Принт

М. Убайдуллоев: 25 километрӣ роҳ таъмир кунед!

Шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба раисони 4 ноҳияи пойтахт супориш дод, ки то 9 сентябри соли 2016 бахшида ба 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худуди маҳаллаҳо ва шаҳракҳои ноҳияи хеш аз ҳисоби даромадҳои буҷа ва ҷалби соҳибкорон 25 километрӣ роҳҳоро таъмир ва таҷдид намоянд.

Ин нуқтаро Убайдуллоев дар ҷаласаи навбатии назоратии Ҳукумати шаҳри Душанбе, ки рӯзи 7 март баргузор гашт, зикр намуда таъкид дошт, ки дар тамоми кору пайкори хеш ба сокинони пойтахт такя менамояд ва боварӣ дорад, ки душанбегиён ӯро дар тамоми корҳои ободоние, ки дар ин ё он гӯшаи шаҳр идома ва оғоз меёбанд, дастгирӣ хоҳанд кард.

Мину Аминзода

Матлабҳои дигар