Принт

ЮРИЙ БАРАНОВ – ЛЕГЕНДАИ ВАРЗИШ РЕКОРДСМЕНИ 49 – КАРАТАИ ҶАҲОН

 

Пролог

23 июли соли 2021. Доктори илми фалсафа Давлатхӯҷа Назаров занг зад: - Дарак дорӣ, рӯзи 21.6.2021 дар шаҳри Краснодар Юрий Баранов, дар синни 79 – солагӣ аз дунё гузашт?

Гуфтам: - На.

Гуфт: - Ақаллан фаҳмидӣ, киро дар назар дорам? 

Гуфтам: - Оре, рекордсмени 49 – каратаи ҷаҳон оид ба ҷаҳиш аз парашют. Варзишгари оламшумули тоҷикистонӣ, зодаи шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе).

- Хоҳиш, дар бораи даргузашти Юрий Иванович дар ягон газета аз номи дӯстон ёдвора нависед.  Рӯзномаро ба фарзандонаш бифристем, то бидонанд, ки ӯро дар Тоҷикистон фаромӯш накардаанд.

«Энсиклопедияи советии тоҷик» - 0 сатр

Аз паи дарёфти шарҳи ҳоли Юрий Иванович Баранов ҷадал кардам. Нахуст аз ҷилди 1 – уми «Энсиклопедияи советии тоҷик» (Душанбе, 1978, саҳ. 373), ҳарфи «Б» - ро ҷустам. Мурод ҳосил нагашт. 

Мумкин дар ҷилди охирини қомус, дар бахши «Иловаҳо» бошад гӯён, ҷилди 8 – уми қомуси мазкурро варақ задам. Ҳайҳот…

«Энсиклопедияи миллии тоҷик» - 10 сатр

Ба худ гуфтам, боке не. Қомуси даврони истиқлолро мебинем, мушкил осон мешавад. Аз «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ҳарфи «Б» - ро ёфтам. Хушбахтиамро ҳадду канор набуд. Расо 10 сатр (бе акси варзишгар) аз зиндагиномаи легендаи варзиши ҷаҳон мақом ёфта, ки он ба чунин зайл аст:

«Баранов Юрий Иванович (тав. 1942), варзишгари тоҷикистонӣ (ҷаҳидан бо парашют). Хатмкардаи УДТ (1964). Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, Устоди хизматнишондодаи варзиши ҶТ (2002), рекордсмени 49 – каратаи ҷаҳон, чемпиони чандинкаратаи ИҶШС. Дар дунё ҳеҷ кас бо парашют аз Б. бисёртар наҷаҳидааст. Ӯ беш аз 16 ҳазор (?) маротиба бо парашют ҷаҳидааст. Б. варзишгари барҷастаи Тоҷикистон оид ба намудҳои ҳарбию техникии варзиш дар а. 20 дониста шудааст. Бо ордени «Нишони Фахрӣ» сарфароз гардидааст» (ЭМТ, ҷилди 2, Душанбе, 2013, саҳ. 346).

Юраи душанбегӣ

Бо пайдои даҳ сатр ҳуваам нашикаст. Ба дигар маъхаз рӯ овардам. Маълум шуд, ки Юрий Баранов 19.5.1942 дар шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) ба дунё омадааст. Миллаташ рус. Соли 1963 (?) факултети геологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст.  

То соли 1997 дар шаҳри Душанбе мезист. Баъд бо аҳли хонавода ба шаҳри Краснодари Россия мекӯчад.

Дар мусобиқаҳои умумииттифоқӣ ва ҷаҳонӣ аз тими ДОСААФ – и РСС Тоҷикистон дар ҷаҳидан бо парашют иштирок мекард.

Устоди варзиши СССР. Тренери хизматнишондодаи Тоҷикистон. Зиёда аз 17 ҳазор маротиба бо парашют ҷаҳидааст. Юрий Баранов садҳо нафар варзишгарон – парашютчиёнро дар шаҳри Душанбе тарбият кардааст.

 

Хазина

Полковники авиатсия Юрий Иванович Баранов 17 ҳазору 216 маротиба бо парашют ҷаҳидааст. Юрий Иванович 2 – маротиба ба китоби рекордҳои ҷаҳонии Гиннесс дохил шудааст. Вай нафарест, ки якумин шуда 13, 14, 16, 17 ҳазорумин маротиба бо парашют ҷаҳидааст.  Устоди варзиши Россия аст. 

Ю. И. Баранов дар озмоиши 12 – навъи парашютҳои наҷотдиҳӣ, десантӣ ва варзишӣ иштирок кардааст. Барои иҷрои муваффақонаи озмоишҳо бо ордени Ситораи Сурх қадр шудааст.

Кам касон огаҳанд, ки Ю. И. Баранов яке аз шахсиятҳои калидии ҳукумати кунунии Россия Дмитрий Рогозинро машқ додааст ва ба ӯ ҳаққи устодӣ дорад. 

Ю. Баранов роҳбар ва иштирокчии парвоз бо пароплан аз қуллаҳои баландтарини СССР – қуллаи Ленин (ҳозира Исмоили Сомонӣ – 7135 м) ва қуллаи Коммунизм (7470 м) – и Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар солҳои 1988 – 1991 мебошад.

Юрий Иванович дар 70 – солагиаш низ бо парашют ҷаҳидааст. Муҳаббат ба фазоро дар қалби духтару писараш ҷо кардааст. Панҷ набера – панҷ ҷавонписар идомабахши орзуҳои варзишгари оламшумуланд. 

Эпилог

Фаромӯш набояд кард, ки дар асри ХХI аз Тоҷикистони соҳибистиқлол дилхоҳ нафар ба чор сӯи олам ба сафар мебарояд. Бо амри дил мамоликеро макони зист ихтиёр мекунад. Ҳини рӯзгор дар зодбум нафарони зиёде дар ин ё он риштаи варзиш зодбуми хешро машҳури офоқ мегардонанд. Қисмате бо кашфиёт, диловарӣ, навоварӣ ва қаҳрамонӣ Тоҷикистони азизро дар дунё муаррифӣ менамоянд. Онҳо номбардорони Ватан ҳастанд, қатъи назар аз он, ки дар кадом гӯшаи олам умр ба сар мебаранд. Ин ҳамаро ба ҳич ваҷҳ фаромӯш набояд кард. Бавижа легендаи варзиши ҷаҳонӣ Юрий Баранов, рекордсмени 49 – каратаи ҷаҳонро.

 

Борбади МУСТАФО

4.8.2021

 

 

    

 

Матлабҳои дигар