Принт

ҶИГАРҲО ХУН!

 

Оҳ, обшори дидор!

Пагоҳии 11.04.21 ба ҳунарманди арҷманди Тоҷик устод Қиёмидин Чақалзода паём фиристодам. Бо хурсандӣ гуфт:

-Меойӣ?

Гуфтам:

-Бале!

Соат аз 11 гузашта буд, ки занг зад:

-Э бача, куҷо шудӣ?!

Гуфтам:

-Кофарниҳон пушти сар шуд! Файзобода чун дар таги бинӣ мебинӣ.

Хандида гуфт:

-Пиёдаӣ?

Гуфтам:

-Пиёда мебудам, кайҳо мерасидам!...

Ронанда Бобишо ном хушгуфторе будаст, пас аз ин сухан гашти мошинро дигар карду маро рост ба даҳани дарвозаи он дӯсти пуровоза расонд. Бузургвор дами дар интизор буд, хурсанд шуд. Бобишо аз пайи кори худ рафту мо хона даромадем. Нонишаста аз Нурулло Исобоев пурсид:

-Сармаст куҷост? Агар меовардиш, кори хуб мекардӣ! Ёдаш кардем.

Гуфтам:

-Имрӯз дар бозори Маҳмадалии Дарвозӣ дидамаш. Куҳнаколое оварда буд, ниме барои дӯхтану ниме барои фурӯхтан!  Саге ҳам сӯяш наҷакид!

Гуфт:

-О, бача-а! О, наовардиш, сарупойи наваш мекардем!

Гуфтам:

-2 ҳафта пас!

Ҳайрон шуд:

-Чӣ хел?

Гуфтам:

-Охир, моҳи худат даромадаст: 28-ум зодрӯз дорӣ-ку?!

Маҳин хандиду гуфт:

-Ё насиб!

Интизорӣ

Устод ба тиреза нигиристу гуфт:

-Аз ҳамин тиреза чашмам ҳамеша сӯйи дар аст, ку дӯсте биёяд, ки банди дилам бикшояд?

Маро ин сухан ба ёди падари раҳнигарам бурд, ки обашро ҳам баошӣ намехӯрд. Оҳ, падари арҷманд! Рӯзи дароз чашм аз тиреза намеканд...

Ободии хона

Ҳамсари меҳрубонаш бо пазироии хуш дастархон биёросту чун аз дар берун шуд, устод ба ман рӯ овард:

-Сайёд, ободии хонаи ман ҳамин занак аст! Мо марди кӯча будем: ҳамеша дар кору дар гашту гузор. Ин бечора на шаб хоб дошт, на рӯз. Дар ними шаб ҳам, дар дами барфу борону шамолу шӯриш деҳ ба деҳ мегашт, аз беморон хабар мегирифт. Духтури хуб аст! Кору бори хона, парвариши фарзандон, нигоҳубини гову мол... ин ҳамаро саришта мекард. Дар бораи ҳамин ягон чӣ менависӣ?

Даст рӯйи дил бигзоштам:

-Бале!

Ҳамсарашро фарёд карду бо хушнудӣ гуфт:

-Сайёд ягон чияк дар бораи худат менависад, коре, ки ту дар ин зиндагӣ кардӣ, осон нест, қаҳрамонист! Бачаҳову набераҳора гап зан, якҷоя сурат бигиранд... 

Дилбастаи Душанбе

Худаш дар Файзободу ҳушу ёдаш дар Душанбе буд. Бо ҳам дар кӯчаву бозору гулзори Душанбе ҳамеша сайр мекардем. Шеъри устод Бозор Собир “Гулзори Душанбе”-ро ширин замзама мекард:

Чидам гули садбарг зи гулзори Душанбе,

Бурдам ба дари хонаи дилдори Душанбе.

Маҳтоб авезон ба сари шохи чанораш,

Фонуси шаби шоири бедори Душанбе.

Ёди Гурез Сафар

Устод бо меҳр аз хонадони ошноёни суханпарвараш ёдовар гашт:

-Мо бо Ашӯр Сафар хуб ошноӣ доштем. Бо Гурез ҳам куҳна ошноем. Бисёр шоири нағз аст. Файзи додараш ҳам шоири хуб аст. Насиби зиндагӣ бошад, рӯзе Душанбе рафтем, якумин коре, ки мекунем, аз Гурез хабар мегирем. Вай бемор аст. Бузургони мо чӣ нек фармудаанд:

Шикастаустухон донад баҳои мӯмиёиро!

Ёди Сайёфи Мизроб

Устод чун ҳамеша номи Сайёфи Мизробро бо сарафрозию сипоси бисёр ба забон овард:

-Сайёф хуб ҷавонмард аст! Падарша раҳмат! Барои ман додар аст! Чизҳои хуб менависад, мехонам! Гоҳе бисёр сахт менависад, медонам, дилаш месӯзад! Насиб кунад, 1 рӯз редаксияи СССР меравем!

Орзуяш сафаре буд ба Ғарм...

Устод кайҳо орзу дошт, ки бо дӯстони азизи худ - Шодӣ Солеҳу Бозори Раҳим Ғарм равему дар боғи Мирзошои Акобир сайр намоем. Дар ин дидор ҳам аз Камоли Бекзодаву аз Мирзошои боғпарвар ёдовар гашт:

-Камол соз аст? Газетаи Ғарма дар ҳамон солҳои вазнин ҳам чоп кард, офаринаш! Бачаи зӯр аст! 3 сол шуд, ки Ғарм рафтанием, намешавад. Хостем, ки аз боғи Мирзошо ниҳол биёрем, нашуд...

Гуфтам:

-Ғам нахӯр, меваҳоша меорем!

Бо дӯст нишастан аст хубе...

Устод ҷӯраи бачагии худ - Ҷӯрабеки Муминро фарёд кард, ки Сайёд омадаст, биё! Он ошнои қаламӣ фарёдрас будаст, омад. Бисёр хуш нишастему ночор бархестем. Сахт хоҳиш кард, ки шом шудаст, имшаб нишинем. Гуфтам:

-Ягон рӯзи дигар шабнишинӣ меоем! 1 дуо бидеҳ!

Моро аз роҳи дигар суйи берун оварду гуфт:

-Дунё ҳам 2 дар дорад!

Дар бари хонааш чанд беду оби равон буд бо пайроҳаеву бо сабзазори хушнамуд, ки ҳушатро мерабуд.  Устод моро хуш ба оғӯш гирифту ғамгин гусел кард...

Эй дареғ!

Ин дидори вопасин будаст: ҳамагӣ пас аз 3 рӯз - бомдоди 14.04.21 ин дӯсти ширинсухан дида фурӯ баст. Ашки ҷонсӯзи азизонаш дар ҷигари санг нишаст. Осмон ҳам беист мегирист...

Ҷоят биҳишти нозанин бод, эй азизи ҳамешадарёд!

 

Сайёд ҒАФФОР

16.04.21

Матлабҳои дигар