Принт

АСАРИ ТОЗАТАЪРИХИ БАДЕӢ

  • Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки  дар баробари нависандагон рӯзноманигорони муваффақ низ ба таърихи миллати тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир намуда, асарҳои пурарзиш, пурмазмун ва гаронбаҳое  эҷод менамоянд. Яке аз чунин журналистони ҳақиқатгӯю ҳақиқатҷӯ, сардабири рӯзномаи шуҳратёри «СССР» Сайёфи Мизроб мебошад, ки ба наздикӣ тавассути чопхонаи «Дунёи муосир» бо теъдоди ҳазор нусха ҷилди якуми романи таърихиашро бо номи «Эшон – Бала» пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ гардонд.

Бояд зикр намуд, ки асари мазкур ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, романи номбурда дар бораи нахустин муқовимати миллии тоҷикон бар муқобили кӯчиёни тороҷгар дар куҳманзари соли як ҳазору нӯҳсаду бистум қисса мекунад.

Тавре аз пешгуфтори асар бармеояд дар роман муборизаи нахустин қаҳрамонони миллати тоҷик, ки барои Ватан ҷон фидо кардаву ба ҳаракатҳои босмачигарӣ ва роҳзаниву ғоратгарии қавми туркнажодон муқобилияти шадид нишон дода, баҳри ташкили давлати тоҷикон корномаҳо содир кардаанд, тасвир ёфтаанд. Муаллиф дар пайравӣ ба нависандаи маъруфи фаронсавӣ Александр Дюма ва романаш «Се мушкетер» романи худро офаридааст. Қаҳрамони асар Ғиёсиддини даҳсола чун Дартанян аз музофоти дур ба шаҳри бузурги Бухорои Шариф рафта, муҳасили мадраса мегардад.

… Бухоро Ғиёсиддини кӯчакро тасхир кард. Дар умраш бадин ҳашамату бузургӣ қасру кушке надида буд. Саҳ 22.  

Қаҳрамони асар Ғиёсиддин монанди Дартанян зуд дар байни муҳаисилини мадраса ва аҳолии шаҳри Бухоро бо дониши қавӣ, иродаи матин, қудрату тавонони ҷисмонӣ ва ғурури баланди куҳистонӣ соҳиби обрӯ мегардад.

«Баробари иҷозати расмӣ Ғиёсиддин чун уқоб парида, сӯи Алӣ омад. Алӣ Завқ мусли куҳи ғуррон ҷониби ӯ ҳаракат карда, панҷаҳои оҳанинашро мехост дар гулӯи ҷавонмард ғӯтонида, буғӣ карда, баъдан аз камарбандаш гирифта, болои сар бардошта, бар хок занаду болояш тамоми вазнашро партояд, то ки қабурғаҳояш шикананд. Вале Ғиёсиддин бо ҳамон суръате, ки меомад, чапғалат хӯрдаву аз таки каши Алӣ гузашта, аз пушташ рост шуда, бо як ҳаракати чобук Завқро аз замин чун кӯдаке, ки занбурӯғро аз замин меканад, канда, болои сар бардошта, чунон бар замин зад, ки рагаш дигар наҷунбид!». Саҳ.

Маврид ба зикр аст, ки чунин намунаи паҳлавонию мардонагии қаҳрамон дар асар фаровон истифода бурда шудааст ва ин усули адиб шавқу рағбати хонандаро мавриди таҳлили роман фузун мегардонад. Нависанда пас аз саргузаштҳои печ дар печу мароқангез, диловарию ҷонбозиҳо, аз сар гузаронидани азобу машаққати мусофират Ғиёсиддини дар муҳорибаҳо обутобёфта ва андӯхтани омӯзиши ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии кишварҳои гуногунро ба Ватанаш - Балҷувон бармегардонад ва ӯ бо чашми сар мебинад, ки меҳанаш макони тохтутози қавмҳои турк гардидааст.

«Тобистони соли як ҳазору нӯҳсаду бистум. Деҳоти Нораку Себистону Данғара дар коми оташ месӯхт. Фавҷи кӯчиёни мусаллаҳ даст ба бедод ва қатли омми аҳолии бумӣ зада буданд. Мардум сӯи қиблаи умед - куҳистони Балҷувон фирор мекаард… Додхоҳон боргоҳи беки Балҷувон омадаву ноумед мерафтанд… Ситаму таарузи кӯчиён зиёд мешуду кам не». саҳ. 19

Роман басо шавқовар ва ҳаяҷонбарангез муборизаи Ғиёсиддинро бо кӯчиёни роҳзан, задухӯрдаш бо Иброҳимбек, шиносоиаш бо ҷавонмарди далери балҷувонӣ Давлатманд ва ташкили армияи тоҷиконро дар бар мегирад. Ин ҷо қайд кардан ба маврид аст, ки хонандаи ноогоҳ аз таърихи миллат ва тангназарону сияҳдилон эҳтимол ба муаллиф санги маломатро алайҳи аланга додани низою нифоқи миллӣ зананд. Гӯшрас карданием, ки рӯзноманигори ҳақиқатпараст рӯйдоду ҳодисаҳои солҳои бистуми қарни гузаштаро дар асоси мадракҳои таърихӣ воқеъбинонаю ҳақиқӣ тасвир намудааст.

Сайёфи Мизроб мақсади асосии қаҳрамонаш Ғиёсиддинро ҷиҳати ташкили Давлати нахустини Тоҷикон хеле бомаҳорат, ҷаззоб ва хотирмон ба қалам додааст.

«Мо ватан дорем, генерал, - барошуфт Ғиёсиддин, - ва онро бояд ҳифз кунем. Зиёда аз ин, миёни болшевик пантуркистон кам нестанд, ки миллати тоҷикро инкор мекунанд ва мегӯянд тоҷик дар ин сарзамин давлатдор набуду нест. Онҳо такя ба чанд миру беки кӯчӣ мекунанд, ки дар ин сарзамин сарварӣ кардаанд. Таърихи ҳазорсолаи мо, давлатдориву шоҳигарии моро инкор мекунанд. Онҳо чунон таги пусти болшевик даромадаанд, ки ба онҳо бовар доранду ба мо не. Дӯстам, Ватани моро агар болшевикон гирифта ба туркон диҳанд, абадан бе ватан, бе насаб ва бе ном мемонем. Зимнан, мо бояд ба болшевик қудрат будани худро нишон диҳем ва ана он вақт бо онҳо сулҳ баставу Республикаи халқӣ - демократии Балҷувонро таъсис медиҳем. Дар ин марзу бум сар аз ҳамин рӯз бояд танҳо тоҷик шоҳу бек бошад, на турку муғул!». Саҳ 115-116.

Дар роман қаҳрамонони мусбату манфӣ зиёд иштирок доранд. Муаллиф басо бо маҳорат нақши ҳар кадоми онҳоро дар ҷой ва мавқеи худ моҳирона истифода бурдааст. Ҷоиз ба ёдоварист, ки муаллиф лаҳзаи ишқи Нозро ба маҳорати баланди бадеӣ ба қалам додааст.

«Ноз пас аз он ҳодиса, ки баъдан дар деҳа ба достону афсона табдил ёфт, хӯру хобашро гум кард. Мисли девонаҳо мегашт. Намедонист, ки ба ӯ чӣ рух додааст. Навраси қинғола, ки буд дарди ишқро дарк намекард. Танҳо медонист, ки қалбаш фишурда шудаву рӯ сӯи кӯҳу саҳро дорад. Ҷавонмарди болобаланди нозанини соҳиби овози марғуладор ва ғурранда чун бабри Виён хобашро дуздида буд». Саҳ. 119.

Бе мублиға қайд кардан меарзад, ки забони асар сода, равон ва барои хонанда ҷолибу фаҳмост. Рӯзноманигори соҳибмартаба мавриди таълифи асар аз шеъру тарона, ғазали шоирони классик ва масалу ҳикматҳои халқӣ фаровон истифода бурдааст. Асари мазкур бевосита дар тарбияи завқу шавқи бадеии хонанда ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии насли наврас нақши муҳим мебозад. Худ қазоват кунед ва ба ин сатрҳои адиб таваҷҷуҳ зоҳир намоед.

«- Воқеан ман зидди онҳо не, барои озодӣ ва истиқлолияти Ватан шӯридниям.

- Ба фикрат мо ҳоло озод нестем.

- Ҳастем, вале на онгуна, ки асри муосир талаб дорад, дӯстам. - Ғиёсиддин ба дуриҳо назар дӯхта, ором ба дӯсти наваш суҳбат мекард - Олам дигар шуда истодааст. Давлатҳо барҳам мехӯранд. Аз ин вазъ бояд истифода карду давлати тоҷиконро офарид». Саҳ. 106.

Новобаста аз баъзе норасоиҳову камбудиҳо ва фаровон истифода бурдани калимаҳои русӣ ва байналхалқӣ нависанда тавонистааст, ки асари пурмуҳтаво бобати таърихи миллати тоҷик навишта, дар адабиёти муосири тоҷик саҳифаи нав ва мусбате кушояд.

Дар хотима итминони комил дорем, ки Сайёфи Мизроб қисми дуюми романашро бо ҳамин сабк дар муҳлати кӯтоҳ бомувафаққият ба анҷом расонида, ба хонандаи тоҷик ва ҳаводорони каломи бадеъ пешкаш менамояд.

                                                                                           Зариф ҒУЛОМ,

                                                                                                адиб

 

 

Матлабҳои дигар