ТАСС ин хабарро аз сарчашмаи махфиаш дар хадамоти бехатарии музофоти Найнавои Ироқ оварда, меафзояд, ки Гулмурод Ҳалимови миёни ҷангиёни ДОИШ бо лақаби Ал-тоҷикӣ маъруф дар ин симмат Тархон Ботурашвилӣ ва ё Абу Умари Шишонии чанде пеш кушташударо иваз кардааст. Ҳамчунин сарчашмаи ТАСС аниқ кардааст, ки ин хабар бо сабаби нигарониҳои ҷангиён аз бомбарон ва тарси кушта шудани сарлашкари навашон, аз тарафи ДОИШ ба таври расмӣ пахш нашудааст.
Қайд мешавад, ки аксари роҳбарони табақаи аввали ДОИШ имрӯзҳо дар хоки Сурия панаҳ бурда, дар ҳудуди Найвана танҳо роҳбарони сатҳи поёнӣ фаъолият мекунанд. Ба қавли сарчашмаи хабаргузорӣ аксари роҳборани ин гурӯҳи терористӣ аз тарси ошкор ва нест нашудан ба фаъолияти махфӣ ва пинҳонӣ гузаштаанд.
Гулмурод Ҳалимов дар гузашта собиқ фармондеҳи ОМОН, моҳи апрели соли гузашта ба ДОИШ пайваста буд. Ӯ хатмкардаи Академияи олии ВКД, падари 8 фарзанд ва таҷрибаандухтаи тактикаҳои махсуси ҳирфавии ҳарбии Россия ва Амрико мебошад. Дар Тоҷикистон ӯ ба ҷиноятҳои хиёнат ба Ватан гунаҳгор шуда, дар пайгирии пулиси байналмилалии Интерпол мебошад. Соли гузашта ИМА Ҳалимовро ба рӯйхати таҳримӣ ворид карда, имсол барои ифшои суроғааш 3 млн. доллари ИМА мукофот эълон намудааст.
СССР