ХАБАРИ ДОҒ

 

«Торопитесь восхищаться Человеком, ибо упустите шанс»-Конфуций...

            Усулан бо шуруъи ҳамин рубрикаи Тақдирҳо, аз дӯстон ёдовар шуда, мехостам маҳз ҳамин матлабро нависам. Ба Акаи Аслиддин, Эшони Аслиддин, Аслиддин Достиев-ворастатарин тоҷики рӯзгор, ки ман дидаам...ва кумири ман!

            Вақте аз Армияи Советӣ баргаштем, Ғаффор Сафаров, ки 30 сол аст ҳамакнун маскуни Голландия ва сарвари Ҷамъияти дӯстии Тоҷикон дар Аврупо-Рӯдакист, Акаи Аслиддинро дидаву гуфт:

-Акат «борзыяй»! Афсӯс ҳамхизмати мо набуд, вагарна «шефи баталён мешуд!».

Вақте бо Раҳими Ашроф ба Армия мерафтем, гуфт, «поли урусро ҳаргиз нашӯед!!!». Нашустем ва онгуна шатта хӯрдем, ки ҳисобаш гум. Аммо дар ҳафтаи 2-ум аллакай бо мо бархӯрди тамомии рота ва сипас баталён дигар буд: Моро иззат мегузоштанд!!! Шояд насиҳати «дед»-онаи Акаи Аслиддин намешуд, солҳо пол мешустему чмо мемондем...

Гулу дилбар зи 1 гил офариданд,

Ба дунё ишқи комил офариданд,

Ҳама дарди ҷаҳонӣ ҷамъ карда,

Аз онҳо хонаи дил офариданд!!!

Ин шоҳмисраъҳои Акаи Аслиддин аст, ки ман аз истеъдодашон басе истифода мекардам. Ҳарчанд Хайрандеш боре нимшӯхиву нимаҷиддӣ гуфт:

-Акаи Аслиддин, боз шеърҳоятонро Сайёф нанависад, ки аз Питер омад, Шумо фаол мешавед!

Ака сахт ранҷид. Зеро ӯ барои ман маҳфил мерафту шеър барои ман мехонд, то ман журналист шавам...

Таронаҳои аҷибе дошту дилфаро. Боре дар маҳфили Хайрандеш гуфт:

-Марг ҳам дар ҷавонӣ зебост!!!

Ним соат зунуки ҳама шоирон гирифт. Зеро воқеиятро мегуфт. Ва шояд бовар надоред, ки ҳаргиз ба пирӣ расиданӣ набуд... Мехост ҷавон ё ақаллан ҷавонмард бимирад, ки бар орзӯяш ҳам расид...

Боре дар назди кинотеатри Гулистони Кӯлоб чанд гулбонуи рус сӯи ҷавонони таҳҷоӣ беэҳтиромӣ карданд (русҳо ҳамин тавр буданд-ку?). Ака чунон сарашон шӯрид, ки Виталик-шефи русҳои маҳаллиро ҷеғ заданд. Вале чун Виталик омад...э сар шудееее... Виталик бо овози гиряолуд, танҳо зора мекард:

-Ну, чё Вы по голове бьете, Ака?!...

Алӣ «беспредал» ин лаҳзаро то ҳанӯз қисса мекунад...

Қиёмиддин Муродов-узви Ихвон ал СССР ва муаллифи доимии мову дӯсти Акаи Аслиддин, ки 12 сол пеш аз марази сил фавтид, боре ба ғуруру кибру шаҳомати Ака нигариста, оҳиста ба ман гуфт:

- Ба номи Худо, ё Ака тоҷик нест ё мо ҳамаамон тоҷик наем...

Раҳмони Чол-маъруфтарин қумандони ҷанги гражданӣ дар шабу рӯзе, ки аз қамчинаш хун мешорид, бо Ака гапашон гурехт. Акаи Аслиддин, гӯё бо 1 фармондеҳи номӣ на, ки 1 одами оддӣ ҳарф мезада бошад, аз ӯ чанд эрод гирифт. Раҳмони Чол дар шоҳидии Суҳробшои Фаррухшо ба ман гуфт:

-Тамомии мардуми Тоҷики Кӯлоб бонангу номусанд, вале ғурури ману Акаи Аслиддин аз шумо...камтаракак болост!

Мо танҳо сар фишондем, ки ин ростиро медонистем...

Далериву ҷасорати Акаи Аслиддин дар ягон давру замон зиддиқонунӣ набуд. Қонунҳоро медонист. Ба вежа қавонини ҷавонмардиро. Ин аст, ки 1 фарзандаш боре зидди қонуну конститутсия нахест...

Аз қавонини Шариат низ пуштигир буд, зеро Эшон будӣ. Вале ягон бор бо фанатизму таассуб симпатия надошт. Зеро ақл дошт! Бо фанатҳои исломӣ баҳс мекарду боевикҳои фронти халқиро гӯштоб медод. Ва касе аз ӯ хафа намешуд. Зеро ҳаққ буд охир....

Ростӣ, доим мегуфт, маро Сайёф журналист кардааст!!!

Соли 2001. Вазъият сангин. Кор нест, бор нест, мор нест, ҳеҷ чиз нест, ки нест. Ман дар Кӯлобшаҳр Маркази Иттилоттии «Хатлон-Пресс»-ро таъсис додам. Суҳробшоро ба кор хондаму журнализмро дар ин водии бузургтарини кишвар зинда кардем. Баъдан ба мо Аҳмаду Муъмину Моҳлиқову Алихону Бурҳон Сафарӣ ва дигарон пайвастанд... Боре Акаи Аслиддин омаду гуфт:

-Ба ман 1 кор ёб, ки аз хона баром шуд. На маош лозим на пулу манол. Зиқ шудаам дар хона...

Бурдаму дасташро ба дасти Суҳробшо, ки раиси Оҷонсӣ буд, қаппондаму гуфтам:

-Коргари нават!!!

Талха-палхаи Сӯҳробшо кафид, ки гуфт:

-Ака, мебахшиву медонӣ, ки АКА кист???

Гуфтам, Акаи Аслиддин ва марди бисёр донишманду шуҷоъест. Ту акнун бо инҳо кор кун...

Номи журналистикаро ин 3 тан-Суҳробшо, Аслиддин, Аҳмад дар ин музофоти дур зинда карданд.

Вале ҳақиқати ширин ин аст, ки Акаи Аслиддин маро ба журналистика оварда буд:

-Ман ба факултаи филологияи Тоҷики УДТ ба номи Ленин дохил, вале ҳаргиз муаллимшав набудам (бо маъзарат аз устодони касб). Падарам мегуфт, «хоҳӣ одам шавӣ-муаллим шав!!!». Вале ман журналист будан мехостам. Хулласи калом, дохил шудам: -Раҳматии Норматов ба ман баҳои 2 додаву афтонданӣ буду, раҳматии Имронов...тарафдорӣ мекард: воқеан ҳам ҳар 2 «прав» буданд. Зеро ман дар забон коҳилу дар адабиёт комил будам! Хулоса дохил шудам, вале фаҳмидам, ки барои аз факултаи филология ба кафедраи журналистика гузаштан, бояд...мақола нависӣ...

Ман 1 мақола чӣ, ки хабарчае надоштам. Ба додам устод Гулмурод Уляшев (Пайванди Гулмурод) расид. Ба ӯ гуфтаму ба дигарон не, ки чанд таронаи акаам ҳаст, оё мешавад ба номи ман чоп кард? Гуфт, «еще как мешавад!» ва дар газетаи ноҳияи Куйбишеви Қурғонтеппа, ки дар соли 1983 он ҷо пахта мечидем, он таронаҳои Акаи Аслиддинро плагиат кардаву ба номи худам нашр сохтам....

Эҳҳҳҳ, пагоҳ шӯру қиёмате бархост дар мавзеи пахтачинии мо. Ҳама, ба вежа гулдухтарон мехостанд, 1 боракак ин ошиқи содиқ, Дон Жуани асрро бубинанд. Аз шарм замин намекафид, ки дароям. Зеро ҳамагӣ 17 сол доштаму чунин «ошиқ» будаам, ки худ бехабар... Устод Бадриддин Камолиддинов ҳатто бар ман тахаллус ёфт: «Навниҳоли Боғи Санъат»...

Хулласи калом, 1 сол пас, устод Пайванди Гулмурод таронаҳои маро пешкаш карду ман шомили кафедраи журналистика шудам....

Сипас чӣ буду чӣ шуд ва дар симои ман оё журналисти арзандае барои ин миллату ин сарзамин ёфт шуд ва ё на, хонандаи ин сутур, ки ҳамакнун 1 кам 40 сол дар хизматаш ҳастам ва 15 сол дар СССР ҳамарӯза бо ӯ сӯҳбат меороям, худ медонад, ки ман кӣ шудаму кӣ мебудам, агар Акаи АСЛИДДИН дар зиндагониям намешуд.

-1 умр аз ту қарздорам, АКА ва мо қарзро бармегардонем. Мо Метавонем!!!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter