ХАБАРИ ДОҒ

Қаҳрамони даврони мо: Шоҳрух ва Истиқлоли ӯ

  • Чоршанбе, Апр 28 2021

Ҳамааш аз 1 занги телефонӣ сар шуд. Шоҳрух Саидзода-президенти КФ Истиқлол, оҷилан, баъди ғалабаи таърихии дастааш бар “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), 3 карат қаҳрамони Лигаи чемпионҳои Осиё ва яке аз сарватмандтарин клубҳои футболи муосир занг задаву гуфт:

  

-Акаҷон! Ғалабаи Бузурги имшабаи Истиқлолро ба зодрӯзи Шумои азиз мебахшам! Мо метавонем!

Воқеан 25.04.2021 ман аккурат ба синни 55 расидам. Танҳо футболдӯстдорон медонанд, ки ин бузургтарин тӯҳфа ба ман-Шахсияти футболӣ буд!!! Ва агар ҳамон соат ба мани мухлис ганҷу сарвати оламро пешкаш менамуданд ҳам, ман ин пирӯзиро интихоб мекардам. Ин иддаои маро касе мефаҳмад, ки медонад футбол чисту шикасти қаҳрамони Лигаи чемпионҳои Осиё кист! Андаке шарҳ, то шодиям фаҳмотар шавад: Ал Ҳилол дар Осиё ҳамон манзалатро дорад, ки фарзи мисол Баварияи Мюнхен ё Барселонаи Мессӣ дар Аврупо доштӣ. На каму на беш. Аз ҷиҳати молӣ, гуфтан кофист, ки маоши 1 бозингари онҳо-Бафетимбӣ Гомиси фаронсавӣ (7,1 миллион EUR) аз буҷҷаи солонаи Истиқлол бештар аст!!! Ҳоло гап сари 1 бозингар аст! Буҷҷаи клуби Ал Ҳилол 75 млн евро, арзиши бозигаронаш 297 млн доллар аст! Гап байни худамон буҷҷаи тамоми клубҳои мо 10  млн евроро таъсис намедиҳад. Вале мо-Тоҷикон чун миллати футболием, ба араб нишон додем, ки «где раки зимуют!». Баъди 1400 соли шикасти Қутайбаву Асад дар Хуталони бостонӣ, Истиқлоли Шоҳрух Саидзода онҳоро дар дили Арабистон шикаст дод, ки ҳалолаш бод! Ба забони дигар, Истиқлол қасди 1,5 ҳазорсолаи Тоҷикро аз ғосибини араб гирифт ва дар куҷо???

Ман дар чемпионати дохилӣ мухлиси ФК Равшанам. Ва он чизе, ҳоло меангорам, сирф профессионалист ва бидуни эҳсосот: Ҷавононе, ки Истиқлолро сари кор овардаанд, ҷавонмардоне ҳастанд, ки футболи Тоҷикро аз умқи бенавоӣ, касодӣ, буҳрон ва шикастҳо бадар карданд. Ҷавонмард бояд танте бошад-то Истиқлол мо футбол доштем, вале на профессионалӣ ва на дар ин сатҳе, ки имрӯз ҳаст. 

 КФ Истиқлол усулан 1 клуби студентист. Таври маълум онро соли 2005  чанд донишҷӯ таъсис дод. Дар ин ҳайъат Рустами Эмомалӣ мебозид ва…президенти клуб ҳамкурсаш Шоҳрух Саидов буд. Вале чун дар ботину зоҳирашон оташи ишқи футбол аланга мезад, дар миёни чанд солаке, 1 клуби студентиро то Лигаи Чемпионҳо оварданд, ки муяссари на ҳар кас мешавад. Бовар кун, хонанда, агар Ишқи футбол намебуд, Истиқлол то ин мақом намерасид. Зеро дунё пур аз миллиардеру миллионеру шоҳбаччаҳосту надидаем онҳо 1 клубе инчунин зода бошанд:

-Соли 2005 Истиқлол чемпиони Университет шуду ба Лигаи шаҳрӣ баромад. Соли 2007 қаҳрамони пойтахт шуда, роҳхати Лигаи 1-ро касб кард. Дар соли 2008 медалҳои хурди тилои Лигаи аввалро ба гардан овехта, соли 2009 ба Лигаи Олӣ рафт. Дар Лигаи Олӣ аз ҷои 4-ум сар карда, сипас 9 маротиба қаҳрамон шуд. 2 бор ба финали Ҷоми АФК баромада, мутаассифона ноком гардид. Вале оне пирӯз намешавад, ки ноком намегардад. Истиқлол низ давра ба давра, қадам ба қадам, step by step, шаг за шагом, дар бозиҳои байнулмилалӣ таҷруба ҷамъ карда, имрӯз воқеан ҳам ба яке аз клубҳои гаронвазни қораи Осиё табдил ёфт.

Медонам, бозиҳои ҳалкунанда дар пешанд ва акнун бо Истиқлол-аспаки сиёҳ (чёрная лошадка) бархӯрд хелеее ҷиддитар мешавад. Ва то ин матлабро мехонӣ, хонанда, маълум нест, ки клуби тоҷик аз гурӯҳ мебарояд ва ё на. Зеро инро Лигаи қаҳрамонҳо мегӯянд, додарам! 

Аммо новобаста ба анҷоми турнир Истиқлол бозии таърихияшро доир намуда, алови чашми олами футболиро гирифт ва футболи Тоҷикро муаррифӣ намуд. Ҷаҳони футболи Осиё ларзид. 2 бозигари мо-Манучеҳр Ҷалилов ва Манучеҳр Сафаров ба 5-гонаи беҳтарини Лигаи гурӯҳӣ ва 3 тан (бо шумули муҳофизагар Ал. Ларин) ба мунтахаби нисбии Қораи Осиё шомил шуданд…

Дар ҷамъ чӣ гуфтаниям? Ватанро яклухт намесозанд. Ватанро оҳиста-оҳиста, андак-андак, step by step, дар ину он паҳлӯ бунёд мекунанд.

Офарин бар ҳиммати Шоҳрух Саидзода, ки тавонист бо ҳампешаҳои ҷавони худ футболи тоҷикро эҳё кунад. Шарафи қаблии Помири моро ба мо баргардонад.

Дасташ гул аст ва он даст ба ҳар коре, ки расад кор гул мекунад, спорт гул мекунад, ватан гул мекунад. То ин рӯз номи Шоҳрух дар Тоҷикистон чун ҷавонмарди сарсупурдаи миллату давлат номӣ буд. Акнун ин номро дар ҷаҳон, тавассути командаи таъсисдодааш мешиносанд. Ва медонед ин ҷо чӣ сирре ниҳон аст?

-Шоҳрух кадри Рустами Эмомалист! Ва ин мактаб, новобаста ба хеле ҷавон буданаш, кадрҳои хуб, сара, озмуда, ватанфидо, патриот ва лидер мебарорад, ки намунаи олияш ҳамин қаҳрамони матлаби имрӯзаи мост.

Офарин бар ҳиммати Рустами Эмомалӣ чун тарбиятгар. Брависсимо бар Шоҳрух Саидзода, ки дар дили шаби 25.04.2021 дили 9 млн Тоҷикро шод кард.

Пирӯзиҳои дастпарварони Мактаби Рустами Эмомалӣ дар пешанд ва ҳатман ин ғалабаҳо бар мо парвардагони нави ин мактаби дипломатӣ ва сиёсиро муаррифӣ хоҳанд кард. Мо Метавонем!

 

PS: Ҳамон шаб Шоҳрух боз 1 ҳарфи аҷибе гуфт:

-«Акаҷон, хеле мушкил аст, вале мо талош дорем, ки мунтахаби Тоҷикистон ба Ҷоми Ҷаҳон 2030 барояд!» Баъди ин пирӯзӣ шахсан ман бовараш кардам!

 

PS,PS: Ба мухлисони Равшан мерасонам:

-Тамомии овозаҳо дар бораи «Равшанбадбинӣ» дурӯғанд ва шахсан раҳбарияти ФФТ талош дорад, ФК Равшан дар Лигаи Олӣ бозаду чемпионат рақобатпазир гардад. Борҳо ҳақулаъзоии Равшанро шахсан Шоҳрух Саидзода аз кисаи худ пардохт кардааст!

 

PS,PS,PS: 25.04.2021. Шом. Соат ба вақти Кӯлоб 19:30 дақиқа. 

Зафар Ҳақназаров ва Ғайрат Мирахмедов-сарпараст ва тренери Равшан занг зада гуфтанд, ки «Ака, мо ҳам аз Истиқлол кам нестем ва пирӯзӣ бар Хуҷандро ба зодрӯзи Шумо мебахшем!». 

Рақобат? Оре! Вале рақобати созанда, ки чунин рақобат зинда бод!!!

Мо Метавонем!

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter