Принт

Посухи Кумитаи Дин

Чанд андеша дар ҳошияи матлаби  ҳафтаномаи “СССР” зери унвони 

«Танзим, ё ҳабси фарҳангиён?»

 Ба кормандони идораи ҳафтаномаи “СССР” тавсия дода мешавад, ки як бор бо талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ошно шаванд.  Айб аст, чунин нашрия ва чунин журналистони ба ақидаи худашон маъруф талаботи Қонунро надониста, боз мақсаду мароми қонунро таҳриф намоянд.

1.Аввал ин ки Қонуни миллӣ бо пешниҳоди Пешвои миллат ва муҳокимаи шаҳрвандон аз ҷониби Шӯрои Олӣ ба ҳукми қонун даромад, дигар ин ки ягон қонун догма нест ва ҳадафи асосии он пешгирӣ аз исрофкории беҳуда аст. Агар муаллифи муҳтарам пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Қонунро дошта бошад, ба вакилони Парлумон муроҷиат намояд. 

2.Моддаи  8-и Қонун додани зиёфатро дар ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила пешбинӣ намудааст. Аммо табрик намудани дӯстонро касе манъ накардааст. Агар шумо бидуни зиёфат дӯстонатонро табрик карда натавонед, пас ин мушкили шумост, на мушкили Қонун. Иштироки ҳар шахси ғайри аъзои оила дар чунин маърака хилофи талаботи Қонун аст!

3.Агар Шумо шабнишинии эҷодиро дар назар дошта бошед, пас маълум мешавад, ки шоири маҳбуби мавриди назари шумо ҳамагӣ 13 мухлис доштааст. Мо дар арафаи ҷашни Наврӯз шоҳиди он будем, ки дар шабнишиниҳои шоирон толорҳо моломоли мухлис ва ҷои нишаст ба ҳама намерасиду қисме рост истода, маҳфилро гарм менамуданд. Аммо агар бо зиёфат додан мехоҳед мухлис ҷамъ намоед, пас ин ҳам мушкили шумост...

4.Дар кадом вақт, макон ва толор баргузор намудани шабнишиниҳои шахсиятҳои фарҳангии кишвар ба ваколати Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дохил намешавад ва бо ин масъала лутфан ба мақомоти ваколатдори марбута муроҷиат намоед.

5.«Қамчину таёқу калтаки» (ба андешаи шумо)  Қонун нисбат ба шахсоне, ки талаботро нодида мегаранд, ҳамеша омода аст.

6.Ба маълумоти шумо барин ашхоси ноогоҳ аз талаботи Қонун мерасонем, ки қонуни танзим пеши роҳи хароҷоти маъракаҳои шикамсеркуниро гирифтааст, на чорабиниву базми суруд ва ғайраро.

7.Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ сохтори давлатӣ буда, дар он кадрҳое кор мекунанд, ки соҳиби маълумоти олӣ ва хизматчии давлатӣ мебошаду вазифаи ҳамоҳангсозиро миёни иттиҳодияҳои динӣ ва давлат амалӣ менамояд.   

8.Оё талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 05 октябри соли 2009 таҳти № 553 ба ҳафтаномаи “СССР” дахл надорад, ки ибораҳои русии бемавриди СТОП- он же, шлягер, минимум ва ғайра дар нашрияе, ки худ даъвои ҳимоятгари миллат, забон ва  фарҳанги миллиро дорад, истифода шудааст? Ин чӣ маънӣ дорад?

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки чун маротибаи гузашта раддияро “таҳрир” намуда баъдан чоп накунед. Зеро ин амал мухолифи Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” аст.

Маркази матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ

Аз редаксия: Ҳамааш хубу...аммо фарқи сайти интернетиро аз газета бояд донист. Хоса, дар асри 21, асри набардҳои иттилоотӣ ва интернету кибернетика... Мо Метавонем!

Ва баъдуҳу, шумои азиз, мӯҳтарам домуллоҳо (домулло гуфта мо афроди донишманд ва фарҳангиро дар назар дорем, аз ин вожа хафа нашавед ва натарсед!), ҷавобҳоятонро кӯтоҳ нависед, мо мисли ана ҳамин посухи гизалаатон чоп мекунем. Мо Метавонем!

 

Матлабҳои дигар