ХАБАРИ ДОҒ

 

 Абдурашид Ҳамидзода, мухлиси доимии СССР аз н. Ёвон ба идора занг зада (тел: 93 4692526), гуфт, ки чанд рӯз пеш аз сафари н.Нуробод омадааст.

   - Чанде пеш меҳмони мардуми Дарбанд (Нуробод) будам. Дар деҳоти Сафедчашмаи ноҳия бо пири хирад -Ходими шоистаи фарҳанги ҷумҳурӣ, шоир ва устои созандаи асбобҳои мусиқӣ Отаҷон Ваҳҳобов, бо тахаллуси Зулолӣ суҳбати гарму хотирмоне доштем. Ҳамзамон, ӯ моро бо осорхонаи шахсии худ шинос намуд, ки дар он экспонатҳои гуногуни қадима гирдовар шудаанд. Ҳар гоҳ, ки Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон ба н.Нуробод сафар кунанд, бо ин марди наҷиб дидорбинӣ намуда, ҳатман аз ин осорхона боздид ба амал меоранд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter