Принт

Аз эътирози Тито то вопасин анҷуман

 

28.06.1914. Дар шаҳри Сараевои Югославия эртсгертсоги австриягӣ Франтс Фердинанд аз ҷониби гимназисти серб Гаврила Принтсип ба қатл расид. Фердинанд валиаҳди императори Австро-Венгерия ба шумор мерафт ва қатли ӯ баҳонаи сар задани ҷанги аввали ҷаҳонӣ шуд. Ҷанге, ки инсоният назирашро то ба ҳол надида буд ва боиси суқути 4 империя гардид.

28.06.1919. Дар шаҳри Париж-пойтахти Фаронса созишномаи сулҳ миёни кишварҳои Антанта ва Олмон ба имзо расид. Он дар қасри Версали Порис ба имзо расид ва созишномаи Версал номгузорӣ шуд. Созишнома ба ҷанги ҷаҳонии аввал хотима бахшид, аммо Олмонро дар вазъи баде қарор дода, заминасози ҷанги ҷаҳонии 2-ум гардид.

28.06.1948.Бюрои ахбории ҳизбҳои коммунистӣ ва коргарӣ Иттиҳоди коммунистони Югославияро аз ҳайъати худ хориҷ кард. Сабаби ин кор, норизоияти роҳбари коммунистони югослав Броз Тито бо сиёсати Сталин гардид.

28.06.1988. Дар Маскав конфронси XIX-и ҲКИШ доир гардид. Ин конфронс оғозгари ислоҳоти сиёсӣ дар СССР шуд.

29.06.1957. Дар пленуми ғайринавбатии КМ ҲК ҳаммаслакони собиқи Сталин, Маленков, Молотов ва Каганович зери танқиди сахт гирифта шуданд.

30.06.1941. Дар шаҳри Воронеж, дар заводи ба номи Комминтерн, аввалин тӯпхонаи реактивии шӯравӣ БМ-13 сохта шуд. Ин тупхона, ки баъдан «Катюша» ном гирифт қудратмандтаринсилоҳи ҶБВ ба шумор мерафт ва истифодаи он душманро ба даҳшат меовард.

1.07.1918. Ҳукумати шӯравӣ корпартоёнро душмани халқи меҳнаткаш эълон намуд. Аз ин ба баъд ҳар навъ корпартоӣ ва эътироз дар Русияи шӯравӣ мамнӯъ шуд.

1.07.1966. Дар колхозҳои СССР бори аввал пардохти музди меҳнати моҳона ҷорӣ карда шуд.

2.07.1924. Дар шаҳри Париж Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ таъсис дода шуд. Ин рӯз аз с.1995 бо пешниҳоди ҳамин Ассотсиатсия чун Рӯзи рӯзноманигори варзишӣ ҷашн гирифта мешавад.

 

2.07.1976. Баъди пирӯзии Ветнами шимолӣ дар ҷанг ҳар 2 Ветнам бо ҳам муттаҳид шуда, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнамро ташкил доданд. Пойтахти кишвари нав ба Сайгон мунтақил шуд ва ин шаҳр ба Хошимин тағйири ном кард.

2.07.1990.Оғози кори Анҷумани XXVIII-и ҲКИШ. Охирин Анҷумани ҳизби коммунисти СССР аст.

 

СССР

Матлабҳои дигар