ХАБАРИ ДОҒ

Рушди бозори кортҳои пардохт талаботи замон

  • Ҷумъа, Июл 22 2016

Фаъолияти низоми кортҳои пардохт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1998 оғоз шуд ва то ба имрӯз ташкилотҳои қарзӣ зина ба зина воситаҳои нави ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро татбиқ ва доираи истифодаи онҳоро васеъ намуда истодаанд. Рушди инфрасохтори ин низом пеш аз ҳама аз таъмини талаботи дорандагони кортҳо вобаста аст.

 

Мутаассифона, дар Тоҷикистон бештари дорандагони кортҳо, ки дар доираи лоиҳаҳои “музди кор” хизматрасонӣ мешаванд, то ҳол кортҳои худро ҳамчун воситаи гирифтани пули нақд истифода мебаранд. Вале кортҳои пардохтро ҳамчун василаи ҳисоббаробаркунӣ дар муомилот низ метавон васеъ истифода бурд. Бояд қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ-сомонӣ воситаи қонунии пардохт ба шумор рафта, ҳамаи ҳисоббаробаркуниҳо ҳам ба таври нақдӣ ва ҳам ба таври ғайринақдӣ бе маҳдудият бо сомонӣ амалӣ мешаванд. Дар баробари ин, рушди бозори кортҳои пардохт ҳамчун яке аз омилҳои муҳими ҳалли масъалаи кам кардани саҳми ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд дар бахши пардохтҳои чакана ва такмилу таҳкими ин низоми пардохт дар кишвар идома дорад. Муомилоти пулӣ аз пули нақд (пулҳои коғазӣ ва тангаҳо) ва пули ғайринақдӣ (гардиш маблағҳои пулӣ дар суратҳисобҳои бонкӣ) иборат буда, дар маҷмӯъ гардиши молу маҳсулот ва кору хизматрасониҳоро таъмин мекунад.

Дар давлатҳои пешрафтаи дунё ба муомилоти ғайринақдӣ афзалият дода шуда, ба муомилоти пули нақд ҳиссаи ночизи гардиши пул рост меояд (масалан, ин таносуб дар Иттиҳоди Аврупо тақрибан 95,0 ба 5,0% аст). Дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла, дар давлатҳои собиқ шӯравӣ баръакси ин ҳолат мушоҳида гашта, муомилоти пули нақд ҳиссаи бештар дорад. Чунин ҳолат хароҷоти мустақими ғайриистеҳсолии иқтисодиётро зиёд карда, ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, ҳисоббаробаркуниҳо ва муомилоти ғайрирасмӣ мусоидат мекунад. Таҷрибаи давлатҳои дорои иқтисодиёти пешрафта нишон медиҳад, ки рушди низоми кортҳои пардохт яке аз омилҳои инкишофи низоми молиявӣ ба ҳисоб рафта, дар ғанӣ гардонидани буҷети кишвар нақши муҳим дорад. Таҳлилу тадқиқоти институтҳои бонуфузи байналмилалӣ ва бонкҳои марказӣ низ нишон дод, ки истифодаи оммавии кортҳои пардохт ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо (хариду фурӯш) ба шаффоф гаштани ҷараёнҳои молиявӣ, афзоиши воридоти маблағҳои андоз ва ба зиёдшавии ҳаҷми амонатҳо мусоидат мекунад. Яъне, ҳангоми зиёд шудани ҳисоббаробаркунӣ тавассути кортҳои пардохт шаффофият дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ таъмин гашта, имконияти пинҳон намудани фоида дар ин самт кам мешавад ва воридоти андоз ба буҷет аз соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ афзоиш меёбад.

Дар натиҷаи таҳлилҳо муайян гашт, ки ҳангоми 1% афзоиш ёфтани ҳаҷми пардохтҳо тавассути кортҳои пардохт, воридшавии маблағ аз ҳисоби андоз то ба 1,56% зиёд мешавад. Инчунин, ба таври оммавӣ истифода шудани кортҳои пардохт ба афзоиши ҳаҷми амонатҳо дар ҳисобҳои кушодашуда дар ташкилотҳои қарзӣ оварда мерасонад. Омӯзиши мавзӯъ нишон медиҳад, ки ҳангоми 1% зиёд шудани ҳаҷми пардохтҳо тавассути кортҳои пардохт, ҳаҷми амонатҳо 0,13% зиёд мегардад. Яъне, бо афзоиши амалиётҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ талабот ба маблағи нақд камтар гашта, ҳаҷми амонатҳо дар ташкилотҳои қарзӣ меафзояд. Камшавии талаботи субъектҳои гуногуни хоҷагидорӣ ба маблағҳои нақд боиси зиёд гардидани ҳаҷми амонатҳо дар ҳисоби ташкилотҳои молиявӣ шуда, дар навбати худ барои афзоиши пардохтпазирии низоми молиявӣ ва рушди минбаъдаи иқтисодиёт шароит фароҳам меорад. Дар ин замина, Ҳукумати ҶТ 31.12.2014, таҳти №815 қарор “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ”-ро қабул намуд.

Тибқи банди 1-и қарори мазкур, муассисаҳои савдою хизматрасонӣ аз ҷумла, нуқтаҳои фурӯши чиптаҳо, нуқтаҳои қабули маблағҳо аз аҳолӣ барои пардохти хизматрасонии манзилию коммуналӣ, қувваи барқ ва алоқаи телефонӣ, марказҳои хизматрасонии бонкии пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, терминалҳои гумрукӣ ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ барои қабули пардохтҳои гумрукӣ, марказҳои савдои чакана ва яклухт, ки масоҳати толори фурӯшашон зиёда аз 40 метри мураббаъ мебошанд, НФС-ҳо, тарабхонаҳо, беморхонаҳои хусусӣ, дорухонаҳо, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои хизматрасонии ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт, автодромҳо ва ташкилотҳои суғурта уҳдадор карда шудаанд, ки ба шаҳрвандон барои тариқи кортҳои бонкӣ пардохт намудани арзиши молу хизматрасониҳо шароит муҳайё намоянд. Ҷиҳати иҷрои қарори зикргардида, аз ҷониби Вазорати адлия ва Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ таҳия шуд, ки он дар Маҷлиси намояндагони МО ҶТ дастгирӣ ёфт.

Тибқи тағйиру иловаҳо ба моддаи 615 КҲМ ҶТ, барои саркашӣ намудан аз иҷрои уҳдадории дар боло зикргашта, нисбат ба муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ҷазо муқаррар шудааст. Аз ҷумла, «Барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохти бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо, ба шахсони мансабдор ба андозаи аз 100 то 160, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз 160 то 180 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 180 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад” (КҲМ ҶТ моддаи 615). Муқаррароти мазкур аз 1.01.2017 мавриди амал қарор дода мешавад. Шоистаи зикр аст, ки терминалҳои электронӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар асоси шартнома аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб шуда, барои насб кардани он шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бояд ба ташкилотҳои қарзие, ки барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохти бонкиро анҷом медиҳанд, муроҷиат намоянд.

Айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ташкилоти қарзӣ барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкиро ба роҳ монда, бо Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ”, низомҳои пардохтии байналмилалии VISA, MasterCard, UnionPay ва бо дигар низомҳо ҳамкорӣ намуда истодаанд. Ба санаи 1.07.2016 ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 1 миллиону 559 ҳазор корти пардохти бонкиро ба муомилот бароварданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,7% зиёд аст. Вале бо вуҷуди динамикаи мусбат доштани рушди бозори кортҳои пардохт, татбиқи низоми кортҳои пардохт ҳанӯз дар ҷумҳурӣ ба таври назаррас ба роҳ монда нашудааст. Феълан, дар ҷумҳурӣ барои 1000 нафар аҳолӣ тақрибан 180 адад корти пардохт рост меояд, ки ин нишондиҳанда дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба 210 адад, Ҷумҳурии Ӯзбекистон 540 адад, Ҷумҳурии Қазоқистон тақрибан ба 870 адад ва дар Федератсияи Русия ба 1660 адад расидааст. Дар давлатҳои тараққикардаи Ғарб ин нишондиҳанда барои 1000 нафар 2500-3000 ададро ташкил медиҳад.

Мутаассифона, айни ҳол бозори дохилии кортҳои пардохт на аз ҳисоби амонатгузории дорандагони кортҳои пардохт, балки аз ҳисоби лоиҳаҳои музди кор афзоиш ёфта истодааст ва ба ҷои ташкили низоми босамари ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, раванди автоматикунонии додани маош бо истифодаи кортҳои пардохт амалӣ шуда истодааст. Вале вазифаи асосии татбиқи низоми кортҳои пардохт гузаронидани муомилоти чакана ба таври ғайринақдӣ мебошад. Дар замони муосир татбиқи низоми кортҳои пардохт ба сифати яке аз воситаҳои асосии ҳисоббаробаркунӣ аз вазифаи муҳими фаъолияти бонкӣ ба ҳисоб меравад. Зеро корти пардохт ҳамчун василаи самараноки ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, дорои як қатор афзалияту бартариҳост. Аз ҷумла:

- барои муштарӣ: осон намудани ҳисоббарорбаркунӣ дар муомилот, хавфи ночизи аз даст додани маблағҳои пулӣ, мубодилаи автоматии маблағҳо, ҷозибии молиявӣ (масалан, ҳисоби фоиз) ва ғайра;

- барои марказҳои савдо ва хизматрасонӣ: рушди савдо ва ҷалби харидорони нав, камшавии хароҷот аз инкассатсияи маблағҳои савдо;

- барои бонкҳо: васеъ намудани маҷмӯи хизматрасониҳо, ҷалби муштариёни нав, афзоиши иқтидори рақобатпазирии бонк, ҷамъоварии хаққи хизмати иловагӣ ва ғайра.

Қобили қайд аст, ки ба санаи 1 июли соли ҷорӣ шумораи умумии терминалҳои электронии насбгардида дар кишвар ба 2 295 адад расида, аз ин миқдор 618 ададро терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва 1 677 ададро терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ташкил медиҳанд. Хуллас, татбиқу таҳкими низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва беҳдошти қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ равона гашта, дар ғанисозии буҷети кишвар тариқи воридоти андоз, шаффофияти амалиёти молиявӣ ва афзоиши ҳаҷми амонатҳо саҳми назаррас хоҳад дошт.

Шуъбаи матбуоти 

БМТ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter