Принт

Тоҷикистон: дин озод аст ё маҳдуд?

 

2,5 миллион нафар мусалмон ҳамарӯза дар 3988 масҷид намоз гузорида, ҳатто ташкилотҳои динии насрония ва пайравони онҳо, ки ҳудуди 1000 нафарро ташкил медиҳанд, озодона ба таблиғи мазоҳиби хеш машғуланд…

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии ИМА ҳафтаи гузашта зимни суханронии хеш дар 1 конфронс гуфт,  Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол ҳам дар қатори кишварҳои Бирма, Хитой, Эрон, Покистон ва Арабистони Саудӣ ба феҳристи "кишварҳои мавриди нигаронии хос" аз назари озодиҳои динӣ ҷой дода мешавад. Таҳияи ин феҳрист ва гузориш оид ба озодиҳои динӣ ҳамасола дар асоси таҳқиқу машваратҳои Комиссияи Амрико оид ба озодиҳои байналмилалии динӣ сурат мегирад. Ин комиссия 1 ниҳоди бетараф буда, аз тарафи Конгресс таъсис меёбад.

Бояд гуфт, ки аз соли 2016 ин тараф бори панҷум аст, ки вазорати корҳои хориҷии давлатии ИМА Тоҷикистонро ба гурӯҳи кишварҳои мавриди нигаронии хос ҷой медиҳад. Дар шарҳи ин дар гузориши имсола гуфта шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2020 аз назари озодиҳои динӣ пешрафти каме нишон додааст. То кадом дараҷа ин гузориши вазорати корҳои хориҷии ИМА, ки Энтони Блинкен зикр кард, ба ҳақиқат наздик аст? Вазъи озодиҳои динӣ дар кишвари мо дар кадом поя қарор дорад? Тоҷикистон айни замон чанд масҷиду чанд иттиҳодияи диниву чанд калисову куништ дорад? Мо ин мавзуъро пайгир шудем.

Баҳогузорӣ мунсифона нест!

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи ин гузориши ИМА мегуяд, ки чунин баҳогузорӣ мунсифона набуда, баёнгари вазъи воқеии озодиҳои динӣ нест

   - Мо борҳо дар мавриди ин арзёбиҳо мавқеи худро баён кардаем ва такроран баён медорем, ки чунин баҳогузорӣ чандон мунсифона ба назар намерасад ва он баёнгари вазъи воқеии таъмини ҳукуқу озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон нест. Ба хотири рафъи чунин суитафоҳум ҳоло Кумита гузоришгарони вижаи СММ дар умури динро расман ба Тоҷикистон даъват намудааст, то бо ҳузури онҳо аз вазъи таъмини ҳуқуқу озодиҳои фитрии шаҳрвандон баҳои воқеӣ дода шавад, - гуфтанд ба мухбири мо дар кумитаи мазкур.

 

Ҳудуди 4000 масҷид ва 2,5 миллион намозгузор

Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итиллоъ доданд, айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 48-адад масҷиди ҷомеи марказӣ, 328-адад масҷидҳои ҷомеъ, 3612-адад масҷидҳои панҷвақта, дар умум 3988-адад масҷид расман фаъолият доранд. Теъдоди масҷидҳои мазкур ғунҷоиши тақрибан 2.500.000 нафар намозгузоронро доранд.

 

Таблиғи дин озод аст!

Дар қаламрави ҷумҳурӣ 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, аз ҷумла 60 иттиҳодияи динии мутааллиқ ба пайравони насрониҳо, 5 иттиҳодияи динии пайравони баҳоиҳо, 1 иттиҳодияи динии пайравони буддоиҳо ва Ҷамъияти “Яҳудиёни Тоҷикистон" фаъолият доранд.

Ҳамаи ташкилотҳои динии ғайриисломии мазкур ва пайравони онҳо, ки тақрибан ҳудуди 1000 нафарро ташкил медиҳанд, озодона ба таблиғи мазоҳиби хеш машғуланд.

Ҳоло мехоҳам аз Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии ИМА бипурсам, ки бо ин ҳама масоҷиду иттиҳодияҳои ғайрисломиву калисову куништ ва миллион-миллион намозгузор чӣ гуна дар Тоҷикистон озодиҳои динӣ маҳдуд будаанд? Шояд ба ин суол ӯ посух мегӯяд ва бо далелҳои шайъӣ пешкаш менамояд? Мо чоп мекунем. Мо метавонем! А, Блинкен чӣ? Слабо???

 

ҶамилаҲусейнова,

СССР

 

 

Матлабҳои дигар