Принт

Аз Газпром то Ҳаҷпром???

Вобаста ба арзиши хизматрасониҳо барои адои маросими ҳаҷ, Кумитаи дин борҳо мавқеи худро баён доштааст. Ба суолҳое ҳам, ки чаро нархи ҳаҷи Тоҷикистон аз нархи дигар кишварҳои минтақа фарқ дорад, борҳо изҳороти расмӣ низ нашр кардааст, ки он қисман дар “СССР” ҳам нашр шудааст. Ҳамчун хонанда, ман аз 1 пораи посухи Кумитаи дин бо имзои Афшин Муқим ном сухангӯяш ҳайрон шудам. Афшин менависад:

-Аммо мо дар тааҷҷубем, “СССР” дар кадом асос иддао кардааст, ки гӯё бо далели арзон будани арзиши ҳаҷ дар Қирғизистон “аксари сокинони вилояти Суғд талош мекунанд, тавассути Қирғиз ба ҳаҷҷ раванд”?

Бо ин суолгузорӣ, Афшин мухотабро муттаҳам ба дурӯғгӯӣ мекунад! Яъне ба пиндори ишон тоҷике тавассути Қирғиз ба ҳаҷҷ на рафтаасту на меравад. Мантиқи суолгузорӣ ҳам ин аст. Инро хонда, натавонистам бе тафовут бошам.

Зеро худи ман соли 2012 дар Арабистони Саудӣ шоҳиди он будам, ки Тоҷикон тариқи Қирғизистон ва Россия ба ҳаҷ рафта буданд. Сабабаш арзон будани нархи ҳаҷ буд. Ва он шароите, ки мусулмонҳои зойири Қирғизу Россия доштанд, аз шарту шурути тамоми мусулмонони мамолики Осиёи Миёна беҳтар буд. 

Аз ҳамин лиҳоз дар нигориши газета ман ягон иштибоҳ намебинам. 

Вале ман низ акнун аз масъулини Кумитаи дин суол дорам:

-Чаро танҳо 2 ширкат барои ҳаҷи умра бурдан иҷозатнома доранд? 

-Магар намешавад, ки якчанд ширкат дар ин бозор ширкат намоянд? 

-Чаро рақобат дар ин бизнеси сермуштарӣ вуҷуд надорад?

Рақобат, ки афзуд нархҳо низ коҳиш меёбанд ва хизматрасониҳо беҳтар мешаванд. Ё ба мисли Газпром ва дигар промҳои дигар, ки бозори пухту сӯхти Тоҷикистонро монополия кардаанду барои дигарон хӯрок нест, боз 1 «ҳаҷпром» таъсис диҳем? 

Оқибати монополия ана ҳамин болоравии нархҳост, ҷанобон ҷавобдиҳандагон ва оқилакҳои Кумитаи дин. Мо Метавонем!

 

Шамсудин Гулаҳмадов

омӯзгор, номзади илм

 

Матлабҳои дигар