ХАБАРИ ДОҒ

 

 

21.04.2021. Соат бо вақти Душанбе 16:30 дақиқа. Ҳусноро Кабирова, сокини шаҳраки Ёвон, к.Қ.Одинаев 14, ҳуҷраи 2 (тел: 93 146 36 22) меҳмони идора шуда, дар бораи вазъи писараш Боваев Баҳром Мирзохонович, ки пас аз латукӯби ҳамхизматон айни замон дар беморхона бистарӣ ва дар ҳолати хеле бад қарор дорад, нақл кард.

Тавре Ҳусноро Кабирова мегӯяд, писараш Боваев Баҳром Мирзохоновичро моҳи ноябри соли 2019 Комиссариати ҳарбии н.Ёвон ба хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ҷалб намуда буд.

   - Писарам айни замон дар сафи хизматчиёни Гвардияи Миллии ҶТ адои хизмат намуда, қисми ҳарбии ӯ №051058 дар ш.Роғун қарор дорад. Дар вақти роҳбарии командир, полковники гвардия М.Шамолзода таъминот ва тартибу низом дар ин қисми низомӣ ба маротиб хубу беҳтар буд. Ҳоло ин тавр нест. Ман ҳамагӣ 2 писар дораму писари калониам Сафарбеки Мирзохон, ки соли 1989 таваллуд ёфтааст, аз сини 2 солагӣ гирифтори бемории фалаҷи майнаи сар, дасту пой, нопуррагии нутқ ва бемории рӯҳӣ аст. Сафарбек маъюби гурӯҳи 1-ум буда, ӯро ҳамчун кӯдаки хурдсол нигаҳбонӣ мекунам. Писари дуюмам Баҳромро бо дили пур ва ҳазорон умед барои хизмат ба артиш равон кардам. Ихтиёран! Лекин 100 афсӯс, ки баъди 1,6 соли хизмат, писарамро дар ҷойи хизмат аз ҳад зиёд азобу шиканҷа доданду латукӯб карданд, - гуфт Ҳусноро Кабирова.

Таҳқир, латукӯб ва тамасхур

Модари сарбоз дар идома таъкид дошт, ки чанд маротиба ба хабаргирии писараш рафта, ӯро дар ҳолати хеле бад пайдо кардааст.

 - Гуфтанд, ки гурдаҳои писарам шамол хӯрда, дар госпитал табобат гирифта истодааст. Аз нафақаи ночизам, ки 330 сомонӣ аст, ҳар бор тавассути бонкҳои «Амонатбонк»-у «Эсхата» ба қисми низомӣ барои доруву дармону табобат 200-300 сомонӣ ирсол мекунам, вале вазъи писарам бадтар шуда, ӯро барои табобат ба Душанбе меоранд. Имрӯз вазъи саломатии писарам хуб нест, чанд ҷояш захм дорад, аз он ҷумла 1 тарафи сараш лат хӯрдааст. Пасон фаҳмидам, ки ҳамхизматонаш лейтенантон Абдулло Абдуллозодаю Муҳриддин Холмирзоев ва лейтенанти калон Ёқубзода пайваста писари маро зери таҳқиру латукӯб қарор дода, ба қавле тамасхур мекардаанд. Ин қадар Баҳромро задаанд, ки дигар намехоҳад ба қисми низомии № 051058 баргардад, мегӯяд агар баргардам, ин дафъа маро мекушанд…- мегӯяд модар.

Баҳромро сиҳат баргардонед!

Ҳусноро Кабирова дар пайи қазияи латукӯб ва таҳқиру тамасхур нисбат ба писараш аз тарафи ҳамхизматон бо аризаи шикоятӣ ба Прокуратураи ҳарбии ҶТ муроҷиат кардаву нисбат ба рафтори лейтенантҳо Абдуллозода, Холмирзоев ва Ёқубзода тафтишот идома дорад. 

- Аризаи шикоятиам дар баррасӣ аст, вале новобаста аз хулосаи он писарам Баҳромро аллакай маъюб карданд. Ман писари сиҳату саломатамро ба артиш фиристода будам, пас Гвардияи Миллии ҶТ бояд ба ман писари сиҳату солимамро баргардонад. 

Ман Баҳромро барои хизмат ба Ватан-Модар фиристодам, на ин, ки ӯро маъюбу маслуқ карда, ба хона фиристанд!,- иброз медорад модари сарбоз.

Мо пайгирӣ ин қазия ҳастем. Мо Метавонем!

 

Нигоштаи Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter