Принт

НИГОҲБОНИИ РОҲИ ДУШАНБЕ - ЧАНОҚ, ПЕШ АЗ ҲАМА, МАСЪУЛИЯТ АСТ!

 

 13 сол қабл, бо назардошти нақши боризи ин роҳ ва бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он механизми инноватсионӣ аз рӯи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе - Чаноқ мавриди амал қарор гирифта, тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки интихоби ин ширкат тибқи муқаррароти қонунгузории мамлакат ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, шартномаи зикршударо мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонд.

Тавре директори филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирҷон Сафаров дар суҳбат ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» баён дошт, филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати байналмилалие мебошад, ки дар Осиёи Марказӣ аз аввалинҳо шуда, бо истифода аз усулҳои инноватсионӣ, бо мақсади рушди устувор ва такмили инфрасохтори роҳ ва бо такя ба ҳайати кормандони соҳибтахассусу пуртаҷрибаи худ механизми толлингӣ (истифодаи пулакии роҳ) - ро ҷорӣ намуд. Бо таваҷҷуҳ ба ҳолати ҷуғрофии мавҷуда ва вижагиҳои робитаҳои байнидавлатӣ дар кишваре, ки қисми асосии онро кӯҳҳои баланд иҳота кардаанд ва дорои хатти ҳаракати мушкилгузару дастрасии маҳдуд ба воситаҳои дигари интиқол, механизми мазкур саривақтӣ ва ниҳоят муҳим мебошад. Механизми ҷорикардаи ширкат, барои беҳтар шудани инфрасохтори роҳи автомобилгарди кишвар ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

 

   ТАЪМИРИ ЗИЁДА АЗ 2 МИЛЛИОН МЕТРИ МУРАББАЪ РОҲ ДАР 13 СОЛ

Аз аввали фаъолият «IRS» таъмири куллӣ ва ҷории роҳро шуруъ карда, дар муддати 13 сол зиёда аз 2 миллион метри мураббаъ роҳи Душанбе – Чаноқро таъмиру азнавсозӣ намуда, бо ин мақсад, зиёда 230595 тонна асфалт сарф кард. Соли ҷорӣ низ қарибаз 40 ҳазор тонна асфалтхарҷ шуд.

- Аз маълумоти воситаҳои ахбори омма, сомонаи филиали ширкат ва саҳифаи он дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавон хулоса кард, ки ҳолати он хеле беҳтар аст. Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе — Чаноқ нигоҳубини 24 - соатаро талаб менамояд. Табиист, ки дар сурати каме бетафовутӣ ба нигоҳдории он мушкилии зиёд рӯи кор меояд. Агар дар фасли тирамоҳу зимистон кормандони «IRS» ба бартараф намудани тармаҳо, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш машғул шаванд, дар мавсими гармо таъмиру таҷдиди роҳ, рафъи пайомади бориши борон, омадани сел, лағжиши кӯҳпора, соҳилбандӣ самти асосии фаъолият аст, - гуфт директори ширкат.

 

БАРТАРАФСОЗИИ 2816546 МЕТРИ МУРАББАЪ ТАРМА

 

Тули 13 сол нигоҳдорӣ ва азнавсозии 36 кӯпруки ин масир бо хароҷоти ниҳоят зиёд амалӣ шуд. Масалан, 3 пули калон, ки дарозии ҳар кадомаш аз 42 то 73 метр аст, пурра навсозӣ шуд.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки ҳангоми таҷдиди роҳи Душанбе - Чаноқ аз рӯи лоиҳа деворҳои ҳимоявӣ (парпетҳо) вуҷуд надоштанд ва аз ин лиҳоз, сохта нашуд. «IRS» бо ташаббуси худ, баҳри таъмини бехатарии шаҳрвандон дар масофаи 15000 метри тулонӣ чунин деворҳоро бунёд кард, ки то ин вақт чандин ҳамватанонамонро аз марг наҷот додааст.

Афзудани офатҳои табиат хароҷотро низ зиёд намуд. Соли 2012 - ум 551128 метри мураббаъ тарма бартараф шуда, ин нишондиҳанда соли 2013 - ум 216444, 2015 - 190564, 2016 - 126204, 2017 - 779730, 2018 - 103606, 2019 - 274030, 2020 - 241374 ва соли гузашта 85042 метри мураббаъ мебошад. Бартарафсозии тармаҳо, дар маҷмӯъ, ба 2816546 метри мураббаъ баробар аст.

Бо назардошти дар минтақаи аз лиҳози ҷуғрофӣ душвори кӯҳистон ҷойгир будани роҳи Душанбе — Чаноқ, коркарди он бо маводи зиддилағжиш мунтазам, аксар маврид шабона низ бояд амалӣ шавад. Бинобар ин, хароҷоти ин мавод низ сол ба сол афзуда, дар ин муддат маводи зиддилағжиши харҷшуда 96466 метри мукаабро ташкил медиҳад.

 

ЗИЁДА АЗ 50000 НАФАР МАНБАИ ДАРОМАД ДОРАД

Ҳоло «IRS» соҳиби пойгоҳи пурқуввати техникӣ буда, шумораи техникаву механизмҳо ба 218 адад расидааст. Дар оянда зиёд намудани он дар назар аст, зеро бе техникаву механизмҳои муосир, тибқи талабот, роҳандозӣ намудани фаъолият ғайриимкон аст.

Соли 2009 кормандони филиали ширкат ҳамагӣ 24 нафар буданд. Ҳоло бошад, 872 нафар фаъолият дорад. Дар маҷмуъ, зиёда аз 50000 нафар ба шарофати мавҷудияти филиали ширкат манбаи даромад дорад. Мутаассифона, дар 13 соли фаъолият 11корманди «IRS» ҳангоми иҷрои вазифа, яъне таъмини ҳаракати бехатари истифодабарандагони роҳ ҳалок шуд.

- Нуктаи дигаре, ки зикр намуданашро ҷоиз медонам он аст, ки дар муддати 13 сол «IRS» ҳамчун сармоягузор тамоми кӯшишро ба харҷ дод, то ҳолати роҳи Душанбе – Чаноқ ҷавобгӯи талабот бошад. Мо бояд сармоягузоронро ҳамчун сафирон барои ҷалби сармояи бештар ба мамлакат ва дар ин замина, таъмини рушди соҳаҳо ҷалб ва арҷгузорӣ намоем, - гуфт Нодирҷон Сафаров.

 

Лашкар Шарифзода,  

журналист

 

Матлабҳои дигар