ХАБАРИ ДОҒ

Муҳоҷири камбағал ва Ҳотами Тай...

  • Чоршанбе, Нояб 02 2022

 

 

Ривоят мекунанд, аз Ҳотами Тай пурсиданд, ки аз худат саховатмандтар касе дидаӣ? Гуфт, оре, боре меҳмони 1 чӯпонбача будам ва ӯ бароям гӯсфанде кушта овард. Гуфтам, фалон ҷои гӯсфанд ба ман писанд аст. Ӯ мерафту аз ҳамон гӯшт меоварду ман мехӯрдам. Чун берун шудам, дидам, ки ӯ ҳамаи 10 гӯсфандашро куштааст. Ҳол он ки ӯ маро намешинохт. Гуфтанд, пас ба ӯ чӣ додӣ? Ҳотам гуфт, 1000 шутури сурхмӯй, 1000 гӯсфанд, 1000 шутури зардмӯй ва дигар молу колои дигар. Гуфтанд, пас ту аз ӯ саховатмандтарӣ, ки гуфт:

-На! Ман аз чизе доштам, андаке додам, вале ӯ ҳама сармояашро харҷи ман кард...

Тақрибан ба ҳамин мазмун аст ин ривоят ва факту далели аниқ наҷӯед. Сухан сари мантиқ меравад ва ман гавҳари масалро рехтам ин ҷо...

24.10.2022. Фазои иттилоотии шабакаҳои иҷтимоиро 1 хабар тарконд. Мақсуд ном муҳоҷирбаччаи Тоҷик, ронандаи боркаш (далнобойшик), дар Россия, зери чархи мошини худ мондаву фавтид. Барои хонаводи ӯ муҳоҷирони Тоҷик 3 миллион рубл ҷамъ карда, бо дасти амакаш ба хонаводааш фиристоданд...

            Ин хабар маро такон дод! Воқеан ҳам ҳар тоҷики муздуре, ки чанд рубл ба ин хонавода ҷамъ мекард, 200% бовар дорам, хонаводаи худаш ба он муҳтоҷ буд. Вале саховату ҳотампешагии ин мардумро бингаред, ки дар чанд рӯзаке 3 миллион ҷамъ кард! Ҳотами Тай пеши муҳоҷирбаччаи Тоҷик, ки барои рӯзу рӯзғори хеш ба муздурӣ меравад, сари таъзим фуруд меовард, агар сахову вафову хайру атои ӯро медид. Ва ин дар ҳоле, ки аввалӣ Шоҳ буду ахирӣ ғулом аст. Наранҷед, ғуломи кор!!!

            Имрӯз ҳамин муҳоҷирони саргардони Тоҷиканд, ки ба аҳли фарҳангу зану атфоли онҳо дар Душанбе хонаву дар мехаранд. Коре, ки агар 1 сарватманд мекард, 200 бор таблиғу ташвиқ менамуд. Вале муҳоҷири Тоҷик барои ин амали савоб ба 1 шарт пул мефиристад:

-Ному насабамро эъон накунед!!!

Ягон нафар аз ба ном оппозитсияи евро-домуллоӣ ин корро кардааст? Накардааст ва на-ме-ку-над! Боре аз Иброҳими Назар-яке аз сардамдорони оппозитсияи исломӣ, ки ба ҳайси 30%-а баргаштаву ҷумлагӣ соҳиби миллионҳо шуда буданд, суол кардам, ки «талафоти он гумроҳонеро, ки аз пушти шумо рафтаву қурбон шудаанд, кӣ ҷуброн мекунад?». Бо ҳамон пафоси домуллоӣ гуфт:

-Онҳо дар биҳиштанд!!!

Нав тарафгиронаш такбир мегуфтанд, ки боз гуфтамаш:

-Ин ҷуброн аз тарафи Худост! Худи ту ва вазифадорони наҳзат чӣ кор мекунед? Оё ба зану кӯдаки онҳо 1 сӯм медиҳед?...

Барошуфт ва эълон кард:

-ПраваЪкатсияЪ!!!

Талаби журналист барои аз миллиону миллиарде, ки аз пушти ҳамон қурбониён соҳиб шудаанд, ба беваву сағераҳои «муҷоҳидинашон» пул ҷудо кардан провокатсия будаасту аз ҳисоби мурдагон вазифаро ишғол кардан... мусалмонӣ?! Аҷаб мантиқе!!!

Вале муҳоҷирбаччаи Тоҷик, ки бо амри Тақдир, ҷавонияшро харҷи ғарибӣ кардааст, бо 1001 таҳқиру таҳдид 4 рубл ёбад, 3/1 ҳиссаашро ба хонааш мефиристад, то ба таври автоматӣ буҷҷаи кишварро қавӣ ва сатҳи таваррумро поин нигаҳ дорад ва 1 ҳиссаашро хайру сахо менамояд!!! Худ дар такхона ба сар мебараду подвалу обшагаҳои бӯйин, вале мехоҳад, ки нафаре бечора дар Тоҷикистон соҳиби хона шавад...

Ва ин дар ҳолест, ки ин «бечораҳо» дар бархе маврид ун қадар бечора ҳам нестанд. Инҳо тамбаланду бас. Вақте одам хона металабад, пас зиндагонии хубе дорад. Фарзи мисол, 60% аҳолии Аврупо хона надорад. Вале зиндагӣ доранд-ку?! Сафвати мо 1 умр хона надошт ва парво ҳам надошт. Дар Маскаву Ростови Россия, Одессаи Украина ба сар мебурд. Иҷора!!! Ҳоло дар Германия зиндагонӣ дорад. Ва боз ҳам иҷора! О, мана мешудааст-ку?! Вале дар мо чӣ? Неъ, бояд хона бошад ва он хонаро БОЯД дигарон бихаранд...

Медонанд, ки муҳоҷирбаччаи Тоҷик Ҳотами Тайро ба 1 нӯл задааст, вагарна ҳаргиз ба хонаталабӣ шуруъ намекарданд. Вале ин мавзуъи баҳси дигар аст. Ва ин мавзуъ низ дигар аст, ки 1 бечораи дигар-Раҳими Ғармиро хонаталабон қимоб аз ҷон кардаанд!!! Чаро бечора? Зеро саховаташ ӯро фирорӣ, гурезаи миллионҳояш кардааст. Чунки дари хонааш аз субҳ то шом 1001 хонаталабу пулталабу мошингадо, дар ҷамъ Гипергадо саф задааст. Раҳим хеле кори хубе кард, ки ба мардум хона харид, вале чун мусалмони суннӣ набояд ин ҳадисро фаромӯш мекард, ки «Бо дасти рост додӣ, дасти чапат бояд хабар наёбад!». Акнун Раҳими Ғармӣ дақиқан ба умқи ин масал ғутта задаву пушаймон аст, ки чаро реклом намуд саховаташро. Вале дигар дер шудааст. Солҳо бояд гузарад, то «гурезаи мииллионӣ»-ро мардуми пастҳувият фаромӯш кунанду ба зиндагонии осоишта Раҳим баргардад...

Бар Гипергадоҳо 1 рубоии хуби клоссикро пешкаш менамоям, шояд дарси ибраташон гардад:

Гар бар тани туст устухону рагу пай,

Аз хонаи тақдир манеҳ берун пай.

Гардан манеҳ ар хасм бувад рустами Зол,

Миннат макаш ар дӯст бувад Ҳотами Тай!!!

(Муаллифро ёбед ва соҳиби ҷоиза-китоб шавед. Мо Метавонем!)

Имрӯз дигар муҳим нест, ки шумораи муҳоҷирони мо чанд нафар аст? Расман 600.000 мегӯянд, ғайрирасмӣ 1 млну 200 ҳазор ва ВВП ахиран 2 млн нафар гуфт. Ин муҳим нест. Муҳим ин аст, ки инҳо ҳама Тоҷики асиланд ва умри худро харҷи зиндагонии зану фарзанду бачу кач месозанд. Ин ҳам муҳим нест, ки падару модари онҳо медонанд, фарзандон дар чӣ шароит ба сар мебаранду гирёну нолон аз фироқ... аз пули фарзандон тилову тангаву молу коло харида, маъракаҳои осмонкаф меороянду ҳаҷҷу сайёҳат мераванд. Муҳим ин аст, ки барои дилхоҳ Тоҷик кату кӯти волидайн азиз аст, гиромист, обрӯи зану фарзанд болотар аз обрӯи худи ӯст ва то дасташ дар кор аст, ба хонавода кӯмакаш мерасад.

Ва ана ҳамин муҳоҷирон, 100% бовар дорам, бо 1 даъвати Ватан омада, дабдалаи дилхоҳ паштуну қирғизро меброранд, агар лозим шавад. Зеро нафаре сахо дорад, ҳувияти ҷавонмардӣ низ дорад. Зеро аввалӣ бе дуввумӣ буда наметавонад ва баракс.

То муҳоҷирони Тоҷик ҳастанд, ин миллат, ин сарзамин, ин ватан, ин давлат бақо дорад! Мо Метавонем! 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter