ХАБАРИ ДОҒ

Аробагардони саргардон…

  • Чоршанбе, Май 05 2021

 

Муҳаббат Умарова, сокини ш.Душанбе ба телефони идора-2385556 занг зада, аз кормандони мақомоти қудратӣ, хосса милисаҳо хост, ки бачаҳоеро, ки дар аробаҳо меваю сабзавот гирифта мегарданд, азият накунанд.

   - Дируз дар бозори «Корвон» шоҳиди лаҳзаи нохуб шудам-милисаҳо ба 3 бача намегузоштанд, ки қулфинайи дар ароба бударо савдо кунанд. Бачаҳо илтиҷо доштанду милисаҳо намешуниданд. Пасон наздашон рафта ҳол пурсидам, гуфтанд, ки сари ҳар 1 кило 50 дирам-1 сомонӣ монда рӯзи дароз мегарданд ва агар ҳамон рӯз маҳсулот ба пуррагӣ рафт, рӯзи хубашон аст, нонпулӣ меёбанд. Ва агар милисаҳо ҳамон рӯз барои савдои кӯчагӣ ҷаримаашон кунанд, пас онҳо ҳам маҷбуранд нархи маҳсулотро боз 1-1,5 сомонӣ бардоранд. Оё меҳнати халол аз бекоргардиву даст задан ба корҳои бад хуб нест?

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter