Мақолаи Зиёратулло Назруллоев «Тӯйи ванҷӣ бо рақси итолиёӣ» (СССР, №40 3 октябри соли 2019)-ро хонда сафари 10 сол пеш ба ин диёри мардуми сарбаланду меҳмондӯст доштаамро бо хотир овардам. Моҳи август буд. Ҳамроҳи рӯзноманигор-сайёҳ Тоҷиддин Раҷабзода аз Душанбе сӯӣ Помир-Боми чаҳон роҳ пеш гирифтем-пои пиёда! Ногуфта намонад, ки пеш аз сафар фотеҳаи рӯзномаи мардумии «СССР»-ро гирифта будем.
То шаҳри Хоруғ дар 26 рӯз расидем.
Аз Хоруғ мошинсавор рафтем ба Гармчашма, чашмаҳои Авҷ, Фотимаю Заҳрои ноҳияи Ишкошим. Чанд рӯз меҳмони судяи суди ноҳияи Ишкошим, яке аз ҳуқуқшиносони шинохтаи ҷумҳурӣ Ҷалолхон Баҳодуров (имрӯз нафақахӯр) будем.
Рӯзе ҳини бозгашт аз деҳаи Заранг ба маркази ноҳия «Нива» «даступо хӯрд»-бензиннасос «подводит» кард. Дарвозаеро кӯфтем. Марди қадбаланду чеҳракушоде дарро кушода, моро чун шиносҳои дерин, гарму ҷӯшон истиқбол кард. Мошинро ба ҳавлӣ дароварду дарвозаро баст, ба эътирози мо эътибор надода:
– Ман Шуморо дар чанд маҷлис дидагӣ, раис, худро дар хонаи худ ҳис кунед, илоҷи мошинро ҳолӣ меёбем,-гуфт соҳиби хона, ки, мутассифона, ному насабашро аз бевақтии шаб будан, напурсидаем, шояд ӯ худро тавассути ин чанд сатр «шиносад»?
Моро ба ҳолу ҷонамон намонда ба хона даровард. Болои катҳои хонаи помирӣ ҷо гирифтем. Дастархон ҳам густурда шуд. Суҳбат тасфид, аммо ронанда беқарор буд.
- Ҳа, шеф, мебинам, ки доди мошинро доданӣ, хайр, рафтем, канӣ бинем, ки вай шумоёнро чаро «кидат» кардааст, - ба ронанда муроҷиат кард соҳибхона. Мо машғули суҳбату тамошои хонаи помирӣ чи тавр даромадани соҳибхонаю ронандаро нафаҳмида мондаем.
- Ҳа, чӣ шуд, - аз ронанда пурсид Ҷалолхон Баҳодуров.
- Ҳамааш хуб, раис, «аспи фӯлодин»-ро саҳар «наъл» мезанем, - ба ҷои ронанда ҷавоб дод соҳибхона, -бензиннасоси «Некси» мошини Шуморо ӯҳда карда натавонист. Инро ман аз аввал медонистам, раис, лекин аз суҳбати чунин меҳмонони азиз маҳрум шудан магар аз рӯи адолат мешуд, ғайр аз ин, мумкин Шумоён гумон мекардед, ки хасисӣ кард, бинобар ин ман мондам шофири шумо ба ҳам мувофиқ набудани ин ду асбобро худаш бинад…..
Моро пагоҳирӯзӣ баъди таъмири мошин гусел кард. Дар роҳ ҳама аз меҳмондӯстию саховати мардуми ин диёр суҳбат доштем. Ин лаҳзаро мо дар суҳбатҳои гуногун, вохӯриҳо ба саволи «дар Помир шуморо чӣ тавр истиқбол гирифтанд», ҳар доим нақл мекунем.
Мирзоҳамдам Шарифзода,
ноҳияи Мастчоҳ
тел: (92) 757-97-72