ХАБАРИ ДОҒ

Тобут-200 ройгон аст ё пулакӣ?

  • Чоршанбе, Нояб 30 2022

 

 Абдулло Сайфуллоев, хонандаи доимии СССР аз н. Хуросон ба идораи СССР занг зада (тел:83222 2 04 00), гуфт, ки чаро ширкатҳои ҳавопаймоӣ мурдаҳои моро аз муҳоҷират ройгон намеоранд?

   - Чаро ширкатҳои ҳавопаймоӣ тобутҳои шаҳрвандони моро ройгон намеоранд? Соҳибони шахси фавтида агар 10 дақиқа барои ҷигарбандашон ашк бирезонанд, боқӣ 4-5 рӯз барои овардани тобути вай пул ҷамъ мекунанд.

PS: Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ - ширкати «Сомон эйр» муваззафанд, ки тобути шаҳрвандони кишварро ройгон ба Ватан биёранд. Ин фармон на танҳо ба Федератсияи Россия дахл дорад. Дигар ин, ки ширкатҳо тобутҳоро ройгон меоранд, вале тибқи қавонини Федератсия Россия барои омода намудани майит дар баробари тобут ҳуҷҷатҳои зиёдеро бояд ҷамъ ва боҷҳои давлатии ин кишварро пардохт намуд. Танҳо тобути майит ройгон оварда мешавад, он шаҳрвандоне, ки тобутро ҳамроҳӣ мекунанд, бояд чипта бихаранд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter