Принт

Исфара: чаро роҳҳо азнавсозӣ намешаванд?

Баъди боришҳои паёпайи моҳи май дар минтақаҳои Чоркӯҳ ва Сури ш.Исфара селҳои зиёд омада, паёҳам 3 маротиба роҳи асосие, ки аз он ба ҷамоатҳои деҳоти Сур, Чоркӯҳ ва Ворухро пайваст мекард, пурра хароб сохт.

Ин минтақа аз якчанд деҳаҳо иборат буда, айни ҳол зиëда аз 120 - ҳазор аҳолиро дарбар мегирад. Ногуфта намонад, ки сари ҳар 3 нафар аҳолӣ ба ҳисоби оморӣ 1 мошин рост меояд, ки бечунучаро андози роҳро месупоранд.

Роҳро баъди шустани сел ва бекора шуданаш, мардуми деҳаи Сур 2 маротиба аз ғаждиҳои табиӣ тоза карданд. Баъди боз боридани борони дурудароз ва омадани сели калон, мардуми Сур бо маслиҳати якҷоя маҷбур шуданд, ки пули гузаргоҳи селро азнавсозӣ кунанд. Дар натиҷаи маслиҳати пирон ва руҳониëни деҳа ба хулоса омаданд, ки ин пул бояд ҳарчӣ зудтар азнавсозӣ шавад, зеро ягона роҳест, ки маркази шаҳру вилоятро бо ин деҳаҳо мепайвандад. Бинобар ин, ба вақти бисëр тӯл кашидани таъмиру тармим ва азнавбарқароркунии ин роҳ ба норозигии мардуми ин 3 ҷамоати деҳот оварда расониданаш аз эҳтимол дур нест. Бо маслиҳати пешакӣ ва омодагии пурра мардуми деҳоти Сур ба якборагӣ корро оғоз карданд ва дар зарфи 3 рӯз пулро пурра канда, аз сари нав, ба андозаи 2 метр баланд бардоштанду бо ҳамин тамоми корҳои таъмиру сохтмониро ба фарҷом расониданд. Акнун навбати қаҳрамониҳои кормандони роҳсозии ДЭУ - 50 монда аст.

Мутобиқи ваъда бояд кормандон ва масъулини ДЭУ 100 метр (то баромадан ба болои кӯпрук - 40 метр, ҳамворӣ - 20 метр ва пастхамии он - 40 метр)-ро асфалтпӯш мекарданд, аммо аз сабаби норасоии маблағ ин кор ба дарозо кашида истодааст. Чаро роҳҳои ин минтақа азнавсозӣ намешаванд? Чаро ДЭУ - 50 барои асфалтпӯш кардани 100- метр роҳе, ки мардум таъмиру тармим кардаанд, маблағ дарëб карда наметавонад?

Ҳакимбой Исмоилзода,

ш.Исфара

Матлабҳои дигар