Принт

Таваллуди Доҳӣ ва Фюрер

Моҳи апрел 2 чеҳраи таърихии бисёр муҳим-Владимир Ленин ва Адолф Гитлер таваллуд шудаанд. Ин 2 нафар бо шеваи тафаккур ва хусусиёти амалкардашон, маҳсули замони хеш буданд, аммо ҳар кадом дар тақдири миллати худ ва миллатҳои дигар сахт таъсир гузоштаанд. 

Поярези марксизм дар Россия

Владимир Улянов-Ленин яке аз поярезони марксизм-ленинизм дар Россия ба шумор меравад. Ленин аввалин ҳизби коммунистиро дар ин кишвар роҳандозӣ карда, орзуи Марксу Энгелсро ҷомаи амал пӯшонд.                                                                                 

Қатли бародар

Ленин 22 апрели соли 1922 дар шаҳри Симбирски Россия, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Падараш бозраси мактабҳои халқӣ ва модараш низ зани таҳсилкарда ба шумор мерафт. Владимир солҳои 1879-1887 дар гимназияи Симбирск таҳсил намуда, онро бо медали тилло хатм кард.                                                                                                 

Лаҳзаи тақдирсоз дар зиндагии Ленин соли 1887 гардид. Дар ин сол ҳукумати вақт, бародари бузурги Ленин Александрро барои ширкат дар қатли император Александри III-юм ба қатл маҳкум кард. Марги бародар таъсире сахте дар Владимири ҷавон гузошт ва роҳи ояндаи ӯро муайян кард. 

Соли 1887 Ленин ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Қазон дохил шуд, аммо бо сабаби ширкат дар тазоҳуроти донишҷӯён, баъди 1 сол аз Донишгоҳ хориҷ гардид. Аммо Володяи ҷавон рӯҳафтода нашуда, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи Санкт-Петербург супорида, соли 1891 ба таври экстернӣ факултаи ҳуқуқшиносии онро хатм мекунад. Соли 1895 бо иштироки бевоситаи Ленин дар Петербург "Иттиҳоди мубориза барои озодии синфи коргар" созмон дода шуд, ки аввалин ташкилоти марксистӣ дар Россия ба шумор мерафт. Барои ин кораш Ленинро ба ҳабс гирифта, ба муҳлати 3 сол ба деҳаи Шушинскоеи Сибир бадарға карданд. Дар ин бадарға Ленин бо Надежда Крупская ошно шуда, Крупская то охири ҳаёти доҳӣ ёвар ва ҳаммаслакаш гардид.                                                                                                                                                                                                                            

Тахаллуси тасодуфӣ

Соли 1900 Владимир Ленин Россияро тарк карда, ба Аврупо рафт. Ӯ дар Олмон, Англия ва Шветсария зиндагӣ карда, дар он ҷо бо Г.Плеханов ошно мешавад. Плеханов ҳам яке аз шахсиятҳои инқилобии рус ба шумор рафта, нақши зиёде дар ҳаёти Ленин бозидааст. Маҳз бо кӯмаки Плеханов Ленин аввалин нашрияи умумируссиягии марксистӣ "Искра"-ро нашр кард.                                                 

Пайдоиши тахаллуси Ленинро низ ба ҳиҷрати аввалини ӯ рабт медиҳанд. Бори аввал ин тахаллус соли 1901 садо дод, вале то ба ҳол пайдоиши ин тахаллус номаълум боқӣ мондааст. Баъдан аз зани Ленин борҳо бобати ин тахаллус пурсида буданд, аммо Надежна Константиновна ҳамеша посух медод, ки сабаби аслиашро намедонад. Ба андешаи ӯ шавҳараш тасодуфан тахаллуси Ленинро интихоб намудааст.

Номзад ба ҷоизаи Нобелӣ

Соли 1903 дар Анҷумани II сотсиал-демократҳои рус Ҳизби состиалистон ба 2 шоха-меншевикон ва болшевикон тақсимбандӣ гардиду Ленин роҳбарии болшевиконро ба ӯҳда гирифт. Ҳангоми инқилоби аввали рус дар соли 1905, роҳбари болшевикон дар Шветсария қарор дошта, моҳи ноябри ҳамон сол  пинҳонӣ ба Россия баргашт.

Ленин то моҳи декабри соли 1907 Кумитаи марказии болшевиконро дар Петербург роҳбарӣ карда, соли 1907 дубора ба Аврупо рафт.                   

  Чеҳраи роҳбари болшевикон, дар солҳои ҷанги ҷаҳонии аввал дубора дурахшид. Ленин яке аз аввалинҳо шуда, шиори шикасти ҳукумати Россияро матраҳ кард. Тибқи ин шиор, ҷанги империалистӣ бояд ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил дода шуда, ба инқилоби ҷаҳонӣ мунҷар мегардид. Роҳбари болшевикон то ҷое ин шиори худро пиёда кард ва дар Россия ҷанги империалистиро ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил дод, аммо бо инқилоби ҷаҳонӣ кор каме омад накард. 

Моҳи октябри соли 1917 ба Ленин ва ҳаммаслаконаш муяссар шуд ҳокимиятро дар Петроград ба даст гиранд ва роҳбари болшевикон дастаҳои горди Сурхро ба Маскав интиқол дода, он ҷо ҳам ҳокимияти Шӯроҳоро барқарор кард. Ногуфта намонад, ки Ленин барои инқилобаш қариб соҳиби ҷоизаи Нобел ҳам мешуд. Соли 1917 Норвегия номзадии Ленинро барои дарёфти ҷоизаи Нобел пешниҳод намуд, аммо бо сабаби гузаштани вақти сабти номи довталабон ин пешниҳод рад карда шуд. Бо вуҷуди ин, Кумитаи нобелӣ изҳор намуд, ки ба Ленин ҷоизаро месупорад агар дар Россия сулҳ барқарор шавад. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ роҳбари болшевиконро аз дарёфти ҷоизаи Нобелӣ маҳрум намуд.  

Пангерманизми рассоми озод

Адолф Гитлер (Шиклгрубер) 20 апрели соли 1889 дар шаҳраки Браунаути Австрия ба дунё омадааст. Падараш хизматчии хурди идораи гумрук ва модараш хонанишин буд. Гитлер дар 14 солагӣ аз падар маҳрум гардида, соли 1907 модарашро ҳам аз даст дод. Баъди ин Адолфи ҷавон ба пойтахти Австрия-шаҳри Вена омад. Гитлер ба рассомӣ шавқи зиёд дошт ва 2 маротиба кӯшиш кард ба Академияи санъати Вена дохил шавад, аммо кӯшишҳояш амалӣ нашуданд. Баъди ин, Гитлер худро рассоми озод эълон карда, расмҳои кашидаашро дар кӯчаҳои Вена мефурӯхт. Ин ҳангом буд, ки Адолф ба сиёсат таваҷҷӯҳ кард ва дар ҷамъомадҳои гуногуни ҳизбҳои ростгаро ширкат менамуд. Маҳз дар ин ҷамъомадҳо, Гитлер бо консептсияи “пангерманизм” (бартарии нажоди олмонӣ) ошно шуда, тарафдори ашадии он мегардад.

Фюрери ҳизб

Баъди оғози ҷанги ҷаҳонии аввал, Гитлер ба хизмати аскарӣ даъват мегардад, вале ӯро ба артиши Австрия намепазиранд. Аммо Гитлер ба Олмон рафта, ба ҳайси ихтиёрӣ шомили артиши олмонӣ мегардад. Гитлер то охири ҷанг дар фронт буда, ба рутбаи ефрейторӣ ва ордени Салиби оҳанин (Железный крест) сазовор гардид. Гитлер соли 1919 аз артиш берун омад ва тирамоҳи ҳамон сол шомили Ҳизби миллӣ-сотсиалистии Олмон (НСДАП) гардид. Гитлер дар муддати кӯтоҳ дар ин ҳизб мавқеъи роҳбарикунандаро соҳиб шуда, моҳи июни соли 1921 ӯро роҳбар ё “фюрери” НСДАП интихоб намуданд. Моҳи ноябри соли 1923 Гитлер ва ҳаммаслаконаш кӯшиши табаддулоти давлатӣ карданд, аммо корашон омад накарду фюрер зиндонӣ гардид. Гитлерро ба 5 сол зиндон маҳкум намуданд, аммо ӯ баъди 9 моҳ ба озодӣ баромад. Маҳз дар ҳамин зиндон, Гитлер ба навиштани асари маъруфи худ “Майн кампф” (“Муборизаи ман”) шурӯ кард. 

Садри аъзами ноком

Баъди баромадан ба озодӣ Гитлер муборизаи сиёсиашро идома дода, билохира соли 1932 НСДАП дар интихоботи парлумонӣ овози аксариятро соҳиб шуд. Ҳамин тариқ, 30 январи соли 1933 президенти Олмон Гинденбург, фюрери НСДАП-ро садри аъзам ё рейхсканслери кишвар таъин кард. Баъди марги Гинденбург дар соли 1934, Гитлер президент, садри аъзам ва сарфармондеҳи олии Олмон гардида, ҳар 3 мансабро бо ҳам муттаҳид кард. Гитлер низ барои худ барномаи амалкардӣ дошт, ки он аз 2 қисмат иборат меёфт-торумори душманони дохилӣ ва фатҳи ҷаҳонӣ. Бо ин мақсад Гитлер бузургтарин ҷангро дар таърихи башарият роҳандозӣ кард. Аммо ӯ ҳам, танҳо 1 қисмати барномаашро пиёда кард. Фюрер тавонист душманони дохилиаш-коммунистон, сотсиал-демократҳо ва ғ.-ро торумор кунад, аммо дар фатҳи ҷаҳонӣ ноком гардид. Баъди шикаст дар ҷанг, Гитлер маргро бар асорат авло дида, моҳи маи соли 1945 худкушӣ кард

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

Матлабҳои дигар