ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Окт 11 2018


Дуҳокимиятӣ
Дар аввали октябри с.1993 дар пойтахти Русия ҳаводисе сар заданд, ки ба задухӯрди мусаллаҳона дар Маскав печида, боиси рехтани хуни мардум шуд. Дар натиҷа, тибқи ахбори расмӣ беш аз 150.000 ва тибқи манобеи мустақил зиёда аз 1000 кас ҳалок шуданд. Дар Русия баъди таъсиси мансаби Президентӣ, дар с.1990 як навъ дуҳокимиятӣ ба амал омад. Тибқи Сарқонуни Русия ҳокимияти олӣ дар ин кишвар ба Анҷумани вакилони мардумӣ тааллуқ дошт. Бештари вукало дар Шӯрои Олии Русия фаъолият намуда, дар оғоз аз Елсин ва ҷонибдоронаш тарафдорӣ карданд. Ҳангоми аз миён бардоштани Горбачев вакилони мардумӣ дар канори Елсин қарор гирифта, дуҳокимиятӣ дар кишвар чандон ба назар намерасид. Аммо баъдан вазъ тағйир кард. Сиёсати иқтисодии ӯ норизогии тарафдорони дирӯзаашро ба миён оварда, вакилон бо сарварии Руслан Хисбулатови чечен зидди президенти Русия шӯриданд. Даргирии тарафайн декабри с.1992 дар Анҷумани 7-и вакилон оғоз шуд. Дар Анҷуман вакилон ва роҳбарияти Шӯрои Олӣ давлати Егор Гайдарро зери танқиди сахт қарор доданд.

Чоршанбе, Окт 03 2018


Кишвари сунъӣ
Шаби 29.09.1938 дар ш.Мюнхен-қароргоҳи Фюрербау миёни Олмон, Итолиё, Англия ва Фаронса созишномае ба имзо расид, ки дар таърих бо "созишномаи Мюнхен" маъруф аст. Созишнома, ки дар натиҷаи он Фюрери олмонӣ Чехословакияро ба Олмон ҳамроҳ кард, дар таърихнигории муосир бисёриҳо заминасози аслии ҷанги ҷаҳонии 2 медонанд. Чехословакия дар харитаи сиёсии ҷаҳон баъди ҷанги ҷаҳонии 1, дар натиҷаи созишномаи Версал арзи вуҷуд пайдо кард. Ин кишвари нав аз қисматҳои императории собиқи Австро-Венгрия таъсис дода шуд ва муассисони маънавии он 2 сиёсатмадори чех-Масарик ва Бенеш буданд. Дар ин кишвари навтаъсис чехҳо 46%, словакҳо 13%, немисҳо 28% ва венгерҳо 8%-и аҳолиро ташкил медоданд. 5% боқимонда бошад аз украинҳо, полякҳо ва яҳудиён иборат ёфта буд. Ҷудошавӣ аз Австрия Чехословакияро аз пардохти ҷубронпулии баъдиҷангӣ муоф кард ва ин ба кишвари тозатаъсиси чехҳо имкон дод, дар рушди иқтисодӣ ҳатто аз Олмон ҳам пеш равад. Дар оғоз кишвари чехҳоро танҳо ҳаракати сепаратистии словакҳо азият медод, лек аз с.1933 немисҳо низ таҳти таъсири таблиғоти Олмони ҳамсоя қарор гирифта, ҳаракати ҷудоихоҳиро роҳандозӣ карданд.

Панҷшанбе, Сен 27 2018


Императории шарр
Дар солҳои “ҷанги сард” нерӯҳои стратегии атомии ИМА ва СССР ҳамеша дар ҳолати омодабоши комили ҷангӣ қарор доштанд. Сентябри с.1983 ҷанги атомӣ миёни ин 2 кишвар қариб ба вуқӯ мепайваст. Дар яке аз ин ҳолатҳо, ки шаби 26.09.1983 сар зад, полковник Станислав Петров-сардори маҳалли фармондеҳии марказии системаи огоҳкунӣ аз ҳуҷуми мушакии шӯравӣ, ки дар шаҳраки ҳарбии “Серпухов-15” воқеъ шуда буд, ҷанги ҷаҳонии атомиро миёни 2 кишвар пешгирӣ кард. Соли 1983 дар таърихи муносибатҳои СССР бо ИМА чун қуллаи “ҷанги сард” маъруф шудааст. Дар ин сол президенти ИМА Роналд Рейган бори аввал СССРро “императории шарр” муаррифӣ кард ва ВАО ғарб ин истилоҳро ба таври васеъ зидди аввалин кишвари Шӯроҳо истифода мебурданд. ИМА бо баҳонаи таҳдиди таҷовуз нерӯҳои стратегии атомии худро пурра навоварӣ ва ба сохтани мушакҳои нави баллистикии байниқитъавӣ сар карданд.Танҳо чанде қабл аз ин ҳодиса 1.09.1983 тайёраи қиркунандаи шӯравии “Су-15” дар осмони Сахалин тайёраи мусофирбари “Боинг-747”-ро, ки ба ширкати ҳавоии “Кориэн Эйрланз”-и Кореяи Ҷанубӣ тааллуқ дошт, зада афтонд.

Панҷшанбе, Сен 20 2018


14.09.1917 Ҳукумати муваққат Русияро ҷумҳурӣ эълон намуд ва ин кишвар барои ҳамеша аз сохти подшоҳӣ озод шуд. Шикасти ин садди ҳазорсола феврали с.1917 иттифоқ уфтод. Инқилоби Февралӣ аввал дастгоҳи ҷазоиро, ки тавассути он синфҳои ҳукмрон синфи нодорро зер назорат нигаҳ медоштанд, аз миён бардошт. Дуввум он садди равони (психологи)-ро, яъне боварӣ бар устувории тартиботи вуҷуддошта, ки қарнҳо тавассути ин синфҳои ҳоким ба мардум иблоғ мешуд, бартараф кард. Саввум маҳз феврал ҳизби кадетҳо (ҳизби асосии буржуазияи рус)-ро сари қудрат овард ва ин ҳизб душмани асосии сохти подшоҳӣ шуд. Инқилоби Февралӣ чун ҳамоиши осоиштаи зиддиҷангии коргарон оғоз ёфт, аммо нақши калидиро дар он боз деҳқонон бозиданд. Аскарони гарнизони Петербург-деҳқонбачаҳои шинелпӯш аз тир кушодан ба коргарони пойтахт сар боз заданд ва ҳамоиши осоишта ба шӯриш табдил ёфт.

Чоршанбе, Сен 12 2018


Ҷумҳурии мухтор
Соли 1924 дар Осиёи Миёна 3 ҷумҳурии шӯравӣ-Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон таъсис дода шуданд. Тоҷикистон дар оғоз мебоист чун вилояти мухтор ба ҳайъати Ӯзбекистон шомил мешуд. Аммо баъди дахли инқилобиёни тоҷик, монанди Нусратуллои Махсум, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов... Маскав ба тоҷикон иҷоза дод, ки дар қисмати шарқии Бухоро Ҷумҳурии мухтори миллии худро таъсис диҳанд. Бо ҳамин, 14.10.1924 сессияи 2-уми КМИ СССР қарори пешинашро лағв кард ва дар Осиёи Миёна РСС Туркманистон, РСС Ӯзбекистон ва Республикаи Автономии Тоҷикистонро дар ҳайати Ӯзбекистон таъсис дод. Аммо ин ҷо низ адолат риоят нашуд ва ба мухторияти тоҷикон танҳо навоҳии дурдасти Бухорои Шарқӣ ва кӯҳистони Зарафшон шомил карда шуданд. Ба ҳайъати Тоҷикистони мухтор вилоятҳои Душанбе, Ҳисор, Қаротегин (Ғарм, Дарвоз, Ванҷ), Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Панҷакент, Ӯротеппа ва Сари Осиё дохил шуданд.

Панҷшанбе, Сен 06 2018


Кадети ноком
30.08.1918 ба ҷонии доҳии болшевикон Владимир Ленин суиқасд анҷом гирифт. Ӯ дар натиҷа сахт маҷрӯҳ шуд ва болшевикон ҳизби эссерони чапро дар ин ҷиноят айбдор намуданд. Аммо муҷриёни аслии суиқасд то ҳол дақиқ аён нестанд. Аввалин суиқасд ба ҷони Ленин 1.01.1918 иттифоқ уфтод. Дар натиҷаи ин суиқасд доҳии болшевикон осеб надид, танҳо яке аз роҳбарони дигари болшевик Фридрих Платен ҷароҳати сабук бардошт. Тибқи иттилои ВЧК ташкилкунандаи ин суиқасд княз Дмитрий Шаховский буд. Худи княз баъди чандин сол иқрор карда буд, ки маҳз ӯ созмондиҳандаи аслии суиқасд буд ва эълон намуд, ки барои куштани Ленин 500.000 рубл ҷудо карда буд. Иштирокчии дигар яке аз вазирони собиқи Ҳукумати муваққат, узви ҳизби кадетҳо Н.В.Некрасов зуд баъди суиқасд ному насабашро дигар карда, ба Уфа гурехт. Марти с.1921 Некрасовро қапида, ба Маскав интиқол доданд. Майи с.1921 дар Маскав Ленин бо ӯ вохӯрд. Доҳӣ баъди суҳбат бо Некрасов ӯро авф ва аз маҳбас озод кард. Миёнаҳои январи с.1918 суиқасди дувум ба ҷони доҳӣ ба нокомӣ анҷомид.

саҳ 38 аз 60

Китобҳо

Flag Counter