Принт

Муллобачаҳо ба хизмат мераванд?

Мустафо Бобоев, хонандаи ҳамешагии газетаи мардумии СССР аз шаҳри Душанбе ба редаксия занг зада, дар бораи ба хизмат рафтани фарзандони муллову имомхатибони мамлакат суол кард. Барои мо низ аҷиб буд, ки оё писарони имомхатибони масоҷиди кишвар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, хизмати Ватан-Модарро анҷом медиҳанд ё не? Тасмим гирифтем ин мавзуъро пайгир бошем. Ррррафтемммм…

 

Ихтиёран ва пеш аз ҳама

Тавре ба мухбири мо дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамин ҳоло писарони наздики 10 нафар аз имомон ва имомхатибони масоҷиди кишвар, ба фарқ аз шоҳписарони вазиру расион, дар сафи Артиш буда, барои ҳифзи марзу буми Ватан хизмат доранд.

 Аз ҷумла, инҳо фарзандони Карим Розиқов, имомхатиб аз ноҳияи Рашт, Мирмаҳмад Нуров, имомхатиб аз ноҳияи Нуробод, Ҳикматулло Шоев аз шаҳри Ҳисор, Нурулло Ҳидоятов аз шаҳри Конибодом, Рустам Эгамов аз шаҳри Панҷакент, Муҳиддин Кобулиев аз ноҳияи Тоҷикобод, Одина Сайдамиров аз ноҳияи Сангвор ва Саидҷон Асадуллоев аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мебошанд. Ҷавонон дар ҷузъу томҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намуда, боре нашудааст, ки писари имоме ё имомхатибе аз хизмати аскарӣ саркашӣ карда бошад.

   - Имомон ва имомхатибон худ ташвиқгару тарғибгари хизмат ба Ватан-Модаранд ва борҳо шудааст, ки фарзандони эшон ҳамчун намуна пеш аз ҳама ихтиёран ба сафи артиш мепайванданд, - таъкид доштанд дар Кумитаи мазкур.

 

Дӯст доштани Ватан аз эмон аст!

Тавре устод Саъдӣ Маҳдӣ, яке аз донишмандони рӯзи мо, мегӯяд, тибқи ҳадиси саҳеҳи пайғамбари ислом, «дӯст доштани Ватан аз имон аст!». Дар ин бора ҳадиси шариф низ ҳаст. Онро Саъдии Шерозӣ барин бузургвор, ки тамоми олами ислом эътирофаш мекунад, ҳадиси Шариф мехонад:

Саъдиё ҳубби Ватан гарчи ҳадисест шариф,

Натавон мурд ба сахтӣ, ки ман ин ҷо зодам!

Дар ин робита Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, ки дар олами ислом дар мазҳаби ҳанафии Осиёи Миёна эътироф шудааст, низ мегӯяд:

Рафти Сухан бар сари Хатлон бувад,

Ҳубби Ватан гӯшаи имон бувад.

Яъне дӯст доштани Ватан ва хизмат ба ӯ аз имон аст ва шояд ҳамин аст, ки сафи муллобачаҳо солҳои ахир дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон меафзояд.

 Кош, ин ҳадисро фарзандони мансабдорон низ мисли писарони садҳо муллову деҳқону агроному коргару муаллиму духтур дарк карда, пеш аз ҳама барои ҳифзи марзу буми хеш камар мебастанд. Мо Метавонем!

PS: Тавре ба мо хабар расид, писарони раиси Кумитаи дин ҳоло ноболиғанд. Ва тавре наздикони раиси кумита изҳор доштанд, бо баркамолшавии фарзандон, ӯ ҳозир аст, чун намуна онҳоро ихтиёран ба Армия гусел кунад…

 

Ҷамила Ҳусейнова,

СССР

 

Матлабҳои дигар