Принт

ҲОҶӢ ИСМОИЛ ПИРМУҲАММАДЗОДА: Инсон, ҷомеа ва таърих

 

   Дар фалсафаи муосир нигоҳи ғайри классикӣ нисбат ба исбот ва истидлол низ ҷой дорад, ки он ба каломи муосир бетаъсир нест, вале ин таъсир ба андоза нест, ки мантиқи классикӣ ва анъанаҳои онро зери шубҳа гузошта бошад, чунонеки дар Ғарб ин ҳодиса рӯх додааст. Аммо таҳлили осори мутакаллимини ҷадид нишон медиҳад, ки зимни истидлол ба усули ғайри классикӣ низ таваҷҷуҳ шудааст. Дар каломи муосир истидлол аз 3 ҷиҳат мавриди назар қарор гирифтааст: фард, инсон, ҷомеа ва таърих. Вобаста ба ин назарияи истидлоли онҳо дар иртибот бо мантиқ, фалсафа, забоншиносӣ, равоншиносӣ, герменевтика, риторика ва эристика сохта шудааст ва парадигми ягона надорад. Мақсади он на дониш ба таври умумӣ, балки фаҳмиш, дарки моҳияти масъала аст. Масалан дар мавриди бурҳони вуҷуди Худованд гарчи бадеҳӣ ба назар мерасад, вале маърифати он шуҳудӣ ва ҳузурӣ аст ва маърифати шахсӣ аст, ки ба дигарон наметавон онро интиқол дод, зеро дар ин сурат аз илми ҳусулӣ бояд баҳра гирифт ва ба исбот пардохт.

   Бинобарин дар асоси илми ҳузурӣ маърифат ба Худо эҳтиёҷ ба истидлол надорад, вале ин ба маънои он нест, ки вуҷуди Худованд ба унвони пешфарз ва мафруз талаққӣ шаванд.

    Зери таъсири назарияи прагматистӣ илми каломи ҷадид сукути эмпиризмро дар маърифатшиносӣ ва фалсафа ба дидгоҳи фалсафаи исломӣ наздик сохтааст. Вале каломи муосир назарияҳои прагматистиро дар нисбатҳои боварҳои динӣ ва қавонин яқини мантиқ, риёзиёт чандон кор омад намедонад. Дар ин маврид нуқтаи назари прагматизмро дар бораи пешфарзҳо ва набудани эҳтиёҷ ба бадеҳиёт рад мекунад. Андешаварзони мусулмон аз ҷумла Абӯҳанифа барои исботи дидгоҳи худ тасреҳ кардаанд, ки агар касе бадеҳиётро напазирад, истидлолҳои онҳо шубҳанок аст ва бояд рад шавад. Ҳар истидлол дасти кам маҳсули ду муқаддима аст, ки ба шакли бурҳон, шароити истинтоҷ ва муҳтавои истидлол мунтаҷ хоҳад буд.

 

Мантиқи рамзӣ

   Ба таври куллӣ онҳо нишон медиҳанд, ки назарияи прагматизм мушкили назарияи маърифатшиносиро ҳал намекунад, вале мушкили яқинро дар амал чораҷуӣ хоҳад кард. Аз назари мутакаллимон маърифатшиносии боварҳои динӣ масъалаи яқин ва ибтинои боварҳои динӣ дар яқин аст ва боварҳои динии ғайритаабудӣ, назири вуҷуди Худоро метавонад исбот кунад. Зимни исбот аз формулаҳои мантиқи рамзӣ (риёзӣ) истифода бурда мешавад. Масалан, дар исботи бурҳони сиддиқин:

1.      Р– вуҷуди воҷиб-ул-вуҷуд аст.

2.      Q–вуҷуди мумкин-ул-вуҷуд аст.

3.      pvq– вуҷуди ё воҷиб-ул-вуҷуд

Агар мумкин-ул-вуҷуд вуҷуд дошта бошад, пас он (мумкинул-ву-улвуҷуд) мусталзами воҷиб-ул-вуҷуд аст, пас:

4.      q---p ва таркиби байни ин муқаддима.

5.      ---[(pvq)^ (q---: =) p)] мебошад. Дар натиҷа

6.      [(pvq)^(q-,:=)p)]-, :=) p аст.

   Ин ҷо мақсад таҳлили формулаҳои додашуда нест, балки нишон додани он аст, ки каломи муосир формализатсия бурҳонҳоро дар асоси мантиқи рамзӣ тавре анҷом медиҳад, ки ба назарияи нави истидлол асос ёфтаанд, на ба давраи каломи Абӯҳанифа.

     Дар ин ҷо истидлоли айнӣ вуҷуд дорад, ки ба қавли Кант “Амре, ки ҳама оқилон битавонанд он истидлолро бифаҳманд ва биозмоянд”, яъне истидлоли айнӣ, ки аксиоматикӣ аст ва гузораҳои бадеҳӣ дар он аст, яъне гузораҳое ҳастанд, ки сидқашон (дурустиашон) ошкор ва бешубҳа аст. Ба ҷуз дурустии гузораҳо – муқаддимаҳо дурустии истинтоҷ (натиҷа) низ шарт аст ва исбот низ бадеҳӣ аст.

 

Бадеҳӣ

   Бадеҳӣ гузораҳое (ҳукмҳое) ҳастанд, ки ҳам аз нигоҳи маърифатӣ ва ҳам аз илм зоҳири дурустиашон комилан ошкор аст. Аммо бадеҳӣ будан аз нигоҳи таърихӣ, фардӣ, иҷтимоӣ метавонад, зери шубҳа қарор гирад. Масалан, агарчи аксарияти донишмандон ин ё он бурҳонро бадеҳӣ донанд, шояд касоне низ пайдо шаванд, ки онро бадеҳӣ надонанд, ё он як замон бадеҳӣ буд, вале ба пешрафти илму дониш бадеҳияти худро гум кард ва ё ҳатто метавонад он аз ҳудуди дониши ақлӣ фаротар бошад.

   Ин шубҳаҳоро мутакаллимон зикр карда, аз парадокси Бертран Рассел, файласуфи таҳлилгар истифода мекунанд. Он гуяд, ки баъзе васфҳо (сифатҳо) худ мисдоқи (дурустии) худ нестанд. Масалан, агар он ба ягон чизи дигар нисбат дошта бошад, наметавонад мисдоқи худ бошад. Пас ду навъ васф вуҷуд дорад: “мисдоқи худ будан” ва “мисдоқи худ набудан”. Фарз кунем, ки васфи “худ мисдоқи худ набудан” мисдоқи худ аст, дар ин сурат васфи “худ мисдоқи худ набудан” мисдоқи худ бошад, дар ин сурат мисдоқи худ аст. Натиҷа чунин мешавад, ки васфи “худ мисдоқи худ набудан” ҳам мисдоқи худ ва ҳам мисдоқи худ нест. Зиддияти ҳосилшуда ба он меоварад, ки яке аз ин ду ҳукм бадоҳатан козиб аст (дуруст нест).

   Натиҷаи ин парадокс он аст, ки ҳар он чӣ бадеҳӣ ба назар мерасад, наметавонад ҳатман бадеҳӣ бошад. Метавон ин хулосаро ба таври дигар баён кард, ҳар он чи бадеҳӣ ба назар мерасад, ба эҳтимолии зиёд бадеҳӣ ё мумкин – ул – вуҷуд аст. Аммо тарафдорони бадоҳат чунин мешуморанд, ки “бадоҳат нишонаи сидқ аст” ҳамчунон ки Абӯҳанифа дар ин ақида аст. Вале аз нигоҳи таҳлилӣ ин ду гузораро наметавон бо назардошти таъриф содиқ донист, яъне агар робитаи “бадоҳат” ва “сидқ” -ро таҳлилӣ бидонем, дар он сурат наметавонем бо дарёфти бадоҳат сидқияти гузораро кашф кунем, зеро онҳо мутамоиз нестанд ва агар бошанд ҳам дар он сурат саволе пайдо мешавад, ки оё онҳо содиқанд (дурустанд) ва далели сидқи онҳо чист?

    Дар ин ҷо ҷавоби мусбатро муносиб донистан на ба далели сиҳати гузораҳо ва на ба далели дастгирии донишмандон имкон надорад. Аз ҳамин ҷиҳат метавон гуфт, ки ин навъи яқин аз ҷинси исботи ақлӣ – фалсафӣ нест, шояд онро аз роҳи таҷрубаи динӣ мутакаллимон метавонад ба субут расонанд. Дар низоми эътиқоди динӣ, маҷмуаи гузораҳое мавриди назар қарор мегиранд, ки аз таҷрибаи динӣ бармеоянд ва чун амалияи динӣ воқеъ мешаванд.

 

Давом дорад 

Матлабҳои дигар