ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Июл 13 2017


Имрӯз, 13 июл зимни нишасти хабарӣ дар ҶСК «Шабакаҳои барқи ҷануб»-и вилояти Хатлон муовини директори ин ниҳод-Ҷамшед Файзализода оид ба бақияи қарзи барқи истифодашуда аз шаҳру ноҳияҳо нигаронӣ кард. Ӯ афзуд, ки 12 шаҳру навоҳии вилоят зери назоратанд ва бо барқ таъминанд. Аммо ин ноҳияҳо қарздоранд: Сарбанд 22 349 820, А.Ҷомӣ 16 826 640, Шаҳритус 7 691 690, Ҷ.Балхӣ 16 881 590, Вахш 25 767 200, Қубодиён 11 549 600, Панҷ 7 362 150, Дӯстӣ 7 234 570, Бохтар 28 349 130, Хуросон 9 962 150 ва НХусрав 870 010. Аз ташкилоту саноатҳо: ғайри саноат, хоҷагиҳои пахтакор, хоҷагиҳои ғайри пахтакор, буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети маҳаллӣ, соҳаи савдо, ИДБЗ ва обёрии хоҷагиҳои коммуналӣ, зеристгоҳҳои ШБҶ, тиҷорат, аҳолӣ, аз ҷумла, хоҷагиҳои об то 1.07.2017 дар маҷмӯъ 161 050 880 аз ШБҶ қарздоранд.


Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Душанбе, Июл 10 2017

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда дар 4 моҳи соли 2017 дар Ёвон 329 млн. сомониро ташкил дода, аҳолии Ёвон гуногунмиллатанду ҷуз Тоҷикон, русу қирғиз, ӯзбеку тотор ва хитоиҳоро дидан мумкин аст. Шумораи хитоиҳо ҳамасола меафзояд, зеро бузургтарин корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҳамин ноҳия ҷойгиранд. Хитоиҳои ёвонӣ аллакай дар кӯчаву бозор бо лаҳҷаи Тоҷикии ёвонӣ  ҳарф мезананду роҳат мегӯянд: Дар мгзин птинка омадай, рангш квут…

Душанбе, Июл 03 2017


Ҳамасола, новобаста аз таъкиду тавсияҳои мансабдорону раисону вазирон дар бораи танзими нарху наво ва роҳ надодан ба харҷҳои беҳудаву исроф, пешопеши иди саиди Фитр бозорҳои кишвар ба 1 макони ҳаёҳуйи бузург табдил ёфта, мардум ба харид мебароянд, Хариди калони идона! Мухбир-ревизори газетаи СССР бо супориши редаксия 3 рӯз пеш аз фарорасии ин ид-23.06.2017 ба бозорҳову марказҳои савдои ш.Душанбе баромада, ҳам нарху навои идонаи маҳсулоти ниёзи аввалияро диду ҳам харид кардани мардумро.

Панҷшанбе, Июн 29 2017


Ҳар гоҳ, ки ба нақлиёти мусофирбари шаҳр савор шавед, ҳатман «Пули майда диҳед», «Кӣ 10-сомониро ба ду 5-сомонӣ иваз мекунад?» барин гуфтугузори ронандаро мешунавед. Гуфтугӯҳо аксаран ба муноқишаҳо мепечанд. Ҳамчунин, дар байни роҳ истода, аз ронандаи дигар гирифтани пули майда бар ивази 10-сомонаю 20-сомонаро мебинед, ки ин ҳол боиси халалдор гаштани ҳаракати нақлиёт шуданаш мумкин. Дар «Старекс»-и хатсайри 28 ронанда баъди якбора 2 кас пешниҳод кардани 10 сомонӣ асабӣ шуд. Ӯро мусофирон базӯр ором карда, маслиҳат доданд, ки «пеш аз ба кор баромадан бо худ пули майда гир, ташвишат камтар мешавад». Ронанда худро сафед карда, гуфт: «Дар куҷо пули майда медиҳанд? Пагоҳӣ дар назди БДА 200 сомонӣ дода, базӯр 190 сомонӣ гирифта будам, тамом шуд. Ёфтани пули майда осон нест!...». Ин гуна гуфтугузорро дар дигар хатсайрҳо ҳар лаҳза шунидан мумкин аст, ки андешаҳои зиёдро ба бор меорад. Аввалан, ба назар мерасад, ки бо вуҷуди фаъол будани муассисаи давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва хадамотҳои давлатии назорат дар нақлиёти ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ, ронандагон дар масъалаи дарёфти пули майда мушкилот доранд. Зеро ба истиснои назди БДА, ки он ҳам ғайриқонунист, дар ягон маҳалли шаҳр нуқтаи пулмайдакунӣ ё автомат нест. Ҳар рӯз ронандагони беш аз 3000 нақлиёти мусофирбар ба кор мебарояду қариб 90%-и онҳо ба ин мушкилот рӯбарӯянд. Агар масъулони шуъбаи нақлиёти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт якҷо бо ташкилотҳои дахлдор атрофи ин масъала фикр карда, тадбири судмандеро роҳандозӣ мекарданд, кори хайр мешуд. Аз вазъи ногувори набудани пули майда истифода бурда, афроде пайдо шудаанд, ки ба ивази 50 сомонӣ 45 ва ба 100 сомонӣ 95 сомонӣ дода, фоидаи муфт меёбанд. Роҳ додан ба ин амал маънои об рехтан ба осиёби қаллобону муфтхӯронро мемонад. Аз соли 2011 баъди 1 сомонӣ ва 1 сомонию 60 дирам муқаррар кардани нархи роҳкиро мақомоти дахлдори соҳаи мусофиркашонӣ бобати бо танга таъмин сохтани ронандагони нақлиёти мусофирбар мегӯянду ҳеҷ не ки гуфторашонро амалӣ созанд. Вазъ ҳамон тавре ишора гашт, идома дорад. Тибқи қарори раиси шаҳр дар аксар хатсайрҳо, аз ҷумла, 1, 2, 8, 10, 19, 25, 28, 33, 46, 52, 54, роҳкиро 1 сомонию 60 дирам муқаррар шудааст, аммо дар ягон хатсайр 40 дирам бақия намедиҳанд. Дар мусоҳибаҳо бо хабарнигорон Абдуҳалим Маҷидов-сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи муассисаи давлатии “Душанбенақлиётхадамотрасон” мегӯяд, ки дар муассиса ба қадри зарурӣ танга ҳаст ва дар сурати муроҷиат намудан ба ронандаҳо дода мешавад. Аммо хобидани танга дар хазина мушкилро ҳал намекунад.


Мирзои Фирӯз,
журналист

Душанбе, Июн 19 2017


Бо дастури Ҳукумати ҶТ феълан тамоми ширкатҳои истеҳсол ва таъминкунандаи обу барқу гармии мамлакат ба фасли сармои оянда омодагӣ мегиранд. Маҳз аз фаъолияти имрӯзаи онҳо, хоса, корҳои таҷдиду азнавсозӣ ва захираву дурнамо вазъияти гармиву рӯшноии ҳар 1 хонадони Тоҷик дар фасли зимистон вобаста аст. Мухбир-ревизори СССР тасмим гирифт, аз ин шумора сар карда, фаъолияти ҳар 1 ҷамъияту корхона ва иттиҳодияҳои истеҳсоли обу барқ ва гармиро бо навбат зери назар гирифта, бо корҳои омодагии онҳо ба фасли зимистон ошно шавад. Боздиди нахустини мо аз ҶСК «Шабакаҳои барқи Турсунзода» оғоз шуд. Шояд шумо суол диҳед, ки чаро маҳз аз ш.Турсунзода? Посух ин аст, ки Турсунзода яке аз шаҳрҳои муҳими стратегии наздимарзӣ ба шумор рафта, калонтарин корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ, амсоли ТАЛКО ва даҳҳо ҷамъиятҳои дигар ин ҷо фаъолият доранд. Таъминоти аҳолии беш аз 230-ҳазорнафараи он бо барқ, ки дар байнашон намояндагони наздики 30 халқияту миллат, ҳатто ҳиндуҳо зиндагӣ мекунанд, масъулиятест басо муҳим.

 Раиси ҷавону пурмаҳсул
Субҳи рӯзи 10.06.2017 озими ш.Турсунзода шуда, нахуст ба қабули раиси ҶСК «Шабакаҳои барқи Турсунзода» Холиқзода Салоҳиддин Шариф рафтем. Расо соати 8:30 дақиқа ба идораи эшон расидему дар баробари чанд нафар сокинони барои арзу шикоят назди раис омада, навбат гирифтем. Шаҳрвандон бо мушкилоти хеш назди Холиқзода омада, пас аз қабули раис розӣ мебаромаданд. Навбати ман ҳам расид ва вориди утоқи раиси ҶСК «Шабакаҳои барқи Турсунзода» шудам. Холиқзода ҷавони хеле боғайрату пурмаҳсул будааст. Пас аз шиносоӣ дарҳол маро бо худ ба зеристгоҳи «Равшан» бурд, ки он ҷо шанбегии кормандон идома дошт. Раис низ бояд дар чунин маъракаи ободониву созандагӣ иштирок мекард.

Эҳёи кӯҳантарин зеристгоҳи мамлакат


«Равшан», ки дар даромадгоҳи шаҳр ҷойгир аст, кӯҳантарин зеристгоҳи кишвар ба шумор рафта, соли 1963 бунёд гаштааст. Айни замон лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии зеристгоҳ аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» амалӣ гашта, то охири соли 2018 пурра иваз мешавад. Имрӯз ҳудуди зеристгоҳ кушоду васеъ гашта, иншооти дохилаш ба тадриҷ нав мегардад. Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологии зеристгоҳ ҳар ҳафта рӯзи шанбе кормандони ҷамъият корҳои ободонии атроф ва иншоотҳои кориро ба анҷом мерасонанд. На танҳо дар зеристгоҳи «Равшан», балки дар зеристгоҳҳои «Пахтаобод», «Промзона» ва «Лоҳутӣ», ки муҳимтарин зеристгоҳҳои шаҳр ба ҳисоб мераванд, ҳар ҳафта мардум ба тоза кардани атрофи маҳалли зист, сабзкорӣ ва ободонӣ машғуланд.

Ба барқдуздӣ нуқта гузошта мешавад!
Сокинони ш.Турсунзода, ки ҳама муштариёни ҶСК «Шабакаҳои барқи Турсунзода» ҳастанд, мегӯянд, раиси ҷавон С.Холиқзода шояд ягона раиси ин ширкат аст, ки тӯли фаъолияти на кам аз 1-солаи хеш аллакай тавонистааст ба дурдасттарин деҳоти шаҳр, ки аксарият наздимарзиянд, рафта на танҳо аз ҳоли хатҳои барқу трансформаторҳо, балки аз аҳволи аҳолӣ низ воқиф гардад. Сокинони деҳаҳои дурдасти Шулум ва Хонақо шояд дар 25 соли охир ягона раиси «Шабакаҳои барқи Турсунзода»-ро, ки дидаанд, ҳамин Холиқзода аст. То ин муддат ба ҷуз нозири барқ дигар касе аз масъулин ба наздашон барои аҳволпурсӣ наомада буд. Холиқзода пас аз боздидаш аз тамоми гӯшаю канори шаҳр ва нуқтаҳои дуртарини аҳолинишин тасмим гирифт симчӯбҳои кӯҳнашудаи аксарияти деҳот, аз ҷумла, Хонақоро иваз карда, ба ҷои трансформаторҳои вақти фаъолияташон кайҳо ба охир расида трансформаторҳои наву замонавӣ васл кунад. Феълан, ба деҳаҳои Хонақо хати нави барқ кашида шуда, мутахассисони шабака дар ин нуқта ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд. Ҳамакнун, бо омадану санҷишҳои пайдарпайи Холиқзода мардуми деҳаи Хонақо, ки солҳои тӯлонӣ бо роҳи ғайриқонунӣ ба хати барқ васл шуда, аз он баҳра мебурданду маблағи истифодаро намесупориданд, ба таҳлука афтодаанд. Раиси нав намегузорад, ки муштариён бе барқ монанд ва...барқдуздӣ кунанд!

Тайёрии ҳаматарафа ба зимистон


ҶСК «Шабакаҳои барқи Турсунзода» дар самти омодагӣ ба фасли зимистони солҳои 2017-18, ки муҳимтарин омилаш таъминони аҳолӣ бо барқи хушсифат ва мунтазам аст, 1 қатор нақшаҳоро амалӣ карда истодааст. Аз ҷумла, аз ҷониби мутахассисони ширкат дар хатти 10/0,4 кВ симҳои лучи алюминӣ 59232 метр, оиқҳо ба миқдори 610 адад, сарбанд ба миқдори 130 адад, сутунпояҳои оҳанию бетонӣ ба миқдори 79 адад иваз карда шуданд. Корҳои таъмир ва ивазкунии асбобҳои барқии сӯхта ва аз кор баромада гузаронида шуда, дар олоти тақсимоти 10/0,4 кВ нуқтаҳои трансформатори шаҳр ва деҳаҳо ҷудоикунак ба миқдори 48 адад, муҳофизак ба миқдори 308 адад, барқгир ба миқдори 11 адад васл шуд. Дар хатти кабели 10/0,4 кВ ба миқдори 485 метр кабели намудҳои гуногун иваз шуда, дар атрофи шаҳр ва деҳоти он барои кам кардани серборӣ трансформаторҳо бо тавоноии ТМ-630 кВА-1 адад, ТМ-400 кВА-1 адад иваз карда шуд. Инчунин, дар ҳудуди ш.Турсунзода ба миқдори 8 адад зеристгоҳи трансформатории маҷмӯи шаҳрӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, барои кори мунтазами онҳо 330 литр равғани трансформаторӣ рехта шуд. Бино ба иттилои Салоҳиддин Холиқзода, дар тайи 5 моҳи соли равон 42 адад истгоҳҳои трансформатории 10/0,4 аз таъмири ҷорӣ бароварда ва корҳои профилактикӣ низ гузаронида шуд. Барои пешгирӣ дар мавсими раъду барқ бошад аз ҷониби коршиносони шабакаи мазкур 3 адад барқгир ва сабткунакҳои барқгири 35 кВ дар зеристгоҳи «Пахтаобод» 6 адад ва дар зеристгоҳи «Лоҳутӣ» 6 адад барқгир васл гардиданд. Ҳоло низ корҳои омодагӣ ба фасли сармо дар ҶСК «Шабакаҳои барқи Турсунзода» идома доранд ва мутахассисони ин зерсохтори ширкати «Барқи тоҷик» кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки аҳолии шаҳр чӣ ҳоло ва чӣ дар фасли зимистон аз норасоии нерӯи барқ танқисӣ накашанд.


Мину Аминзода,
СССР

Чоршанбе, Июн 14 2017


Саҳари имрӯз 14 июни соли 2017,  хабаре паҳн гардид, ки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо ҷурми душаҳрвандӣ 30 нафар кормандонашро аз кор сабукдуш кардааст. Ба хотири рушанӣ андохтан ба масъалаи мазкур чандин маротиб хостем бо Хадамоти матбуот, махсусан бо сардораш Сайфулло Салимов тамос бигирем. Аммо мутаасифона телефони мобилии С.Салимов "қулфу гиреҳ” (переадресатсия)-ю телефони оҷилии Амонатбонк (221-33-11) вайрону таъмирталаб будааст. Ҳамин тариқ маҷбур шудем ин хабарро тариқи дигар сарчашмаҳои муътамад дар ин бонки маъруф, пайгирӣ намоем. Ба қавли сарчашмаҳо чанд рӯз пеш Бонки милли Тоҷикистон мактуб-супоришеро ба ҳамаи бонку ташкилотҳо ирсол намуда, онҳоро муваззаф намудааст, ки оҷилан рӯйхати кормандони душаҳрвандиашонро пешниҳод намоянд. Дар мавриди сабукдуш шудани кормандон бо ҷурми душаҳрвандӣ, сарчашмаамон дар Амонатбонк чунин иброз намуд, ки дар ҳақиқат на 30 балки 8 нафар кормандон бо сабаби доштани душаҳрвандӣ аз кор озод шудаанд. Миёни сабукдушшудагон мутахассиси Хадамоти матбуот Нигина ... низ мебошад. Ҳамчунин сарчашмаамон дар Амонатбонк иброз намуд, ки тибқи иттилои ба онҳо расида дар Бонки миллӣ 30 нафар кормандонро бо ин ҷурм аз кор озод кардаанд. Хабари супориш ва мактуби мазкури БМТ-ро кормандони дигар бонкҳо низ тасдиқ намуданд.
Сардори Шӯъбаи матбуоти БМТ Мавҷуда Ҳасанова бошад мавҷудияти хабари мазкурро пурра инкор карда, мункири ирсоли мактуб ва ё супоришномае аз ҷониби БМТ ба ташкилотҳои қарзӣ гардид. Дар мавриди сабукдуш шудани теъдоди зиёди кормандон (300 нафар) дар БМТ, хонум М. Ҳасанова изҳори бехабарӣ карда, таъкид намуданд, ки дар давоми рӯз ҳатман ин масъаларо рушан карда, бевосита ба Сардабири ҳафтаномаи “СССР” Сайёфи Мизроб хабар хоҳанд расонд. Аз ин хотир мавзуъро пайгир монда аз хонум М. Ҳасанова ва масъулини дигар бонку ташкилотҳои иттилои дурусту расмиро интизорем. Мо метавонем!


О. Муродӣ
СССР

саҳ 54 аз 70

Китобҳо

Flag Counter