Принт

Темурмалик: набуди об-таъмири насос

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Темурмалик мақолаи «Темурмалик об нест»-ро, ки дар нашрияи «СССР» №46, аз 26.11.2020 нашр шудааст, бо иштироки васеъи фаъолони ноҳия ва масъулони соҳаҳои мухталиф, мавриди муҳокима ва тадбирҷӯӣ қарор дод. Ба самъи шумо мерасонем, ки вазъияти обтаъминкунии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия то имрӯз ҳалли худро ёфта истодааст. Бо сабаби аз кор баромадани пойгоҳи обкашии асосӣ, 1 вақти муайян интиқоли оби ошомиданӣ қатъ карда шуда, барои бартараф намудани ин мушкилӣ ва таъмири пойгоҳи обкашӣ, мутахассисони соҳа сафарбар гаштаанд. Сабаби асосии кашол ёфтани ин масъала дарёфт нагардидани қисмҳои эҳтиётии ин насосҳо мебошад. Баъди аз таъмир баровардани насосоҳои обкаш, таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ тибқи реҷаи муқарарӣ ба роҳ монда шудааст.

МИҲД ноҳия ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани обтаъминкунии аҳолии шаҳраку деҳоти ноҳия, иҷрои саривақтии лоиҳаҳоро бо истифодаи маблағҳо аз ҳисоби бахшҳои сармоягузорӣ ба роҳ монда аст. Дар асоси қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2018, №373 «Дар бораи Барномаи минтақавӣ оид ба амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузории аҳамияти иҷтимоидошта, баҳри рушди устувори ҷамоатҳои маҳал барои солҳои 2018-2022», дар ноҳия лоиҳаҳои барқарор намудани насосҳои обкашӣ деҳаи Ҷайралӣ ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ, дар деҳоти ба номи С.Раҳимов ба маблағи 550 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст. 

Дар доираи «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2022» дар самти таъмини аҳолӣ бо оби нушокӣ, барқарорсозии шабакаҳои обкашӣ ва системаи обу корез (канализатсия)-и шаҳраки Совет ба маблағи 1100 ҳазор доллари ИМА ва сохтмони системаи обтаъминкунии Ҷамоати деҳоти Қарақамиши ноҳия ба маблағи 691 ҳазор доллари ИМА ворид гардидааст. 

Фотеҳ Аминзода, раиси н.Темурмалик

 

Матлабҳои дигар