ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Май 31 2023

 

17.05.1918.Оғози шӯриши корпуси чехословакӣ дар Сибир. Корпуси 30.000-нафараи чехословакӣ, ки мебоист тавассути Владивосток Русияро тарк мекард, дар роҳ шӯриш бардошт. Бо ин исён ҷанги шаҳрвандӣ дар Русия оғоз гардид.

17.05.1919. Дар Русияи шӯравӣ тамоми моликияти калисоҳо ва савмааҳо миллӣ эълон карда шуд.

17.05.1921. Дар РСФСР Декрет оид ба милликунонии корхонаҳои хурд лағв карда шуд. Ин аввалин қадам барои роҳандозии Сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП) гардид.

17.05.1934. Дар Олмони фашистӣ яҳудиён аз ҳаққи суғурташавии тиббӣ маҳрум карда шуданд.

17.05.1948.СССР расман эълон намуд, ки Исроилро чун давлат эътироф мекунад.

18.05.1928. Дар СССР баррасии «Парвандаи Шахтинск» (суиқасди зиддишӯравии муҳандисони Донбасс) оғоз шуд, ки нахустин делои ҷиноии сиёсӣ дар СССР ба шумор мерафт.

18.05.1967. Юрий Андропов раиси Кумитаи бехатарии давлатӣ (КГБ) дар назди Шӯрои Вазирони СССР таъин карда шуд.

18.05.1989. Шӯрои Олии РСС Литва Эъломияи соҳибистиқлолии Литваро қабул кард.

19.05.1922. Дар Маскав конфронсии умумииттиҳодии комсомол доир ва дар он қарор «Оид ба таъсиси дастаҳои пионерӣ» қабул карда шуд. Маҳз ин рӯз, чун рӯзи таъсиси Ташкилоти умумииттиҳодии пионерӣ шумурда мешавад.

20.05.1919. Дар Маскав Нашриёти давлатии РСФСР (“Госиздат”) таъсис дода шуд, ки вазифааш ҳамоҳансозии тамоми кори нашриётӣ дар Русияи шӯравӣ буд.

20.05.1970. Роҳбари коммунистони Чин-Мао Дзэдун ба оғози инқилоби ҷаҳонӣ зидди империализми амрикоӣ даъват намуд.

21.05.1991. Дар Маскав Анҷумани IV-и вакилони мардумии РСФСР доир шуд ва дар он Қонун дар бораи Президенти РСФСР ба тасвиб расид.

22.05.1936. Дар СССР аввалин чемпионат оид ба футбол доир шуд. Аввалин бозӣ миёни «Динамо»-и Ленинград ва «Локомотив»-и Маскав баргузор гардид.

23.05.1924. Дар ш.Маскав Анҷумани XIII-и РКП (б) барпо шуд. Ин аввалин Анҷумане буд, ки бе иштироки роҳбари ҳизбии болшевикон Владимир Ленин мегузашт. Дар он Мактуби Ленин ба Анҷуман хонда шуд ва И.Сталин қариб буд ба истеъфо мерафт, аммо тарафдоронаш ӯро аз ин кор манъ карданд.

Чоршанбе, Май 24 2023


10.05.1932. Дар заводи «Коминтерн»-и Ленинград 20 телевизори нахустини шуравӣ истеҳсол карда шуданд.

10.05.1933.Дар пойтахти Олмони фашистӣ китобсӯзии бузург иттифоқ уфтод. Пайравони Фюрер садҳо ҳазор ҷилди кутуби Гейне, Ремарк, Хэменгуэй, Фейхтвангер ва дигар нависандагонро дар донишгоҳи Берлин ба оташ кашиданд.

10.05.1940.Артиши олмонӣ дар Фронти Ғарбӣ, зидди нерӯҳои англисӣ, фаронсавӣ, ҳолландӣ ва белгиягӣ ба ҳуҷум гузаштанд. Дар рафти ҳуҷум, немисҳо бори аввал тактикаи нави худ «Блитскриг» (“Ҷанги барқосо”)-ро истифода бурданд. Ҳуҷум бисёр бобарор буд ва дар 1 моҳ немисҳо тавонистанд Ҳолланд, Белгия ва Фаронсаро ишғол намоянд.

11.05.1939.Оғози даргириҳо дар Халхин-Гол. Ҷанги миёни артиши японҳо аз 1 сӯ ва нерӯҳои муттаҳидаи Артиши Сурх ва Муғулистони шӯравӣ аз сӯи дигар. Дар Халхин-Гол бори аввал ситораи маршали ояндаи шӯравӣ Г.Жуков дурахшид. Нерӯҳои таҳти фармони ӯ тавонистанд ба японҳо шикасти сахт ворид кунанд ва орзӯи ҷангидан бо СССР-ро барои ҳамеша аз сарашон дур андозанд.

11.05.1944. Бо Қарори Кумитаи Давлатии Мудофиа тоторҳо, булғорҳо ва юнониён аз Қрим ба навоҳии дигари Шӯравӣ бадарға шуданд.

11.05.1955.Дар пойтахти Полша-ш.Варшава машварати намояндагони 8 кишвари шӯравии аврупоӣ (СССР, Албания, Болгария, Венгрия, ГДР, Полша, Руминия) оид ба таъмини сулҳ ва бехатарӣ дар Аврупо доир шуд. Дар ин машварат тарафҳо қарор доданд, миёни ҳам созишномаи ҳамкорӣ банданд. Созишномаи байни кишварҳо 14 май ба имзо расида, бо Созишномаи Варшава маъруф шуд.

12.05.1944. Артиши Сурх дар рафти ҶБВ нимҷазираи Қримро пурра аз тасарруфи немисҳо озод кард.

13.05.1921.Дар СССР бо қарори Шӯрои Комиссарони халқӣ (ШКХ) хонаҳои истироҳатӣ роҳандозӣ шуданд. Дар ин хонаҳо меҳнаткашони шуравӣ бо оилаҳояшон дам мегирифтанд.

13.05.1934.Дар Маскав аввалин нишасти комиссия оид ба қабули аъзо ба Иттиҳоди нависандагони шӯравӣ оғоз шуд. Билети аъзогии №1 ба М.Горкий супорида шуд.

14.05.1917.Дар ш.Маскав Анҷумани 1-и умумирусиягии мусалмонон ифтитоҳ ёфт. Дар Анҷуман беш аз 800 вакил, ки ҳизбу ташкилотҳои гуногунро намояндагӣ мекарданд, ширкат варзиданд.

Чоршанбе, Май 17 2023


6. 05. 1917. Дар Русия Қонун бобати таъсиси кумитаҳои заводӣ ба тасвиб расид. Ин кумитаҳо қабули коргарон ва хориҷ кардани онҳоро аз корхона назорат мекарданд.

6. 05. 1920. Нерӯҳои Артиши полякӣ дар рафти ҷанги Полша бо РСФСР пойтахти Украина-шаҳри Киевро ба тассаруф дароварданд.

7. 05. 1934. Дар вилояти Амури СССР, Вилояти Мухтори Яҳудиён таъсис дода шуд. Пойтахти вилояти навтаъсис шаҳри Биробиҷан интихоб гардид.

7. 05. 1945. Соати 21:41 дақиқа, дар шаҳри Реймси Олмон, аввалин санади таслими бе чунучароӣ Олмони фашистӣ ба имзо расид.

7. 05. 1951. Кумитаи байналмиллалии Олимпӣ аз СССР даъват кард дар бозиҳои Олимпии соли 1952 ширкат варзад.

7. 05.1985. Шӯрои Вазирони СССР қарор «Бобати чораҳо барои рафъи майзадагӣ ва алкоголизм ва аз байн бурдани самогонпазӣ»-ро ба тасвиб расонид. Акнун дар СССР фурӯши маҳсулоти алкоголӣ танҳо дар ҷойҳои махсус ва дар соатҳои муаян амалӣ мегардид.

7. 05.1988. Дар СССР маҷлиси муассисони «Иттиҳоди демократӣ» доир гардид.  Иттиҳоди демократӣ, аввалин ҳизби сиёсии мухолифи ҲКИШ ба шумор мерафт ва ба он Валерия Наводворская сарварӣ мекард.

8. 05.1945. Дар СССР Рӯзи ғалаба муқаррар карда шуд ва онро 9 Май ҷашн мегирифтанд.

9. 05.1917. Ҳукумати Муваққати Русия эълон намуд, ки дар кишвар сензураи матбуот барҳам дода мешавад.

9.05.1945. Дар майдони ҳавоии Марказии ба номи М. Фрунзе, тайёраи Ли-2 ба сарварии сарнишин И. Семенков фуруд омад. Семенков ба Маскав хабари бениҳоят хуш, санади таслими бечунучарои Олмони фашистиро овард.

9.05.1992. Дар рафти ҷанги арману озарӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ артиши арманиҳо, шаҳри калидии Шушаро ба тассаруф даровард. Баъди суқути Шуша, Қарабоғ ба пуррагӣ ба тассаруфи арманиҳо даромад.

10.05.1940. Артиши олмонӣ дар Фронти Ғарбӣ амалиёти таҳоҷумиро алайҳи нерӯҳои муштараки иттифоқчиён (нерӯҳои англисӣ, фаронсавӣ, ҳолландӣ ва белгиягӣ) анҷом доданд. Амалиёти «Гелб» аввалин тарҳи ҷанги барқосо «блитскриг» ба шумор меравад, ки бо ғалабаи пурраи немисҳо анҷом ёфт.

Чоршанбе, Май 10 2023

 

26.04.1920. Таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Хоразм. Ин ҷумҳурии нав дар қаламрави собиқ хонигарии Хоразм таъсис дода шуд ва ҳудуди Туркманистон ва Узбекистони имрӯзаро дар худ муттаҳид мекард. С.1922 ҶХШ Хоразм аз миён бардошта шуд ва қаламраваш ба РСС Туркманистон ва Ӯзбекистон гузашт.

26.04.1945. Дар рафти муҳорибаи Берлин тонкҳои шӯравӣ маркази шаҳрро рахна карданд. Ин ҳарб охирин ва бузургтарин задухӯрдҳои ҶБВ буд, ки 16 рӯз идома ёфт ва Артиши Сурх баъди ҷанги шадид, пойтахти Рейхи 3-умро тасарруф кард.

26.04.1986. Садама дар Нерӯгоҳи атомии Чернобил. Он яке аз бузургтарин садамаҳои атомии асри 20 ба шумор меравад, ки қариб буд Аврупоро маҳв кунад.

27.04.1918.Дар Русияи Шӯравӣ бо қарори КМИ кишвар ҳаққи варосат (меросбарӣ) бекор карда шуд. Дар аввалин кишвари Шӯроҳо дигар касе аз касе ирс намебурд. Албатта болшевикон ба бемантиқии ин қонун зуд пай бурданд ва 22.05.1922 онро бекор намуданд.

27.04.1932.Раёсати КМИ СССР аввалин Кодекси ҳавоии СССРро ба тасвиб расонид.

27.04.1978.Инқилоби савр (апрелӣ) дар Афғонистон. Дар ин рӯз нерӯҳои мусаллаҳи ба Ҳизби Халқи Демократии Афғонистон содиқ ҳукумати Довудшоҳро сарнагун карданд ва қудрат ба дасти коммунистон гузашт. Ин инқилоб мунҷар ба ҷанги дарозмуддат дар Афғонистон гашт, ки то ҳол идома дорад.

28.04.1920. Таъсиси РСС Озарбойҷон.

28.04.1953.Дар СССР Василий-писари Иосиф Сталин ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ ба округи ҳавоии Маскав фармондеҳӣ мекард ва баъди марги падар вазири мудофиаи СССР Н.Булганин ӯро наздаш даъват карда, хост Маскавро тарк кунад. Аммо Вася ба фармони вазир гӯш надод ва ӯро аз артиш берун карданд. Вася ба сафорати Чин муроҷиат кард, то барояш дар ин кишвар паноҳгоҳ диҳанд. Баъди ин кор ӯро фавран ба ҳабс гирифта, 8 сол зиндонӣ карданд.

29.04.1918. Дар Петроград киностудияи «Ленфилм» таъсис дода шуд, ки он замон киностудияи Кумитаи Петроградии Иттиҳоди Коммунаҳои Шимолӣ номида мешуд. «Ленфилм» баъди чанде ба яке аз бузургтарин киностудияҳои СССР табдил ёфт.

30.04.1907. Дар Лондон Анҷумани V-и РАСДРП ифтитоҳ ва охирин нишасте шуд, ки дар он болшевикону меншевикон дар якҷоягӣ ширкат варзиданд.

Чоршанбе, Май 03 2023


11.04.1921.Таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Туркистон. Маркази ҷумҳурии мухтори Туркистон шаҳри Тошканд шуд ва мухторияти навтаъсис ба ҳайъати РСФСР шомил мегардид. Аҳолии ҶМТ 5 млн нафар буд ва ин мухторият то 27.10.1924 арзи вуҷуд кард.

11.04.1945. Дар Маскав миёни СССР ва Югославия созишномаи 20-солаи дӯстӣ, кумак ва ҳамкории баъдиҷангӣ ба имзо расид. Созишномаро Броз Тито ва Сталин имзо карданд. Бо вуҷуди ин, тарафи СССР сентябри с.1949 созишномаро ба хотири итоат накардани Тито аз эътибор соқит кард.

11.04.1981.Мусиқинавозони машҳури шӯравӣ-Максим Шестакович ва писараш Дмитрий, ки писар ва набераи оҳангсозӣ машҳур Дмитрий Шестакович буданд, ҳини сафари хидматӣ ба Олмони Ғарбӣ эълон карданд, ки дигар ба СССР барнамегарданд.

11.04.1991. КМ ҲКИШ мактуби кушодаеро нашр намуд, ки тибқи он аз коммунистон даъват карда мешуд, ислоҳотхоҳони ашаддиро аз сафҳои ҳизб берун кунанд. Ин мактуб сабаб шуд, ки яке аз коммунистони ислоҳотхоҳ Николай Травкин эълон кард, аз ҲК хориҷ шуда, ҳизби навро бо номи Ҳизби демократӣ таъсис медиҳад.

12.04.1918. Нерӯҳои Артиши Сурх ва ВЧК соати 3-и субҳ якбора ба 26 лонаи анархистон шабехун заданд. Анархистон ҳама мусаллаҳ буданд ва ҳеҷ нерӯро эътироф намекарданд. Амалиёт бобарор анҷом гирифт ва анархистон шикасти сахт диданду тамоми силоҳашон мусодира шуд ва худ ба пинҳонкорӣ гузаштанд.

12.04.1961. Аввалин парвози инсон ба фазои кайҳон. Кайҳоннаварди шӯравӣ Ю.Гагарин дар киштии кайҳонии «Восток» ба фазо баромада, Заминро давр зада, поин омад.

12.04.1984.Дар мактабҳои миёнаи СССР маълумоти миёнаи 11-сола ҷорӣ карда шуд.

13.04.1919.Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Бавария. Дар ин рӯз коммунистони олмонӣ шӯриши зиддиинқилобиро дар Мюнхен пахш карда, Ҷумҳурии Шӯравии Баварияро созмон доданд.

13.04.1941. СССР бо Япония Созишномаи ба ҳамдигар ҳуҷум накарданро ба имзо расонид.

14.04.1918. Дар Русияи шӯравӣ бо қарори КМИ парчами сурх, парчами давлатии Ҳукумати Шӯравӣ эълон карда шуд.

14.04.1978.Дар ш.Тбилисӣ-пойтахти РСС Гурҷистон намоиши оммавии мардумӣ доир шуд. Намоишгарон аз ҳукумат талаб доштанд, забони гурҷиро ба ҳайси забони расмии кишвар эътироф кунанд.

Чоршанбе, Апр 26 2023

 

4.04.1917.Сафири Олмон дар Шветсария нақшаи убури роҳбарони инқилобиёни русро, ки дар муҳоҷират қарор доштанд, дарёфт кард. Тибқи нақша, В.Ленин ва чанде дигар аз роҳбарони ҳизби сотсиал-демократ ба Петроград интиқол дода шуданд.

4.04.1917.Баъди бозгашт ба Петроград В.Ленин тезисҳои маъруфи апрелии худро навишт. Тибқи «Тезисҳои апрелӣ» ҳизби болшевик мебоист аз марҳалаи аввали инқилоб ба марҳалаи дуввум-инқилоби сотсиалистӣ мегузашт.

4.04.1949.ИМА ва иттифоқчиёни наздиктаринаш барои муқобила бо СССР Иттиҳоди ҳарбии атлантикаи шимоли (НАТО)-ро таъсис доданд.

4.04.1953.Ҳукумати шӯравӣ ба намояндагони Шветсия, ки мебоист ба Маскав меомаданд ва ба Александр Солженитсин ҷоизаи Нобелиро дар бахши адабиёт тақдим мекарданд, виза надод.

5.04.1937. Дар СССР Николай Ежов сарвари НКВД таъйин гардид.

5.04.1942. Фюрери олмонӣ Адолф Гитлер дастуруламали нави худро имзо кард, ки тибқи он мақсади асосии ҳуҷуми тобистонии артиши олмонӣ нафти Қафқоз муайян шуд.

5.04.1951.Суди олии ИМА ба Ҷулиус ва Этел Розенберг барои ҷосусӣ ба нафъи СССР ҳукми қатл баровард. Ин зану шавҳар ба он айбдор шуданд, ки махфитарин асноди атомии ИМАро дар ихтиёри тарафи шӯравӣ қарор доданд.

5.04.1980.СССР ва Афғонистон миёни ҳам созишномаеро оид ба будубоши нерӯҳои ҳарбии шӯравӣ дар Кобул ба имзо расониданд. Тибқи созишнома  сарбозони шӯравӣ дар Афғонистон ҳузури расмӣ пайдо карданд.

6.04.1941.Нерӯҳои ҳарбии Олмони фашистӣ ба Югославия ва Юнон дарафтоданд. Юнон ва Югославияро мебоист нерӯҳои итолиёӣ тасхир мекарданд, лек сарбозони Муссолинӣ ба шикаст мувоҷеҳ шуданд ва Гитлер маҷбур шуд ба ёрии иттифоқчиаш шитобад. Амалиёти Югославия нақшаи ҳуҷум ба СССРро ба таъхир андохт ва ба ақидаи бархе маҳз ин сабаби аслии нокомии блитскриги немисҳо дар СССР гашт.

6.04.1978.Сафири фавқуллода ва мухтори СССР, Аркадий Шевченко, ки ҷонишини ГенСеки СММ низ буд, аз ИМА паноҳандагии сиёсӣ дархост кард.

7.04.1935.Дар СССР қарори ҳукумат «Оид ба чораҳои мубориза бо ҷинояткорӣ миёни ноболиғон» ба тасвиб расид. Тибқи ин қонун ноболиғон аз 12-солагӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешуданд ва барояшон ҳатто ҳукми қатл низ дар назар гирифта мешуд.

саҳ 2 аз 60

Китобҳо

Flag Counter