ХАБАРИ ДОҒ

«Тоҷикон»-ро хор накунед!

  • Чоршанбе, Нояб 24 2021

 

 Абдусаломзода Фариштаи Баҳодур, хонандаи ҳамешагии СССР аз н. Кӯшониён ба идораи газетаи СССР занг зада (тел:11 116 66 67), гуфт, ки китоби «Тоҷикон»-ро набояд хор кард, зеро он тӯҳфаи қиматбаҳост.

   - Китоби «Тоҷикон» ҳамчун туҳфа аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар 1 оилаи кишвар тақдим гашт. Ва ин боиси ифтихори ҳар 1 оилаи китобхон аст! Дар яке аз деҳаҳои н. Кӯшониён ҳангоми тақсиму тақдим намудани китоби «Тоҷикон» байни мардум гап шуд, ки ин китобро чӣ мекунем, хурда нашавад, пӯшида нашавад. Эй мардум! Шумо ақли солим дошта бошед, ин китобро хонда, аз таърихи худ огаҳ шавед, тавонед ба насли оянда аз худ нишоне гузоред!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter