз мо мехоҳем онҳоро дубора фаъол намоем, дар баҳсҳои судӣ буда, бархе дар гарави бонкҳои аз фаъолият монда, амсоли «Агроинвестбонк»-у «Тоҷиксодиротбонк» қарор доранд. Баҳси судии 1 қисми чунин корхонаҳо то 3-4 сол идома дошта, ҳастанд ҳолатҳое, ки 1 корхонаро бо гарав то 4 маротиба ба фурӯш гузоштаанд. Албатта, ин проблема №1 аст, вале мо зина ба зина ин баҳсҳоро гузашта, корхонаву минтақаҳои истеҳсолиро ба соҳибкорони нав дода истодаем, то корхона бунёд намоянд. Дур намеравем, яке аз чунин минтақаҳои истеҳсолии навро пас аз таҷдид чанде пеш дар ш.Леваканд ифтитоҳ намудем. Он ҳам солҳои зиёд бекор хоб буд, вале дубора эҳё кардем, акнун дар ин минтақа корхонаҳои нав ташкил шуда, собуну гӯгирди ватанӣ истеҳсол мекунанд.

Дар баробари ин Қурбон Ҳакимзода афзуд, ки дар 1 соли ахир дар вилояти Хатлон 3 муассисаи томактабӣ, 84 иншооти тандурустӣ, 21 иншоот дар соҳаи фарҳанг, 65 иншооти варзишию сайёҳӣ, 30 адад корхонаи саноатӣ, 4 адад сардхона, 6 фермаи парандапарварӣ, 3 фермаи чорводорӣ, 9 гармхонаи замонавӣ, 20 адад хонаи истиқоматии баландошёна, 1926 манзили истиқоматии шахсӣ ва 1488 иншооти таъминоти дигар ба истифода дода шудааст. Инчунин, дар ин муддат таъмири асосии 160,2 км ва сангфарш кардани 270,3 км роҳи автомобилгард, барқарорсозии 67 пул ва кашидани 119,5 км хати оби ошомиданӣ ба анҷом расонида шудааст.

 PS: Баняи Туркманистон-музейи зинда!

Воқеан ҳам газетаи мардумӣ пешниҳод дорад, ки ҳаммоми маъруфи собиқ маҳаллаи Туркманистон, ки дар соли 1992 Гестапои наҳзат буд, ба мисли даврони қабл барқарор гардида, 1 осорхонаи зиндаи ҷанги гражданӣ шавад. Бигзор тамомии аксу тоблуи одамоне, ки он ҷо муллоҳои наҳзатӣ бо азобу шиканҷа кушта буданд, дар ин осорхона овезон гардад. Мардум бояд донад, наҳзатиёне, ки имрӯз аз хориҷа истода даъвои «демократия ва озодӣ» доранд, дар асл кӣ ва чӣ буданду имрӯз низ агар мабодо корашон барор гирад, ба чӣ ҷиноёти гӯшношуниде қодиранд. Аз сӯи дигар ин музейи зинда метавонад далеле бар парвандаи масъулини ин ҳизб ба додгоҳҳои байнулмилал гардад…

 

ДАР ҲАМИН МАВРИД:

Дар меҳмонхонаи «Қӯрғонтеппа» таъмир сар шуд!

Масъалаи дигаре, ки мухбири газетаи СССР дар нишасти раиси вилояти Хатлон бардошт, ин симои зоҳирии меҳмонхонаи овозадори «Қӯрғонтеппа» буд, ки мухбирони газета дар гузашта чандин маротиба дар бораи аз кор монданаш навиштаанд. Тавре пасон маълум гашт 1 моҳ қабл дар ин меҳмонхона корҳои таъмиру азнавсозӣ оғоз гашта, пеш аз ҳама боми бино, ки зиёда аз 1300 метри квадратӣ масоҳат дорад, пурра аз нав карда шуд. 

Корҳои таъмиру тармим дар утоқҳои меҳмонхона оғоз шуда, чуноне ки дар суҳбати ихтисосӣ ба мухбири СССР Нусратулло Файзуллозода, молики ин меҳмонхона гуфт, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, бо шакли наву хизматрасонии муосир дари худро ба рӯи мизоҷон боз хоҳад кард.

700 ҳазор қарз дорем!

   Масъалаи дигаре, ки Нусратулло Файзуллозода бо мухбири мо матраҳ кард ин маблағи қарзи корхонаҳои ба эшон марбут аст, ки чанде пеш бо такя ба маълумоти Раёсати омори вилояти Хатлон, СССР дар ин бора матлабе нашр карда буд.

   - Қарзи корхонаҳои ман ин қадаре, ки Раёсати омор гуфту шумо навиштед нест. Ман миллионҳо сомонӣ қарздор нестам, то ба имрӯз наздики 700 ҳазор қарз дорем ва онро ҳам бо навбат пардохт карда истодаем. Қарзҳои қаблиро низ кам кардаем, ман аз пардохти қарзу андозҳо ҳеҷ гоҳ саркашӣ накардаам ва ҳатман ҳамаро то моҳи сентябри соли ҷорӣ пурра пардохт хоҳам кард, - таъкид дошт Нусратулло Файзуллозода.

PS: Вақте, ки матлаб нашр мешуд Н. Файзуллозода шахсан худан ба СССР занг зада, гуфт: Ман тамоми қарзҳоямро ҷавонмардона супурдам. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 Душанбе-Бохтар-Душанбе 10.02.2021

 

Панҷшанбе, 25 Феврал 2021 16:04

(Назар дар пасманзари матлаби С. Мизроб «ВАҚТЕ КӮДАКИ ТОҶИК ТУФЛИИ ХОРИҶИРО МЕЛЕСАД»СССР№5(646))

Дуруд бар СССР! Мақоларо хондам. Ин дар ҳақиқат проблемаи №1-и давлату миллати тоҷик аст.Чанд сол муқаддам вобаста ба кор, ноболиғеро аз маркази тарбияи кудакони Волгоград овардем. Чун бо директори ин марказ, 1 зани рус дар тамос шудам, ӯ изҳор дошт, ки падару модари чиркинаш ӯро ба марказ оварда партофтаву рафтанд ва то ҳол маблағи нигоҳдории ин тифлро (тахминан 6 ҳазор сомонӣ, ки маблағро ҳукумати н. Балхӣ дод) насупоридаанд ва ягон бор дар зарфи 1 сол ба хабаргирии ин тифлашон мисли дигар миллатҳо наомаданд! Ба ин директор-бонуи рус иброз доштам, ки миллати мо ҳеч гоҳ ифлос набуду нест ва маънои тоҷик-тоҷдориву тозагиро аз ифода мекунаду фарзанддӯстдорем ва ин писарак на тоҷик, балки миллаташ аз лулиён аст!

Бонуи рус изҳор дошт, ки ман замоне дар шаҳри Фурунзе мезистам ва хуб медонистам, ки зеботарин миллат ва тозаю озода дар Осиёи Миёна тоҷиконанд ва дар дилам нисбати падару модари сиёҳтобу чиркини ин писарак оиди тоҷик буданашон шубҳа афтод, лек дар шаҳодатномаи таваллуди кӯдак падар ва модараш тоҷик навишта шудааст! 

Баъди 4 рӯз дар бораи галлаи лӯлиёни кишварамон, ки бо кӯдакони сершумори чиркин дар аэропорти Иркутск дар болои фарш хобу хӯр карда, аз мусофирон пул металабиданд, бо номи "инҳо тоҷиконанд" хондам! Ба хулосае омадам, ки тариқи нашрияи сернашр ва сернуфузи кишварамон "Минбари халқ" проблемаи ҷойдоштаро пешниҳоди чомеъа намоям. Мақола нашр гаштаву мардум онро худ пазируфтанд.

ЗАГС ва Бахши шиносномадиҳӣ Тоҷикро таҳқир мекунанд!!!

Тибқи қонунҳои кишвар шиноснома бо мӯҳри «Тоҷик» ба шахсе дода мешавад, ки волидайн ва ё яке аз онҳо тоҷик аст. Дар чунин ҳоле, ки ҳоло бахшҳои шиносномадиҳӣ ва ЗАГС ба ҳар ғайритоҷик, хосатан лӯлиҳо шиносномаю зодномаро бо номи пурифтихори "миллаташ тоҷик" дода истодаанд, ҷуз таҳқири миллату давлат чизе беш нест! Ҳамон вақт кайд намуда будам, ки тибқи қонунҳои СССР лӯлиҳои кишвари мо замони шӯравӣ ба категорияи шахсони бетабаа дохил мешуданд (ин масъаларо дар юрфак ҳатто хонда будем!) ва ба онҳо додани шиноснома ҷоиз нест! Зеро онҳо чун шахси бетабаа (лицо без гражданства) шинохта мешаванд ва чунин категорияи қабилаҳо дар саросари олам ва ҳатто кишварҳои мутаммадини демократӣ ҳоло низ амал мекунад! Ба онҳо тибқи қонун шаҳодатнома оиди шахсият бояд дода шавад, ки рангаш монанд ба шиносномаҳои кишвар аст. 

Вале барои ман нофаҳмост, ки чаро мақомоти шиносномадихии ВКД ва ЗАГС-и Вазорати адлия то ҳол ба ин амали нангин машғуланд?! Хол он, ки шиносномаю зоднома бо навиштаҷоти "миллаташ тоҷик" додан ин амали тамоман ғайриқонунист ва он ҷавобгарӣ низ дорад!!! Дар ҳамон мақолаи ёдшуда иброз дошта будам, ки ба лӯлиён агар шаҳрвандиро хоҳанд, паспорт бо номи "миллаташ лӯлӣ» ва ё «ҷӯгӣ" дода шавад! Мутаасифона, аз он замон 10 сол гузашту аз санг садое ҳасту аз нухбагони миллат не! Ва додани шиносномаю зоднома бо графаи "миллаташ тоҷик" нисбати лӯлиён давом дорад: Аз мост, ки бар мост!

Обрӯрези Тоҷик ҷӯгист ё Вазорати Адлия?

Ин лӯлиҳо аллакай солҳои 90-уми асри пор села - села ба ҷумҳуриҳои назди Балтика-Эстония, Литва ва Латвия рафта, бо табличкаҳои "Помогите таджику!" миллати озодаи моро шарманда карда буданд. Ҳамон вақт буд, ки бо дастури Ислом Каримов дар кишвари ҳамсоя ба ҳамаи лӯлиҳои Осиёи Миёна шиноснома бо навштани миллаташ тоҷик барои шарманда кардани миллату давлати мо дода мешуд! Албата, аз тарафи дигар, лӯлиҳо то ҷое ифтихороти миллати мо низ ҳастанд (ҳамон миллатҳо қадима ва соҳибфарҳангу давлатдор маҳсуб мешаванд, ки дар таркибашон яҳудӣ ва ҷӯгӣ доранд, мисли русҳо, украинҳо, руминҳо, франсузу немису англису испаниву португаливу форсҳо. Хушбахтона, дар Осиёи Миёна чунин миллати яҳуду лӯлидор танҳо Тоҷик аст!), лекин ҳар кору амал бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар роҳандозӣ гардад. Миллати арҷманди Тоҷик, мисли бархе аз миллатҳо, ба "зиёднависии сунъӣ" хеч ниёзе надорад. Мо Метавонем!

Варқа Зайниддинов

Ҳуқуқшинос

Аз СССР: Газетаи мардумӣ навишта буд, менависад ва хоҳад навишт: 

-Ба ҷӯгӣ набояд мӯҳри Тоҷик гузошт, зеро худашон миллаташонро лӯлӣ, ҷӯгӣ, қаввол мегӯянд, на ТОҶИК.

  Муаллифи навбатии мо бошад, қонунан исбот мекунад, лӯлиҳо шахсияти бе шаҳрвандӣ-лицо без гражданство будаанд, ҳатто дар даврони СССР-и бузург ва абарқудрат. Онҳо дар РСС Тоҷикистон ҳаргиз паспорти тоҷик надоштанд! Пас чӣ балое задааст, ки ЗАГС ва бахши шиносномадиҳии ВКД ба онҳо тӯли 30 соли истиқлолият паспорт бо мӯҳри Тоҷик медиҳанд? Ин ҷо чӣ нақши калидӣ дошта бошад? Шояд пул? Мушкил нест масъаларо ҳаллу фасл кардан. Муфаттишон 20-30 лӯлии соҳиби паспорти маҳаллӣ ва хориҷиро даъват кунанду сӯҳбат гузаронанд, ки онҳо бо чӣ роҳе паспорт гирифтаву Русия ба гадоӣ мераванд ва ба гуфтаи Аловиддин Абдуллоеви номӣ «Кори хирс тамом!».

Мо посухи расмии Раиси парлумони касбӣ ва Вазири Адлияи кишварро дар ин маврид интизорем. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

Панҷшанбе, 25 Феврал 2021 15:56

 

Панҷшанбе, 25 Феврал 2021 15:50

 

Панҷшанбе, 25 Феврал 2021 15:43

Панҷшанбе, 25 Феврал 2021 15:07

 

19 феврали соли 1954 раёсати Шӯрои Олии СССР бо қарори худ вилояти Қримро аз  РСФСР бароварда ба ҳайати РСС Украина шомил гардонид. Шароит ва аз ҳама муҳим натиҷаи ин амалкард, то ба ҳол баҳси зиёдеро миёни мувварихин ба бор овардааст.

Радаи Провослав

   Моҳи марти соли 2014 президенти Россия Владимир Путин, ҳангоми баромади худ дар Қрим иддао кард, ки ташаббускори асосии ба ҳайати РСС Украина додани Қрим шахсан Никита Хрушев буд. Ба андешаи Путин, Хрушев мехост бо ин кор аз тарафдории роҳбарияти Украина дар муборизаи ояндааш барои ҳукумат бархурдор гардад ва ё гуноҳи худро барои репрессияҳои оммавии солҳои 30-юм дар ин ҷумҳурӣ сабук гардонад. Аммо бархе дигар дар ин маврид назари мухолиф доранд. Ба андешаи онҳо, додани Қрим ба Украина як ҳадяи шоҳонаи Хрушев ба РСС Украина ба шарафи 300 солагии таъсиси Радаи Пераславл (ҳамроҳшавии Украина ба Русия) буд. Ҷонибдорони ин ақида бар ин назаранд, ки Хрушев баъди чанд қадаҳ шароб Қримро ба Украина ҳадя кард. Аммо ин амр дар ҳеҷ санади расмии ҳизбӣ ё шӯравии он давра зикр нагардида аст. 

“Триумвират”-и шӯравӣ

   Аз тарафи дигар, Никита Хрушев соли 1953 ҳанӯз аз ҳокимияти мутлақ дар СССР бархурдор набуд. Он шабу рӯз, дар кишвари Шӯроҳо як навъ “триумвират” ҳокимият мекард. Дар асл се нафар раиси Раёсати Шӯрои Олии СССР К. Ворошилов, ки расман сарвари давлат ба шумор мерафт, раиси Шӯрои Коммисарони Халқ (шабеҳи сарвазири имрӯза) Г. Маленков ва котиби аввали КМ ҲКИШ Н. Хрушев зимоми қудратро дар СССР дар даст доштанд. Яъне ҳамаи қарорҳои муҳим дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби ин 3 нафар ва аъзоёни дигари Бюрои сиёсӣ ба тарзи коллегиалӣ қабул ва татбиқ мегардиданд. Бинобар ин, Никита Хрушев ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонист шахсан худаш бе ризояти ҳамсабақон ин қарори муҳимро имзо кунад. Ва дар ҳеҷ санади расмӣ дар бобати додани Қрим ба Украина низ, имзои Хрушев вуҷуд надорад. Бешак ин ташаббус аз ҷониби Никита Сергеевич сар зад, аммо Хрушев мебоист бо овардани далоили қатъӣ ризояти ҳамсабақони худро  ба даст меовард. 

Фиребхӯрдагон

   Моҳи ноябри соли 1953 Хрушев ба Қрим сафари корӣ анҷом дод. Ба гуфти домодаш, рӯзноманигор Алексей Аджубей, ки ӯро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекард, Хрушев аз ин, ки дар ин сарзамини ҷанубӣ дар савдои давлатӣ меваву сабзавот мавҷуд набуд, ҳайратзада гашт. Муҳоҷирон аз навоҳии марказии Россия низ ҳангоми вохӯриҳо бо Хрушев аз он шикоят мекарданд, ки онҳоро маҷбур мекунанд ба ҷои картошка, ангур парвариш кунанд ва онҳо бо ин кор ошноӣ надоранд. Ба гуфти Аджубей онҳо сари роҳи мошини Хрушевро мегирифтанд ва аз зиндагии сахти худ шикоят мекарданд ва дар ҷавоб ба саволи Хрушев, ки мегуфт “пас чаро омадед” ҷавоб медоданд, ки онҳоро фиреб доданд. 

Боғ ба ҷои картошка

   Инчунин буҳрон соҳаи иҷтимоии Қримро низ фаро гирифта буд. Дар нимҷазираи Қрим дар авохири соли 1953 танҳо 3 мағозаи нонфурӯши, 18 мағозаи гӯшт, 8 мағозаи шир, 2 мағозаи фурӯши матоҳо, 9 мағозаи пойафзолфурӯшӣ, 5 мағозаи масолеҳи сохтмонӣ ва 28 мағозаи китобфурӯшӣ вуҷуд дошту халос. Фурӯши сабзавот ва картошка бошад дар савдои давлатӣ пурра қатъ гардида буд. Ба андешаи бархе маҳз ин ҳолати ногувори Қрим, Хрушевро водор кард барои барқароргардонии ин минтақа, онро ба Украина, ки ба ин вилоят ҳудудан наздик буд ва аз нигоҳи иқтисодӣ низ нисбатан устувор ба шумор мерафт, пайваст кунад.

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 11

Китобҳо

Flag Counter