Принт

Редаксия супориш дод: Қаротегин рав!

01-04.2021. Бо  ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмони водии Раштонзамин, маъруфтар бо исми туркии Қаротегин, будем ва хостем, хонандаи худро низ бо ин водӣ ошнотар созем. Рафтемммм…

 

Тавилдара-дараи дурудароз

    01.10.2021. Соат бо вақти Сангвор 15:00 дақиқа. Пас аз қариб 7 соат роҳ ба маркази ноҳияи Сангвор-Ҷамоати деҳоти Тавилдара расидем. Ба ғайр аз Тавилдара ноҳия боз аз 2 ҷамоати дигар-Сангвор ва Чилдара иборат аст. Ноҳияи Сангвор бо 8 ноҳияи мамлакат-Тоҷикобод, Лахш, Ғарм, Нуробод, Ховалинг, Дарвоз, Ванҷ ва Мурғоб ҳамсарҳад будааст. Ноҳияи Сангвор (Тавилдара) соли 1931 ташкил ёфта, нахуст ба округи Ғарм дохил мешуд. Соли 1955 ноҳияро ба 2 қисм ҷудо намуда, ба ноҳияҳои Қалъаихумб ва Комсомолобод шомил карданд. Соли 1991 бошад бо қарори Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон он боз якҷоя шуда, номи Тавилдараро гирифт.  Соли 2016 бошад номи Тавилдара ба Сангвор, деҳае, ки дар он асосгузори наҳзат-Саид Абдуллои Нурӣ таваллуд шудааст иваз карда шуд. Имрӯз ин ноҳия беш аз 22 ҳазор аҳолӣ дошта, сангвориҳо асосан ба боғдориву асалпарварӣ ва чорводорӣ машғуланд. Мардуми маҳаллӣ мегӯянд, ки номи Тавилдара «дараи дароз»-ро маънидод карда, он дар ҳақиқат дурудароз аст. То бунёди роҳи нав ба сӯи Бадахшон ба воситаи Кӯлоб, мардум ва сайёҳон маҳз тавассути Тавилдара ба Помир мерафтанд.

 

Самимияти сангворӣ

   Зимни сафар ба сӯи ин ноҳия, ки роҳи воқеан сангдор буд, фикр кардам, ки ба ҷуз чанд бинои хурду назарногир ва кӯҳи бисёр дигар чизеро нахоҳам дид, вале вақте ба маркази деҳоти Тавилдара расидем, агар гӯям ҳуш аз сарам парид, хато нест. Биноҳои замонавӣ, кӯчаҳои мумфарш ва тозаву озода, мардуми самимӣ ва меҳмондӯст, ки бо оғӯши кушод ба сӯямон давиданду мо шаҳриҳо, ки чунин муносибатро кайҳо фаромӯш кардаем, ҳайрону лол гаштем. Ҳар куҷое намерафтем, хурду калон даст пеши сина салом медоданду мегуфтанд: «Меҳмон, хуш омадед, хона дароед, марҳамат ба боғ дароед, себу нок пухтааст, чинед!». Самимияти сангворӣ!

 

Қалбе дар кӯҳистон

   Мардум мегӯянд, ки рушди ноҳияи Сангвор пас аз солҳои 2010 шуруъ шудааст, зеро то ин вақт бархе аз гуруҳу шахсиятҳои ифротии зери таъсири ҳизбу ҳаракатҳои терроистиву экстремистӣ ва наҳзатӣ монда, намегузоштанд, ки дар ин минтақа бинои наве сохтаву корхонае бунёд ёбад. Дар бораи озодии занону духтарон ку беҳтараш ҳарф назанем!

Вале пас аз сафарҳои пайвастаи Сарвари давлат ба ин ноҳия ва куллан аз ифротиён поккории мавзеъ, кор ранги дигар гирифт. Пеш аз ҳама гардани душманони миллат шикасту мардум оҳи сабук кашид ва барои обод кардани зодбуми худ камар баст. Дар 10 соли ахир, хоса бахшида ба ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми биноҳои намояндагии вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлативу мақомоти қудратӣ аз сари нав бунёд гашта, мактабҳои замонавӣ дар деҳоти дурдаст низ қомат афрохтанд.

 Зимни сафари ахири Президенти кишвар ба ноҳияи Сангвор бинои нави МИҲД ва меҳмонхонаи «Таҳмина» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба бунёди кӯдакистони нав санги асос гузошта шуд. Аз ҳама муҳим маркази ноҳия шабона чароғон ва рӯшан шуда, боду ҳавои тоза ба кас роҳат мебахшад. Дар роҳ аз гардиши н.Рашт то ба сӯи маркази ноҳияи Сангвор мо беш аз 25 суҳбаткада-беседка ва 12 ҳоҷатхонаи навро дидем, ки барои мардуми мусофир ва сайёҳон пас аз 3-4 км бунёд шудаанд.

 

Кӯҳи Тамара-рамзи мубориза бо босмачиён

   02.10.2021. Соат бо вақти Сангвор 07:13 дақиқа. Субҳи барвақт аз хоб бедор шуда, бо ҳамкорам Лутфия Эшонқулова, мухбири «Народная газета», ба тамошои маркази ноҳия баромадем. Кӯчаҳо тозаву озода, ҷое хасу хошок ё коғазе намебинед. Диққатамонро қуллаи кӯҳе ба худ ҷалб мекунад, ки хеле баланд буда, дар болои он парчам парафшонӣ мекунад. Аз пирамарде, ки дар назди дарвозаи хонааш нишаста буд, пурсидем, ӯ гуфт: «Ин «Кӯҳи Тамара» аст, ҳозир номашро Таҳмина кардаанд, вале мо Тамара гуфтан мегирем!».

   Тавре баъд бароямон нақл карданд, дар оғози солҳои 1930 барои маҳви бесаводӣ ба ноҳияи Тавилдара муаллимаи ҷавони зодаи Гурҷистон Тамара фиристода мешавад (аз рӯи бархе маълумотҳо ӯ на муаллима, балки хоҳари шафқат будааст). Мисли духтарони пешқадами дигари ғармӣ- Аъламбибӣ, Маълумбибӣ ва Сайрамбибӣ Тамара низ аз дасти босмачиҳо ба қатл мерасад. Шабе босмачиҳои қурбошӣ Фузайл Махсум ба хонаи Тамара ҳуҷум карда, мехостанд духтари ҷавонро бо худ бубаранд, вале Тамара аз дасти онҳо фирор намуда, ба қуллаи кӯҳ мебарояду худро ба зер меафканад. Пас аз ин ҳодиса номи кӯҳ ва қуллаи онро кӯҳи Тамара ном ниҳоданд ва маҳз ин кӯҳ яке аз мавзеъҳоест, ки сайёҳони хориҷӣ, хосса кӯҳнавардон ҳатман ба болои он баромада, зиёрат мекунанд. Ин кӯҳ дар маъхазҳои таърихии советӣ ҳамчун рамзи мубориза алайҳи босмачиён тасвир ёфтааст.

 

Мазори Бурхи Валӣ

    Макони дигари таърихии ин маҳал мазори Ҳазрати Бурхи Валӣ аст. Он аз маркази Сангвор дар масофаи беш аз 120 км ҷойгир буда, агар гӯем, ки қариб роҳ ҳам надорад, хато намешавад. Новобаста аз ин сайёҳони хориҷӣ маҳз барои зиёрати ин мазор аз Амрикову Аврупо, Австралия ва Малайзия ба Тоҷикистон омада ин роҳи вазнинро бо дучарха тай карда мебароянд.

 Бурхи Валӣ кист? Касе дақиқан намедонад. Вале Зафар Мирзоён-бостоншиноси маъруф мегӯяд, ки ин ҳамон Булх ё Балх-оташкадаи Зардуштиён аст, ки Оташи Муқаддас ҳеҷ вақт дар он хомӯш намешуд. Чун арабҳо кишварро ғасб карданд, раштиёни нозанин, исми мавзеъро дигар карда, бо номи псевдо Бурқи Валӣ ин оташкадаро зиёрат мекарданд. Бо комилан исломӣ шудани сарзамин мавзеъро чун зиёраткадаи мусалмонӣ диданӣ меоянд….

 

Сангвор-макони тилло

   Маҳмадшо Давлатзода, раиси ноҳияи Сангвор зимни суҳбат бо гуруҳи меҳмонон ва хабарнигорон дар робита ба имкониятҳои сайёҳии ноҳия гуфт, ки ба ғайр аз ёдгориҳои таърихӣ дар ҳудуди ноҳия, конҳои хурду калони тилло ва захираҳои фоиданоки канданӣ низ мавҷуд буда, ин низ таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад.

    Сангвор бо мавзеи зархези Шугнови ноҳияи Ховалинг ҳамсарҳад буда, албатта ки конҳои тилло дорад. Агар аз шумораи умумии захираҳои фоиданок 3-4 кон аз худ карда бошанд, боқӣ дар интизори коркарду истеҳсолу содиротанд, ки барои ин ҳам маблағи калон лозим аст ва ҳам вақт. Ин тиллост, ки аз рӯи гуфтаҳои мардум сайёҳони хориҷӣ гоҳ-гоҳе ба хотири кайфияту лаззати худ бо сокинон ба даруни дарё даромада, пул дода, бо онҳо тиллошӯи мекунанд. Чаро не?

Ин ҳам шуғл аст ва низ барои 1 туристи хориҷӣ ба назар Элдорадо ва ё Тиллои Макен (Золото Макен)-ро меорад. Асос, ки сайёҳон онро овоза кунанд. Ун тарафаш кори техника ва таблиғгарони соҳаи туризм аст. Мо Метавонем!

 

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР,

Душанбе-Сангвор-Душанбе

 

 

 

  

 

 

 

 

 

Матлабҳои дигар