Дар маҷмуъ дар муассисаи мазкур 1000 ҳуҷраи тахассусӣ, 650 кати табобатӣ, (аз ҷумла 150 кати калонсолон, 182 кати ҷарроҳии кӯдакона, 213 кати соматикии кӯдакона, 100 кати таваллудхона), дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст, 47 шуъбаи маъмурӣ, ёрирасон, дармонгоҳӣ ва зиёда аз 50 шуъбаи бистарикунонӣ мавҷуд аст. Дар пойгоҳи маҷмаа зеристгоҳи ёрии таъҷилии тиббӣ бо иқтидори 15 нақлиёти соҳавӣ, аз ҷумла 3 бригадаи ёрии наҷотбахшӣ, 1 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ барои интиқоли кӯдакони навзод фаъолият менамояд.
Инчунин дар ин ҷо иншооти гуногуни ёрирасон, толори конфронс бо 260 ҷойи нишаст, ошхона бо 150 ҷой, хонаи либосшӯӣ, маҷмааи варзишӣ, коргоҳи истеҳсоли доруворӣ ва ғайра низ омодаи хизмат аст. Маҷмаа муассисаи калонтарин барои табобат тавассути бистаринамоӣ дар пойтахт маҳсуб ёфта, 75 фоизи иқтидори он ба солимии модару кӯдак равона карда шудааст.
Бори нахуст дар сохтори тандурустии кишвар роҳандозӣ намудани фаъолият дар самти ҷарроҳии дилу рагҳои кӯдакон, сохтори алоҳидаи покнамоии хуни (гемодеалези) кӯдакон, шуъбаи муҳандисии клиникӣ, тибби суннатӣ ва 50 кати наҷоти бахшҳои гуногун амалӣ шудааст.
Лоиҳаи бунёди Маҷмааи тандурустии Истиқлол соли 1987 тасдиқ шуда, тайи солҳои дароз сохтмони он ба таъхир афтода буд, инак баъди беш аз 30 сол туфайли соҳибистиқлолии кишвар имкон фароҳам омад, ки дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ворид намудани тағйироту иловаҳо ба лоиҳаи марказ тибқи меъёрҳои муосир таҳия намудан, аз нав сохтмони иншоот 1 апрели соли 2013 оғоз гардид.