Принт

Лимит кай ба охир мерасад?

 

 Хосият Ҳомидова, хонандаи доимии мо аз ҷамоати деҳоти «Гулсара Юсупова»-и деҳаи Навкораи н.Ёвон ба идораи СССР занг зада (тел: 931252211) гуфт, ки чаро ширкати «Барқи тоҷӣк» дар бораи ба охир расидани лимити барқ дар деҳот чизе намегӯяд.  

   - Чанд рӯз пеш ба мо сокинони деҳот барқро пурра шабонарӯзӣ доданд, вале ин хурсандии мо дер давом накард. Инак аз дирӯз боз барқро аз соати 8-субҳ то соати 17 ва шабона аз соати 22 то соати 6 субҳ хомӯш мекунанд. Ҳангоми пурсиш масъулини шабакаҳои барқи ноҳия мегӯянд, ки лимити барқ бекор карда нашудааст. Чаро ширкати «Барқи тоҷик» ба мо муштариёнаш намегӯяд, ки ин лимит кай ба охир мерасад?

Матлабҳои дигар