ХАБАРИ ДОҒ

Дӯст омад, гарм дар оғӯш гир!

  • Душанбе, Июн 21 2021

 

 

10-11 июни соли ҷорӣ  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Маросими истиқболи расмии Президенти ҶӮ дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр хеле бошукӯҳ оро ёфта буд, баргузор гардид. Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон Президенти ҶӮ Шавкат Мирзиёевро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд. Аз ин пештар Эмомалӣ Раҳмон ба пешвози дӯсти самимӣ ва ҳамтои худ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе низ шахсан баромада буд. 

На танҳо роҳбарони 2 давлат ва вазирону раисону мансабдорони 2 кишвар, балки мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон низ аз ин сафар, ки бештар ба сафари дӯстон шабоҳат дошт, болидаву ба пешвози меҳмони олиқадр ба кӯчаҳои пойтахт ба қавле рехтанд.

Хабарнигори газетаи мардумии СССР низ рӯзи 10.06.2021 дар қатори садҳо намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Қасри миллат қарор дошт ва дар мавриди муҳимтарин нуқоти ин сафар гузориши вежа омода намуд. 

Хотиррас мешавем, ки гузоришҳои мо ҳамеша аз гузоришоти дигарон фарқ доранд. Зеро Мо Метавонем!

 

Сипос барои кӯмак!

   Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оғоз ёфта, пасон дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии 2 кишвар идома ёфт. Дар оғози музокирот бо иштироки ҳайатҳои расмии 2 давлат, Президенти ҶТ ҳамтои худ ва тамоми мардуми ӯзбеки бародарро бо ҷашни дар пешистодаи 30-солагии соҳибистиқлолии давлатии Ӯзбекистон самимона шодбош гуфтанд. 

   Дар ҷараёни мулоқот Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон раванди устувори рушди ҳамкории 2 кишвари бародарро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин дар бахши амниятӣ махсус таъкид карда, бори дигар ба Президент ва Ҳукумати Ӯзбекистон барои кӯмак дар шакли доруворӣ ва таҷҳизот, инчунин беморхонаи сайёр дар давраи душвори пандемияи нави коронавирус, изҳори миннатдорӣ намуданд.

   Музокироти ҳайатҳои расмии 2 кишвар аз вақти муайяншуда 2 соат бештар тӯл кашида, тавре пасон зимни баёнияи матбуотӣ Шавкат Мирзиёев иброз дошт, масъалаҳои зиёде буданд, ки «бояд онҳоро ҳаллу фасл мекардем ва ин воқеан вақт мехост!»

 

$ 1 миллиард – мубодилаи тиҷоратӣ

    Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои Форуми байниминтақавии сармоягузорӣ, ки дар арафаи сафари расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 09.06.2021 дар вилояти Хатлон баргузор гардида буд, баҳои баланд доданд. Қайд карда шуд, ки натиҷаҳои ин форум ва дар маҷмӯъ гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ аз мавҷудияти имконоти бузург барои тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, шаҳодат медиҳанд.

    Бояд қайд кард, ки ҳаҷми умумии маблағҳои созишномаҳо, лоиҳаҳо ва шартномаҳои тиҷоратии байниҳукуматӣ, ки ба имзо расидаанд ва дар чорчӯбаи сафар имзо мешаванд, ба зиёда аз 1 миллиард доллари америкоӣ мерасад.

1 нукта қобили зикр аст, ки рӯзи қабл аз сафари расмӣ, муовини сарвазири ҶӮ, Сардор Умурзоқов ба ш. Бохтар омад. Бе ягон помпез, бе ягон дағ-дағаву ҳангома, мисли мусофири оддӣ аз самолет пиёда шудаву бо мардум бо табассум ва дастафшонӣ салом дода, ба мошине нишаста, ба форуми соҳибкорони Тоҷику Ӯзбек рафт. Дар ин шеваи ҷаноби муовини сарвазир 1 шабоҳате бо хоксории вазирони аврупоӣ дида мешуд…

 

Бунёди 2 НБО дар Зарафшон 

    Дар вақти муҳокимаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор оид ба имкониятҳои татбиқи 1 қатор лоиҳаҳои нав, ки ба баланд бардоштани нишондиҳандаҳои тиҷорат ва тавсеаи ҷанбаҳои дигари ҳамкориҳои 2 кишвар нигаронида шудаанд, табодули афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, ҷонибҳо дар бораи лоиҳаи сохтмони муштараки 2 нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон бо иқтидори тахминии 320 мегаватт ва таъсиси 1 ширкати муштараки сармоягузорӣ, андешаронӣ карданд.

   Дар баробари ин сарони 2 давлат ба фаъолияти корхонаи муштараки “Артел Авеста Электроникс” (Artel Avesta Electronics), ки соли гузашта ифтитоҳ ёфт, баҳои баланд доданд.

Воқеан ҳам, бо ин проект, сарони 2 кишвар ба «моҷарои азалии прокаримовии  дарёҳои фаросӯ ва дохилӣ ва истифода аз онҳо» нуқта гузоштанд. Ин бузургтарин қадам дар самти ҳамдигарфаҳмӣ ва боварӣ ба ҳамсояи наздик маҳсуб меравад, ки муборакамон бод!

 

Ҷомӣ & Навоӣ-филми муштарак

   Дар доираи ҳамкориҳои судманд дар соҳаи фарҳанг ба хотири таҳкими дӯстии асил ва самимии мардумони 2 кишвар, ки таърихи қадима дорад, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оид ба ҳаёту фаъолияти ибратбахши нобиғаҳои адабиёту фарҳанг Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ 1 филми пурмазмуни таърихӣ таҳия кунанд.

СССР бар бовар аст, ки садсолаҳо ба баъд ҳатман филми пурмазмуни таърихии дигаре дар бораи ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии президентҳои 2 кишвар-Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев таҳия хоҳад шуд. Мо Метавонем!

 

Мактаб дар Самарқанду Беморхона дар Қубодиён

   Пас аз музокироти ҳайати ҳукуматҳо дар толори сафеди Қасри Миллат Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти ҶӮ Шавкат Мирзиёев дар вазъияти тантанавӣ бо пахши тугмаи рамзӣ, ба таври маҷозӣ, 2 иншооти муҳими соҳаи иҷтимоӣ-бинои Мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1400 хонанда дар 2 баст дар н.Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бо 200 катро дар н.Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

   Мактаби муосири таҳсилоти умумӣ барои 1400 хонанда дар 2 баст дар н.Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар масоҳати 1,5 гектар сохта шуда, аз 3 ошёна ва синфхонаҳои муосир, варзишгоҳ, толорҳои варзишӣ, синфхонаҳои фаннӣ, ошхонаи барҳаво ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Ин даргоҳи илму маърифат тӯҳфаи арзандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои фарзандони сокинони ш.Самарқанди Ӯзбекистон мебошад, ки бо нишони эҳтироми баланду самимӣ нисбат ба мардуми кишвари дӯсту ҳамсоя, бунёд шудааст.

    Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар н.Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он барои ташхис ва табобати беморон шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Маҷмааи тандурустӣ 19 шуъба дошта, бо таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ пурра муҷаҳҳаз гардонда шудааст, ки барои ташхиси дақиқу муолиҷаи саривақтии беморон муҳим мебошад.

    Соли гузашта дар н.Спитамени вилояти Суғд 1 мактаби нав барои 630 ҷой, ки онро дӯстони ӯзбек сохтаанд, ба истифода дода шуд. Сохтмони 1 муассисаи томактабӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар ш.Риштони вилояти Фарғона барои 200 ҷой дар арафаи анҷомёбист.

 

36 санади нави ҳамкорӣ

    Зимни сафари расмии Шавкат Мирзиёев, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 36 санади нави ҳамкорӣ ба тасвиб расид. Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо гузоштанд.

   Сипас, санадҳои зерин имзо карда шуд:  

   - Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;

   - Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Complex Mining Solution”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

   - Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба таъсиси “Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон”;

   - Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2018;

   - Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018;

   - Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2021-2022;

    - Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба таъсис додани ҷамъияти саҳҳомии муштарак, омодасозии арзёбии техникӣ-иқтисодии сохтмон ва истифодабарии 2 нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон;

   - Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамлу нақли транзитии борҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

   - Харитаи Роҳ барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2021-2022.

 

Эмомалӣ Раҳмон: «Мубодилаи мол 30 маротиба афзудааст!»

   Пас аз имзои санадҳои муҳими давлатӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба назди намояндагони воситаҳои ахбори 2 давлат баромаданд.

   Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ зимни суханронии хеш таъкид дошт, ки сафари расмии кунунии Президенти ҶӮ дар соли барои кишварҳои мо муҳим, 30-солагии истиқлолияти давлатӣ сурат мегирад.

   - Натиҷаҳои музокироти имрӯзаро мо ҳамчун зуҳури аёнии саъйи ҷонибҳо барои таҳкими муносиботи чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек байни 2 халқи бародар арзёбӣ мекунем. Мо масъалаҳои калидии ҳамкориҳои дуҷонибаро дар шакли шарикии стратегӣ ба таври муфассал муҳокима кардем, оид ба мушкилоти мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намудем. Бояд қайд кард, ки дар 6 соли охир ҳаҷми мубодилаи мол байни кишварҳои мо, дар маҷмӯъ, 30 маротиба афзоиш ёфтааст! 

    Маблағи умумии созишномаҳои байниҳукуматӣ, лоиҳаҳо ва қарордодҳои тиҷоратӣ, ки ҳангоми сафари кунунии Шавкат Миромоновичи муҳтарам ба Тоҷикистон ба имзо расидаанд, ба беш аз 1 миллиард доллар мерасад. Мо ба дӯстони ӯзбеки худ пешниҳод кардем, ки дар ташкили корхонаҳои муштарак дар заминаи корхонаҳои фаъоли саноатии соҳавии Тоҷикистон дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва металлургияи ранга, инчунин дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ширкат варзанд. Мувофиқа кардем, ки якдигарро дар истифодаи фаъолонаи афзалиятҳои муқоисавии бахши кишоварзии кишварҳоямон барои истеҳсоли маҳсулоти заминавии озуқаворӣ дастгирӣ кунем, афзуд Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон. 

 

Ордени «Зарринтоҷ»-рамзи дӯстиву рафоқат

10.06.2021. Дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» дар доираи сафари расмии Президенти ҶӮумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон Сарвари кишвари дӯсту бародар Шавкат Мирзиёев «Барои хизматҳои барҷаста дар таҳким бахшидани муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни халқҳои тоҷику ӯзбек, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башардӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар вазъияти тантанавӣ бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи I сарфароз гардонида шуданд.

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР,

Қасри миллат, 

10.06.2021.

PS: Ҳамчун журналист ман аз 1 чиз сахт ифтихор кардам: вақте ҳамтоҳои ӯзбеки ман ба Қасри Миллату Кохи Наврӯз ворид шуданд, бо маънои хубу мусбияш даҳонашон воз монд-ишон бо ҳайрати пур аз ифтихор ба девору сутуну гулбасту чӯбкориву нақшу нигори ин 2 бино, ки аз ифтихороти миллиянду зодаи даврони иститқлолият, менигаристанд. Бовар доштам, ки онҳо то ин замон бовар намекарданд, ки Душанбе то ин ҳадд зебову диданӣ ва назаррабо шудааст.

Мо метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter