ХАБАРИ ДОҒ

 

Салом СССР! Аз даврони шӯравӣ то ин дам тамоми аҳли оилаи мо аз хурд то бузург бо нони ҳалоли роҳсозӣ ба воя расидаву ҳамаи мардони хонавода дар ин соҳа ба мардум хизмат намуда мӯйи сиёҳи худро сафед кардаанд. Аз ҷумла падарам Бобои Ғулом булдозеристи пешқадами ДСУ-4 буда, барои меҳнати шоёнаш бо ордени ба номи В.Ленин низ сарфароз карда шудааст. Ман низ аз овони ҷавонӣ то ба ҳол дар бахши роҳсозии минтақаи Кӯлоб фаъолият намуда, аз пешаи интихоб кардаам розиям.

Соли 2019 музди меҳнат 15% боло бардошта шуд. Он замон маоши ман 701 сомониро ташкил медод, пас аз зиёдшавӣ он ҳамагӣ 706 сомонӣ шуд, ҳоло он, ки аз рӯи ҳисоби ман бояд 806 сомониро ташкил медод. Чаро ин тавр шуд, касе посухи аниқ дода наметавонад…

1 солу 2 моҳ мешавад, ки ҳар моҳ аз маоши ман 100 сомонӣ кам шуда истодааст. Агар ман зиёд гирифта бошам бигузор онро ба давлат баргардоданд, вале агар кам гирифта бошам, пас онро бояд ба ман баргардонанд, не!?

Алихон Шарифов,

хабарнигори мардумии СССР дар минтақаи Кӯлоб

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter