ХАБАРИ ДОҒ

1 миллати воҳимачӣ, ҳангомаҷӯ, маъзарат, вале дар аксари маврид, кӯрайнакем. Дар маъхази таърихие хонда будам, ки асосгузори Бухоро Гулбӯй ном тоҷики кӯҳистонӣ будаасту «местный»-ҳо ӯро ба хони кӯчманчии турке фурӯхтаанд. Сар аз ҳамон вақт ҳамеша тоҷик тоҷикро мефурӯхт мефрӯшад ва мутаассуф хоҳад фурӯхт! Ва ин ки бидуни Исмоили Сомониву табораш, ки онҳоро ҳам ба турки Сабуктегин фурӯхтем, дар 77 пушти мо шоҳу хону беки тоҷике набуд, аз ҳамин зовия маншаъ мегирад. 1 бор Таърихи Тоҷикистони устод Мухторовро хонед, бо 1 номи тоҷикӣ дучор намеоед. Зимнан қадрношиносии Тоҷиконе, ки барои мо ватану давлату ҳукумат сохтаанд, дар шарёни мост. Бегонапарастӣ низ. Мо метавонем!

 Дур намеравем, моҷарои Хона-музейи Айнӣ ва ба ҷои дигар кӯч доданашро шунида, заминро ба сар вардоштем. Эҳааа сар шудееее.. Аз Душанбе то Вашинтону Лондону Маскав ҳақорат, сақат, бӯҳтон, воҳима…

Вале!!!...

17.11.2021. СССР навишт, ки тӯли ин 2 ҳафтаи воҳима кӣ ба зиёрати ин осорхона рафт?… Ҳатто 1 кас пайдо нашуд, ки гӯяд Ман Рафтам…

18.11.2021. СССР, дар матлаби «Аз дафтари Айнӣ то хонаи Айнӣ», ки дар шумораи пешин нашр шуд, сареҳатан навишт, «Газетаи мардумӣ бар бовар аст, ки раиси ш. Душанбе намегузорад, хона-музейи устод Айнӣ хароб шавад…». Ва гуфтаи мо шуд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз моҷаро огаҳ шуда, ба ин вандализми архитекторони пойтахт, раёсати меъморӣ садди искандарӣ гузошт. Тасмими Рустамона!!!

 19.11.2021. Иттилоияи расмӣ.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо пешниҳоду дархостҳо ва ибрози андешаи як зумра олимону нависандагони кишвар дар робита ба кӯчонидани Хона-музейи адиб, олим, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аввалин Президенти Академияи илмҳо ва қаҳрамони Тоҷикистон - Садриддин Айнӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзодаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таваҷҷуҳ намуданд. Вобаста ба масъалаи мазкур дастур доданд, ки Хона-музей бартараф карда нашуда, нигоҳдошти минбаъдаи он таъмин карда шавад. Ҳамчунин, ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки гирду атрофи осорхона ободу зебо нигоҳ дошта шуда, мунтазам корҳои сабзкориву гулзоркунӣ амалӣ карда шавад.

Тамом? Мантиқан ҳа. Вале амалан неъ. Зеро боз сар кардемееее…

-Тасмимро чаро шаҳрдор мегирад? Чаро қаблан ӯ ин нақшаи вандалиро имзо гузошт? Ва 101 чарову парои дигар.

 Барои ҳангомаҷӯён дигар муҳим набуд, ки Нақшаи Генералии Душанбе ва вардоштани ин осорхона чандин сол пеш аз омадани Рустами Эмомалӣ матраҳ ва тасдиқ шудааст. Зеро барои мо ҳангома муҳим аст, на факт!

Воқеан ҳам ин моҷаро 1 “No” дорад. Ва он ҳам, чаро масъулин, ба вежа дар раёсати меъморӣ, сохтмон, лоиҳакашӣ ва ахиран муовини аввал, бе мувофиқа бо раиси шаҳр ин нақшаро омода ва пешкаши ҷомеаи фаоли шабакаҳои иҷтимоъӣ карданд? Посух ба ин суол бисёр муаммоҳои дар назари аввал хеле содаву саҳл, вале дар асл пур аз обҳои зеряхро ошкор месозад. Зеро имкон надорад, ки тарҳе дар долонҳои ҳукумат матраҳ мегардад, ба ин зудӣ дастраси ҷомеаи шаҳрвандӣ шавад. Вале бало паси он тарҳу тарроҳону дастанкоронаш, ки ба гуфтаи Бобои Ғулом шаҳрдориро мехостанд «подводит» кунанд. Сухан сари дигар чиз аст:

 

Кӯрайнакӣ ва фаромӯшӣ…

Мо дар 2 дақиқа хидмати 4-солаи мири ҷавони худро фаромӯш кардем. Фаромӯш кардем, ки хонаҳои мо оби гармро дар 27 соли ахир фаромӯш карда буду чун дар шаҳрҳои муосири олам боз дар ҷумакҳои мо оби гарм омад. Фаромӯш кардем, ки шаҳри мо барқу гармӣ аслан надошту бо омадани Рустами Эмомалӣ соҳиби свет гаштаву соҳиби газ ҳам мешавем. Фаромӯш кардем, ки пойтахти мо 2 порки муосиру замонавӣ надошт. Ӯ чандин порк сохт. Душанбеи азиз 1 гулгашт дошт, ки он ҳам замина бар шӯравӣ мебурд. Рустами Эмомалӣ барои мо даҳҳо гулгашту боғу гулзор бунёд намуд. Фаромӯш кардем, ки кӯдакони мо ҷои бозӣ надоштанду кампиру мӯсафедон курсии нишаст. Зеро ҳама ҷоро хонаву бозор карда буданд. Рустами Эмомалӣ хонаву фурӯшгоҳу бозорҳоро вайрон карда, барои мо гулгашту гулзор, дабистону варзишгоҳ сохт. Ва дар мавриде ки падараш чун роҳсозу нақбкан ном баровард, ӯ бо гулпарвариву гулбоғсозии Душанбешаҳр номовар шуд!

Фаромӯш кардем, ки ину он хонасоз ба мардуми камбизоату камбағалу зиёӣ хонадиҳӣ, тӯҳфаи хонаро маҳз дар 4 соли ахир сар кард. Зеро паси ин «тӯҳфаҳо» дастури нонавиштаи Рустами Эмомалӣ меистод. Фаромӯш кардем, ки то 3-4 сол пеш аз тарсу ларзи шасти мошинҳои «ҷавонони тилоӣ» шаб ҷода баромадан хатар дошту Шоҳрух Саидзода лаҷоми ҳамаи онҳоро кашид: Шоҳрух шогирди мактаби Рустами Эмомалист!!!

Фаромӯш кардем, ки футболи тоҷикро дар хориҷа на медиданд, на мешинохтанд. 1 Тоҷик ба стадион намеомад. Рустами Эмомалӣ футболи моро ба сатҳи байнулмилал баровард. Дар овони президенти ФФТ будани ӯ, Истиқлол 2 бор финали Ҷоми АФК ва то плей-оффи ЛЧ рафту мунтахаби наврасони мо дар Чемпионати Ҷаҳон бо Бразилия бозӣ карду ҷавононамон ба Ҷоми Осиё роҳ ёфт!

Фаромӯш кардем, ки ҳини сарварии ӯ, Агентии коррпусия ба «шикори наҳангон» сар кард. Гумрук, ҳини раёсаташ, рушд ёфт ва нарху наво дар Тоҷикистон ба замин зад! Зеро ин ниҳод аз фасод озод гашту воридоту содироти молу коло фузуд!

Фаромӯш кардем, ки мо-зиёиёну фаъолони шабакаҳои интернетии «аз зери нохун чирккобак» дар тӯли 34 соли умраш ҳатто 1 хато, 1 камбуд, 1 халои Рустамро надидеммм!!! Ҳол он ки ба масали мардумӣ, «дилхоҳ шоҳбачча» ҳуқуқҳои бемаҳдудият дорад.

Фаромӯш кардем, ки Рустами Эмомалӣ ба ҳар дархости мардум расидагӣ мекунад ва ин ки ахиран «парвандаи Мадина» бозтоб диду дасти меъмору сохтмончиён аз осорхонаи Айнӣ кӯтоҳ шуд, маҳз мардумиву халқӣ будани раиси ҷавони Душанбешаҳр аст…

PS: Ҳоло медонам, кӯрайнакону фаромӯшиҳои «шери интернет»-у «муши рӯбарӯ» аз ман низ эрод мегиранд. Вале ба самъашон расонданиям, ки банда то ҳамин лаҳза аз касеву чизе на умед доштам ва на парвое дорам. Ман танҳо ҳақиқатеро навиштам, ки 9 млн Тоҷик медонаду 10-20 бегонапараст на!

Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter