ХАБАРИ ДОҒ

Маэстрои репорти Тоҷик

  • Панҷшанбе, Март 10 2016

28.02.2016. Агар Мақсуди Ҳусайн, журналисти равоншод дар қайди ҳаёт мебуд, дар ин рӯз ба синни 62 мерасид.

Ӯ бо шаклу роҳи хоси худ яке аз шахсиятҳои нотакрори журналистикаи Тоҷик буд, аз худ 1 млн акс, ки муаллифаш низ худаш буд ва беш, садҳо ҳазор репортаж ва 100 албоми мақола боқӣ гузошт. Ӯ репортер буд. Репортер бо маънои томаш, ҳамеша дар ҷустуҷӯ, такопӯ ва давудав. Репортажҳое, ки Мақсудҷон менавишт, дар Иттиҳоди Шӯравӣ Василий Песков дар соҳаи табиат менавишт. Фоторепортажҳои Мақсудҷон дар бораи шахсиятҳои бузург-нависандаҳову шоирон, актёрҳову олимон буданд. СССР тасмим гирифт, дар арафаи Рӯзи матбуоти Тоҷик аз ин журналисти зинданом ёд кунад ва чанде аз нигоштаҳояшро рӯи чоп оварад. Ҳеч кас ва ҳеч чиз фаромӯш нашудааст: Мо Метавонем!

Левин рафт, Гулрухсор дар куҷост?

Бар асари ҳодисаҳои нохуш ва аз тарси сар задани задухӯрдҳои тоза дар Тоҷикистони замоне орому ободи мо, даҳҳо ходимони шоистаи фарҳанг сар ба ғурбат мебаранд. Чунончӣ, Нависандаи Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ Сотим Улуғзода ба Маскав кӯчид. Нависанда Додоҷон Раҷабӣ аз аввалин адибоне буд, ки ибтидои даргириҳо дар ш.Душанбе ба ш.Хуҷанд ҳиҷрат намуд. Адибон Баҳроми Фирӯз, Аъзами Сидқӣ низ дар ш.Хуҷанд сукунат доранд. Нависанда Минел Левин ҳам тарки Тоҷикистон кард ва феълан муқими вилояти Рязан аст. Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Барно Исҳоқова, Рена Ғолибова, Рафоэл Толмасов, Або Наматиев ба Исроил, табиби машҳур Юно Додхоев ба ИМА, таҳиягарони кино Марворид Қосимова ба Минск ва Валерий Аҳадов ба Маскав рафтанд. Валерий Аҳадов дар «Мосфилм» кор мекунад. Сайидо Қурбонов дар Магнитогорск филм таҳия менамояд. Назар ба овозаи ҳангоматалабон шоираи шинохта Гулрухсор Сафиева низ сар ба ғурбат бурдааст ва гӯё дар Арабистони Саудӣ паноҳгоҳи сиёсӣ ҷустааст. Ман ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон занг зада, аз муовини раис Абдулҳамид Самадов ҳақиқати ҳолро фаҳмидан хостам. Ӯ бардурӯғии ин овозаро таъкид ва арз намуд, ки шоира аз Тоҷикистон нарафтааст. Гулрухсор пас аз ширкат дар маҷлисе бемор шуд ва алон дар яке аз шифохонаҳои Маскав муолиҷа мекунад ва ба меҳан бармегардад. Ин хабарро аз Маскав Шавкат Ниёзӣ овард.

30.03.1993 «Паёми Душанбе»

 Офарин, Фаррух!

Раққоси машҳури Театри академии опера ва балети шаҳри Санкт-Петербург, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Фаррух Рӯзиматов моҳи ноябри соли 1992 ба Ҷопон сафар карда, бо рақсҳои зебо дили ҳазорҳо бинандаро тасхир намуд ва он айём ҷавони Тоҷик аз шахсони машҳур дар кишвари офтоббаро шуд. Ноширони Ҷопон бошанд, ба шарафи сафари ҳунарии «раққоси заррини аср» (баҳои ахтари рахшони балети Фаронса Ивет Шовирӣ) ҳадяи арзишноке тайёр намудан хостанд ва аз ӯҳдаи ин кори хайр ба некӣ баромаданд. Яке аз нашриётҳои Токио дар тӯли 10 рӯз китоби мусаввареро-албоми суратҳои рангаву сиёҳу сафед, таҳия ва чоп карда, ба фурӯш баровард, ки он беҳтарин муаррифномаи эҷодиёти Фаррух гардид ва дӯстдорони балет онро дар рӯзҳои ангуштшумор пурра хариданд. 

11.02.1993 «Адабиёт ва санъат»

 Дурахши «Спартак» аз бозии Мӯҳсин буд

Варзишгоҳи «Динамо»-и ш.Маскав кайҳо боз серодам набуд ва даҳҳо ҳазор кас барои тамошои бозии хайрбодии ҳуҷумкунандаи «Спартак», узви дастаи яккачини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва феълан Русия Федор Черенков ҷамъ омаданд, ки ин нишони эҳтироми бузургӣ ва арзи сипоси онҳо ба ахтари дурахшони футбол буд. Боз нишони меҳр ба Черенков буд, ки дастаи машҳури Итолиё «Парма» ба Маскав омада, бо «Спартак» вохӯрд, ки аз файзи он мухлисон аз бозии хайрбодии Федор ҷаҳон-ҷаҳон ҳаловат бурданд. Боиси ифтихор ва хурсандист, ки дар ҳайати «Спартак» 2 ҳамдиёри мо-Рашид Раҳимов ва Мӯҳсин Муҳаммадиев ҳунари аъло нишон доданд. Мӯҳсин қаблан дар дастаи «Анқара Ганҷу»-и Туркия мебозид ва пас аз анҷоми чемпионати ҷаҳон ба «Спартак»-и Маскав баргашт. Чӣ тавре, ки шореҳи футбол Евгений Майоров арз намуд, Мӯҳсин аллакай ба «Спартак» унс гирифта, ба он «мутобиқ» шуд. Ин буд, ки дар дақиқаи 47-ум ба дарвозаи «Парма» бо сар тӯб зада ҳисоби бозиро кушод ва баъдтар қариб буд, тӯби дуюмро занад. Бозингари «Парма» Минноти ба дарвозаи «Спартак» тӯб зада ҳисоби бозиро баробар кард ва ҳамин тариқ он мусовӣ 1:1 шуд. Дили ҳазорон мухлисони футбол аз Тоҷикистон аз бозии Рашид ва Мӯҳсин ба ваҷд омад ва онҳо хурсанд шуданд, ки ҳамдиёрони мо дастаҳои машҳури давлатҳои хориҷиро «обод» мекунанд.

27.08.1994 «Садои мардум»

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter