Принт

Тселл: баҳои хизматрасонӣ 0

 

Салом СССР! Хизматрасонии ширкати мобилии Тселл вақтҳои ахир тамоман бесифат шудааст. Масалан дар Раҳмонободи Мастчоҳи мо интернет тамоман нест, мавҷи алоқа бо суръати хеле паст дастрас шуда, аз соати 8-и саҳар то соати 18-и бегоҳ дар вақти набудани қувваи барқ алоқа тамоман қатъ егардад. Агар Худо нахоста ягон фоҷиа пеш ояд, сухтор ё заминларзаву офати табиӣ, алоқа нест! Ширкати Тселл бар замми чунин хизматрасонии бесифат боз ҳар моҳ аз ҳар 1 муштарӣ 3 сомонӣ меситонад. Ширкати Тселл: баҳои хизматрасониатон 0 аст!!!

Ҳомид Расулов,

н.Мастчоҳ, Тел: 927293290

Матлабҳои дигар