Принт

Аз ГТО то кишти ҷуворимакка

12.01.1913.Иосиф Ҷугашвили бори аввал тахаллуси Сталинро ба кор бурд. Коба дар шаҳри Вена яке аз мақолаҳои худро бо номи "Марксизм ва масъалаи миллӣ" бо ин имзо чоп кард. Дар маънии калимаи Сталин муаррихин ихтилофи назар доранд. Ба диди тарҷумон Н.Н.Вашкевич калимаи Сталин решаи арабӣ дошта, аз "истала" маншаъ мегираду маънояш "шамшер кашидан" аст.

 12.01.1955.Оғози сохтмони Байконур. Баъди пошхӯрии СССР Байконур ба Қазоқистон дода шуд ва Русия онро то соли 2050 ба иҷора гирифт.

12.01.1989. Дар СССР баҳисобгирии умумииттиҳодии аҳолӣ гузаронида шуд. Ин охирин баҳисобгирии аҳолӣ дар аввалин кишвари Шӯроҳо шуд ва тибқи он аҳолии СССР 286 млну 717.000 нафарро ташкил дод.

13.01.1940.Киштии яхшикани шӯравӣ "Георгий Седов" баъди 812 рӯзи асорат дар яхҳои Арктика ба Мурманск баргашт. Киштӣ миёни яхҳо аз кор монда, ҳайати он тавонист онро бе кумаки беруна таъмир кунад. Баъди бозгаштан ҳамаи 15 нафар аъзои ҳайати киштӣ бо унвони фахрии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадр шуданд.

13.01.1991.Артиши Шӯравӣ бо ҳамлаи шадид бинои марказии ТВро дар Вилнюс ба тасарруф даровард. Дар Латвия ҳамасола ин рӯзро чун рӯзи мудофеони озодӣ бо тантана қайд мекунанд.

13.01.1980.СММ бо аксарияти овозҳо ворид кардани нерӯҳои Артиши Шӯравиро ба Афғонистон маҳкум кард.

14.01.1962.Дар СССР хатти лӯлаи нафтии "Дружба” ба кор сар кард, ки калонтарин хатти интиқоли нафт дар дунё буда, аз ҷониби ташкилоти "Ленгазспетсстрой" бо мақсади фиристодани нафт аз СССР ба кишварҳои сотсиалистии Аврупо сохта шуд. Масири ин хат аз Самара оғоз ва то шаҳраки Мозир расида, сипас ба 2 қисм тақсим мешуд. Қисмати шимолӣ аз ҳудуди Белоруссия, Полша, Олмон, Латвия ва Литва мегузашт ва қисмати ҷанубии он аз Украина убур намуда ба Чехословакия, Венгрия ва Хорватия мерафт. 

15.01.1930.Дар шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт Петербург) аввалин светофори шӯравӣ дар нуқтаи пайвастшавии хиёбонҳои Невский ва Литейний барои танзими ҳаракати нақлиёти мошингард насб карда шуд.

 

15.01.1996.Нерӯҳои артиши Русия амалиёти озодсозии деҳаи Первомайскийро дар Доғистон, ки аз ҷониби ҷангиёни чечен ишғол шуда буд, оғоз карданд.

17.01.1972.Дар СССР бо қарори КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони СССР нишонаи нави Умумииттиҳодии варзишии "Ба меҳнат ва мудофиаи СССР тайёр!"-ро қабул карданд. Ин нишона, ки бо ГТО маъруф аст, ҷузъи барномаи тайёрии варзишии тамоми ташкилотҳои умумимаълумотӣ, варзишӣ ва профессионалии СССР ба шумор мерафт ва ҳадаф тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон буд. ГТО аҳолии аз 10 то 60-соларо дарбар мегирифт.

18.01.1943.Артиши Сурх муҳосираи Ленинградро рахна кард. Ленинград 2-умин шаҳри бузурги СССР буда, тирамоҳи соли 1941 аз ҷониби артиши Олмонӣ ва Фин ба муҳосира гирифта шуда буд.

18.01.1961.КМ ҲКИШ нақшаи Никита Хрушевро дар бобати тағир додани хоҷагии қишлоқи СССР ба тасвиб расонид. Акнун дар аввалин кишвари Шӯроҳо ба ҷои ғалла ва ҷавдона кишти ҷуворимакка роҳандозӣ гардид.

М.Салимшо

 

Матлабҳои дигар