ХАБАРИ ДОҒ

Хизмат накардӣ? Донишҷӯ намешавӣ!

  • Чоршанбе, Дек 01 2021

 

Тошмаҳмад Сафаралиев,  Аълочии маориф ва фарҳанги ҶТ, омӯзгори собиқадори маориф аз шаҳраки Обикиики н.Хуросон ба идораи ҳафтаномаи СССР занг зада (тел: 98 909 84 07), оиди «облава» ва хизматгурезии ҷавонон чунин гуфт:

    - «Облава» дар даврони Шӯравӣ набуд. Ҳар ҷавоне, ки синаш ба 18 мерасид, пас аз омадани мактуби даъват худаш ба комиссариати ноҳия ҳозир мешуд. Дар тамоми манотиқи давлати абарқудрати СССР 2-3 сол хизмат карда, бо сари баланд ба назди хонаводааш бармегашт. Ҳоло бошад дар мо то имрӯз тариқи «облава» сарбозшикор мекунанду ҷавонон бошанд аз хизмат саркашӣ. Пешниҳод дорам давлат қонуне барорад, ки ҳар ҷавоне аз хизмат мегурезад ба донишгоҳҳо қабул карда нашавад!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter