Фируза Латипова, сокини шаҳри Кӯлоб меҳмони редаксия шуда гуфт, ки бо 3 фарзанд хушдоманаш ӯро аз хонаи истиқоматӣ пеш карда истодааст.
- Хушдоманам аз хонае, ки бо ҳукми суд маскун гардидаам, маро бо 3 фарзандам пеш карда истодааст. Шавҳарам дар маҳбас. Ман ба суду прокуратураи ш.Кӯлоб рафта шикоят кардам, лек ба ин нигоҳ накарда, ӯ боз ба таҳдидҳояш идома медиҳад. Оилаи шавҳарам дар назди суд ариза навиштанд, ки дигар ба ман зӯрӣ намекунанд, аммо вақте ба хона меравам, боз вазъ ҳамон аст:
-таҳдид, зӯрӣ, ҷангу ҷанҷол ва таҳқир. Онҳо маро зиёд озор медиҳанд, боз ба куҷо муроҷиат намоям?